Arzon march 2024
Маскав: Ҷанг дар консерти Мадина Ақназарова
16991

Овозхони ҷавони тоҷик Мадина Ақназарова шоми 15-уми феврали соли равон дар тарабхонаи «Асаки»-и шаҳри Маскав дуюмин барномаи консертии худро баргузор намуда, хотири мухлисону ҳамватанони ташнаи суруду мусиқиро шод намуд.


Ҳамчунин, ӯ дар ҳалқаи ҳаводорону наздиконаш 22-солагии худро ҷашн гирифт, ки наздики 500 нафар бо гулу гулдаста ва ширинию тӯҳфаҳо ба табрикаш омада буданд. Мадина дар саҳна таронаҳои рақсии худро сароида, барномаи консертиашро ба як базми оилавӣ табдил дод, зеро ҳама аз ҷой бархоста, дар ҳавои сурудҳои ӯ мерақсиданд. Кулли ҷамъомадагон ба соҳибҷашн саломатӣ, дарозумрӣ ва дар кору пайкораш муваффақият орзу намуда, бо нияти рӯзгори ширину осуда аз Мадина хоҳиш намуданд, ки торти идонаро бибурад. Ровии барнома музояда ташкил карда, як бурида тортро ба мухлиси ашаддии Мадина бо маблағи 7500 рубли русӣ баробар ба 1100 сомонӣ (110 доллари амрикоӣ) фурӯхтааст. Рӯзи дувуми консерт, шоми 16-уми феврал дар тарабхонаи «Гимназия»-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, ки Мадина аз соати 20:00 то як поси шаб дар хизмати мухлисонаш буд. Пас аз се рӯзи баргузории консерташ овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ матлаберо нашр карда, аз мардуми Бадахшон хоҳиш кардааст, ки нисбати ин масъала бепарво набошанд.


БОБУР БА СИТОРАИ МАШҲУРИ ӮЗБЕК ХОСТГОР МЕФИРИСТАД?


Ӯ менависад, ки як гурӯҳ ҷавонони бадахшонӣ бо роҳбарии Рамзес бо мақсади вайрон кардани шабнишинӣ ба консерти ӯ омада, меҳмононро нороҳат кардаанд. Ҳатто ба сари духтараке, ки дар тан шими ҷинс ва курати сафеди остиндароз доштааст, барои ба талабот ҷавобгӯ набуди сару либосаш даст бардоштаанд. Овозхон аз афзоиши сафи чунин ҷавонҳои бадахлоқ нигарон аст ва аз шахсони калонсол хоҳиш кардааст, ки насли наврасро дуруст тарбия кунанд ва нисбати амалҳои онҳо бетараф набошанд.

PS: Ҳангоми ҳаматарафа таҳқиқ намудани ин масъала хостем назари онҳое, ки дар консерт иштирок дошатанд ва ба қавли Мадина гӯё онҳо барқасд ҷанг бардоштанд, фаҳмем. Як нафар бидуни зикри ному насаб аз гурӯҳи он ҷавонписарон ба хабарнигори Oila.tj вазъиятро чунин шарҳ дод: "Мо на фақат ба консерти Мадина, балки ба тамоми тӯю маъракаҳое, ки аз ҷониби мардуми Бадахшонзамин ташкил мешавад, меравем. Мақсади мо аз иштирок дар чунин базмҳо ба хотири обрӯи хоҳарон ва модарони мо мебошад. Мо намегузорем, ки онҳо бо либосҳои нимбараҳна ба чунин консертҳо қадам гузошта, шарафи миллати тоҷикро назди дигарон паст гардонанд".
Бояд тазаккур дод, ки ҳар ҷо тоҷик аст, барои ҳифзу ҳимояи эшон мардон бояд бетараф набошанд ва нагузоранд, ки бегонагон ба нангу номуси зан-модари тоҷик чашми тамъа андӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД