Тарки гуноҳ ва бозгашт ба сӯи Парвардигори оламиёнро тавба мегӯянд.
Тавбакунанда ба даргоҳи Худованд шахсест, ки аз гуноҳ пушаймон, аз азоби илоҳӣ тарснок ва муроҷиаткунанда аст. Тамоми гуноҳу маъсиятҳоро раҳо карда ба тамоми вуҷуд ба сӯи Парвардигор бозмегардад.
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки гӯё фақат шахси гуноҳи кабираро содирнамуда тавба намояд. Аз ин рӯ ҷоҳилона мегӯянд: «Мо гуноҳи кабира накарда бошем, чаро тавба намоем?»
Ҳол он ки касе чӣ гуноҳи кабира ва чӣ сағира (хурд) карда бошад, муҳтоҷи тавба аст. Аз ин рӯ ҳамаи мо ҳамарӯза муҳтоҷи тавба кардан ҳастем. Масалан, баъзан ду вақт намозро паиҳам адо мекунем. Магар ин гуноҳи кабира нест? Касе ки намози пешинро вақти даромадани аср ва асрро вақти даромадани шом бихонад, намози бомдодро баъди баромадани офтоб бихонад, гунаҳкор мешавад. Зеро Расули Акрам (с) фармудаанд: «Касе бе ягон узре ду вақт намозро бо ҳам ҷамъ кунад (якҷоя хонад) ба яке аз дарвозаҳои гуноҳони кабира расидааст.
Худованди Таборак ва Таъоло дар оятҳои 4-5 сураи «Маъун» мефармояд: «Вой бар ҳоли намозгузороне, ки намозашонро фаромӯш (саҳлангароӣ) мекунанд».
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) дар тафсири ояти мазкур чунин гуфтааст: «Касоне ки нисбат ба намозашон кӯтоҳию саҳлангарӣ мекунанд, ашхосе ҳастанд, ки намозро ба таъхир меандозанд (қазо мекунанд)». Саҳлангор касест, ки намози пешинро ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз аср мехонад ва асрро чанд дақиқа пеш аз шом мехонад. Касе ки чунин намоз хонданро одат намояд, Худованд ба ӯ чӣ ваъда кардааст? «Вайл»-ро ваъда намудааст. Расули Худо (с) мефармоянд: «Вайл водиест дар дӯзах, ки чун кофир дар он афканда шавад, чиҳил сол лозим аст, то ба қаъраш бирасад».
Молик ибни Дирор (р) гуфтааст, ки «Вайл дараест дар дӯзах, ки навъу қисмҳои гуногуни азоб дар он мавҷуд аст».
Касе ки падару модарашро фаҳшу носазо мегӯяд, гуноҳи кабира содир мекунад. Дар ин бобат Расули Худо (с) фармудаанд: «Аз бузургтарин гуноҳони кабира ин аст, ки шахс падару модарашро лаънат кунад». Саҳобагон пурсиданд, ки «Эй Расули Худо (с), чӣ гуна як шахс падару модарашро лаънат мекунад?» Он ҳазрат (с) дар ҷавоб чунин гуфтанд: «Шахсе падару модари касеро дашном медиҳаду ӯ низ падару модари гӯяндаро дашном медиҳад». Пас, шахси нахуст дашномдиҳанда гунаҳкор мешавад. Пас, касе ки падару модари касеро дашном диҳад, гирифтори ғазаби илоҳӣ мегардад. Ҳамчунин ба сари падару модар дод задан, бо иллат дарро сахт пӯшидан, ба онҳо гапгардонӣ кардан гуноҳи кабира аст.
Касе ки бародари мусулмонашро ғайбат менамояд, гӯё гушти бадани ӯро дар ҳоли мурданаш хӯрдааст. Магар ин гуноҳ аз шумо сар назадааст? Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо собуни тавба чирки гуноҳро пок намоем. Зеро бо ин чирк ба қабр рафтан боиси сӯхтан дар оташ мешавад.
Ба оби тавба кун ҷурму гунаҳ пок,
Ки заҳр омад гуноҳу тавба тарёк.