Иди модаронро дар тамоми минтақаҳои кишварамон бо шукуҳу шаҳомати беандоза таҷлил менамоянд.
Дар ин рӯз писарон ба хотири арҷгузорӣ ба модарон, хоҳарон ва дӯстдоштаашон гулу гулдаста ва шириниву хирсакҳо тӯҳфа мекунанд. Акои Маҳмадзариф, сокини ноҳияи Ёвон он рӯз бо гулдастаи садбарги сурх ва хирсаки баробар ба қади духтарчаи дӯсрӯяку ширинсуханаш Фарида вориди ҳавлӣ шуд, аммо...
Мардони тоқидор ва занҳои рӯймолсафедро дида, ҳуш аз сари ин мард парид ва хирсак аз дасташ афтиду гулҳои садбарг дар рӯйи замин парешон гаштанд. Ӯ бо чашмони ҳаяҷонзадаю рангу рӯйи парида тозон вориди хонае, ки аз он ҷо садои гиряи ҷонсӯзи ҳамсараш меомад, ворид шуд. Бо дидани манаҳи бастаю ҷисми беҷон ва оғуштаи хун дар замин хобидаи духтарчаи 12 - солааш дунё дар назараш тираву тор гашт. Барояш гуфтанд, ки Фарида дар рӯ ба рӯйи беморхонаи марказии н. Ёвон дар зери чархи мошини тамғаи “Мерседес- Бенз” монд. Ронанда-Назаров Тоҳирҷони 23 –сола, сокини деҳаи Сарқамиш ҳангоми ҳаракати мошин аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, Фаридаро пахш кардааст. Ҳарчанд садама дар наздикии беморхона рух дода бошад, ҷароҳати вазнини Фарида имкон надод, ки ҷони ӯро наҷот диҳанд. Духтарчаи хурдсол дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурд. Соате пас акои Маҳмадзариф ҷасади беҷони духтарашро рӯйи даст бардошта, сӯйи манзили хомӯшон равон шуд.
Айни ҳол, кормандони мақомоти дохилӣ дар ин бора тафтишот бурда истодаанд.