Зан либосашро иваз намуда, аз паси шавҳараш ба хонаи хоб даромад. Сайфуллои аз гирумони ошиқона бо ҳамсоязан хасташуда аллакай либосҳояшро кашида, худро болои рахти хоб афканда буд ва куртааш дар рӯйи фарш мехобид.
Занак хам шуда, либоси шавҳарашро аз замин бардошт. Аз курта бӯйи хушу гуворои атри занона меомад. Вай куртаро ба шаст сӯйи шавҳараш ҳаво дода дод зад:
-Бӯйи қанчиқҳоятро набиёрӣ, мемурӣ!
-Нохуни пойи ҳамон қанчиқ аз ту болотар аст,-Сайфулло худаш бехабар монд, ки чӣ тавр ин гап аз даҳонаш баромада монд.
Сухани шавҳараш ба болои оташи ғазаби зани раис равған рехт...
-Ту чӣ гуфтӣ? Нохуни пойи як қанчиқ аз ман боло аст?! Подоши ин қадар сол хизмат карданам ҳамин шуд-а?! Ҳоло ист, пирхари худозада, агар худи пагоҳ аз болоят аризаи шикоятӣ навишта, дабдалаатро набарорам, аз пушти падарам набошам! Чунон мекунам, ки аз мансаб шармандавор ронда шуда, ба як тини пучак зор мешавию пеши поям афтида бахшиш мепурсӣ,-таҳдид намуд зани раис.
-Сайфулло медонист, ки занаш зани аноӣ нест, пӯстинашро чаппа пӯшад, оламро дар як дам оташ мезанад, аз тарси шармандагӣ ба хушомадгӯӣ сар кард:
-Занакҷон, мани ахмақро бубахш! Дар сари қаҳру ғазаб ногоҳ ин гапи хунук аз даҳонам баромада монд. Ба худо қасам, ки ягон бева надорам. Ту худат ба баҳои ду олам меарзӣ, ба ман зани дигар чӣ лозим?! Дар ду дунё ман ту барин занро дигар намеёбам...
-Бас-бас, гапи мегуфтагиатро аллакай гуфтӣ, дигар шайтонӣ карда хушомад назан,-занаш бо ғазаб ӯро аз худ дур кард.
Макри марди занбоз
Раис дид, ки бо зориву илтиҷо дили занаки ба ғазаб омадаро ба даст овардан душвор аст, ҳиллаи дигар ба ёдаш зада, дилашро дошту ба оҳу нола даромад. Занак аввал ба оҳу воҳи шавҳараш аҳамият надода ба ҳафт пушти мардҳои бевабоз лаънат хонд, вале чун дид, ки ҳолаш торафт бад шуда, ранги рӯйи Сайфулло кандааст, ба ташвиш афтода пурсид:
-Боз чӣ бало шуд?
-Занакҷон, дилам сахт дард карда истодааст. Инфаркт шудам чӣ бало! Зудтар духтур ҷеғ зан, ки мемурам,-нолишкунон базӯр овоз баровард Сайфулло ва дилашро дошта дар рӯйи бистар мисли моргазида ба печутоб хӯрдан даромад.
-Дар ин нимаи шаб ман духтурро аз куҷо меёбам?-даст афшонд зан.
-Ҳой беинсоф, ақаллан ҳамин ҳамсояамон Аминахонро ҷеғ зан, о вай духтур аст, ягон илоҷ меёфтагист,-баландтар нола кард раис.
-Хайрият, ки ба ёдам расондед, андак сабр кунед, ҳозир ман ба сари Аминахон меравам,-зани раис инро гуфта хилъати дарозеро аз болои либосҳои шабпӯшакаш ба тан карду аз дар баромад.
Сайфулло аз он, ки зани содааш ба бемории вай бовар карда, бо пойи худаш ба хонаи Аминахон рафта, маъшуқаи шавҳарашро бо зориву тавалло ба хонааш оварданист, завқ бурда, пас аз рафтани ҳамсараш шикамсерӣ хандиду зери лаб пичирос зад: “Беҳуда занро мӯйдарози ақлкӯтоҳ намегуфтаанд!” Ин дам аз долон овози шарфаи пой ба гӯш расид ва баргаштани ҳамсарашро эҳсос намуда, раис маккорона боз ба оҳу нола даромад. Лаҳзае пас ҳамсараш, аз паси вай ҳамсоязан ба хонаи хоб даромаданд. Ороми ҷонашро дида лабони Сайфулло ба табассум моил гашта бошанд ҳам, худро бо азобе ба даст гирифт, то занаш муносибати гарми онҳоро пайхас накунад. Аминахон танометр дар даст ба гӯшаи рахти хоби Сайфулло нишаста пурсид:
-Ба шумо чӣ шуд, раисбобо?
