Ин ҳодиса дар назари аввал тасодуфӣ менамояд.Аммо дар табиат мафҳуми тасодуф вуҷуд надорад.Ҳар он чи ки сурат мегирад амри воқеист,ҳатто тавасути мошини Опел–Астра пахш шудан ва ба ҳалокат расидани Ҷамолиддини 22 сола .
Ҷамолиддин он рӯз савори велосипед шояд мехост замини президентие, ки барои хонадони онҳо ҷудо шуда буд, хабар гирад.Шояд мехост дӯсташро ки бемор буд аёдат кунад.Аммо риоя накардани қоидаи роҳ бо суръати аз меъёр бештар рондани мошин, аз тарафи нохалафе боиси марги ин ҷавони 22 сола гашт.Як хонадон пур аз ғаму андӯҳ гашт.Як ҷавони нав ба арсаи ҳаёт пой гузошта бо зиндагӣ падруд гуфт.Чиқадар ғаму андӯҳ ин хонадонро фаро гирифт.Метавонист ин ҳодиса рӯх надиҳад, агар Рамазон Табарови 37 сола қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя мекард,мошинро бо суръати муқарар шуда меронд.
Шояд ӯ имрӯз афсус мехурад,мушт ба сар мекӯбад ки боиси марги як ҷавоне гашт.Вале дер шуд.Шояд ӯро панҷараи махкама интизор аст.Ва бояд ҳақ ба ҳақдор расад зеро ҳаркасе гуноҳ карду бе ҷазо монд аз эҳтимол дур нест ки ӯ ин амали худро дубора такрор кунад.
Роҳ ин майдони мусобиқаи мошинронӣ нест.Роҳ воситае муҳиме аст ки инсон ба манзил бирасад.Рӯзгори худро осуда гардонад.Барои ҳамин аз ронандагон,билхоса аз ронандагони Душанбе-Кулоб,ки бо суръати баланд мошин меронанд,тақозо меравад,ки қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя кунанд.Барои ҳамин ронандагони Душанбе –Кӯлоб,Душанбе –Рашт ва Душанбе –Хуҷанд эҳтиёт,эҳтиёт,эҳтиёт.