-Дилам сахт дард мекунад, ҳамсояҷон,-нолишомез ҷавоб дод раис.
Аминахон фишори хуни “бемор”-ро санҷида истода пурсид:
-Янга шуморо хафа карданд ё дар корхона гапатон бо ягон кас гурехт?
-Зиндагӣ-дия, дар ҳаёт ҳар гапу кор мешавад. Имшаб маҷлис доштем, дертар омадам, янгаатон рашк карда, камтар асабамро хароб карданд,-нимғурма ҷавоб дод Сайфулло.
-Янгаҷон, шавҳари шумо одами оддӣ не, ин марди бообрӯй гапашон дар ҳама ҷо мегузаштагӣ. Кори ҳазорон одамон ба ин кас меафтад, ғайр аз ин садҳо ёру ҷӯраи қадрдон доранд ва гоҳ-гоҳ маҷбур мешаванд, ки барои онҳо ҳам вақт ёбанд. Шумо беҳуда рашку ҷангу ҷанҷол карда ин касро асабонӣ накунед. Бинед, барои дупула гап фишори хунашон чӣ қадар баланд шудааст. Хайрият, ки маро хабар кардед, вагарна худо медонад, ки то саҳар аҳволашон чӣ мешуд,-Амина инро гуфта аз киссаи хилъаташ чанд дона ҳаб бароварда ба раис хӯронд.
-Шояд ягон укол мекунед ё мошини “Ёрии таъҷилӣ”ғро ҷеғ занем?-Пурсид зани раис, ки аз суханони духтур ба ташвиш афтида буд.
-Ҳозир “Ёрии таъҷилӣ”-ро ҷеғ задан шарт нест, лекин шумо бояд то саҳар дар болои сарашон бедор бишинед. Одамӣ-дия, кӣ медонад, ки чӣ ҳодиса мешавад,-ноаён ба сӯйи раис чашмак зада, гуфт Аминахон.
Зани раис бештар ба даҳшат афтида, зорӣ намуд:
-Ҳамсояҷон, ман метарсам, илтимос, имшаб дар хонаи мо хобед. Шуморо розӣ мекунам.
-Ман ба пул муҳтоҷ нестам, вале ба хотири шумою раис не гуфта наметавонам. Фақат иҷозат диҳед, ки ба хона рафта дару дарвозаамро маҳкам карда биёям. Духтарам Дилбарҷон имшаб дар хонаи холааш мехобад. Дар хона касе нест.
-Майлаш-майлаш ҳамсояҷон,-бо ҷону дил розӣ шуд зани раис.
Гули хушбӯй
Амина дар дил ба ҳоли зани нодони раис хандида ба хонааш омад ва ба ванна даромада аз таҳи дил оббозӣ кард. Пас аз шустани сару рӯяш малҳами шабонаро молиду ба танаш атру гулоби қиматбаҳо пошида, мисли арӯсаки шабеҳи гули хушбӯй дар тарадуди ба назди домод рафтан шуд. Вай ба зани раис дурӯғ гуфта буд, ки духтараш имшаб дар хонаи холааш меҳмон шудааст, Дилбар бегоҳ занг зада, хабар дода буд, ки ҳамроҳи писари раис ба истироҳатгоҳ дамгирӣ мераванд. Амина дилпур буд, ки духтараш бо шавҳари ояндааш аст, бинобар ин, аз қуттии доруҳо барои зани раис чанд ҳаб доруи пуртаъсири хоб гирифт ва дарашро бо калид маҳкам карда, ба хонаи ҳамсоя шитофт.
Ҳамсояҳо
Амина ба хонаи раис даромада дид, ки “бемор” бетоқатӣ дораду занаш дар сари болинаш нишаста чӣ кор карданашро намедонад. Баробари дидани ҳамсоязан ба тани зани раис гӯё ҷони тоза дамид. Амина боз сари болини “бемор” нишаста фишори хун ва набзашро санҷиду “сӯзандорӯ гузаронидан лозим” гӯён, чанд шишачаи дорувориро шикаста ба шпритс дору гирифт ва бо баҳонаи овардани лӯлаболишт зани раисро ба хонаи дигар фиристод. Ошиқу маъшуқаи маккора то баргаштани зани дунёбехабар маслиҳатро пазонданд ва Амина доруро ноаён ба як кунҷаки девор рехта дасти раисро қад карда монд, гӯё аллакай ба шоҳрагаш сӯзандорӯ гузаронида бошад.
-Суст меҷумбед-дия янга, то шумо омадед, ки ман аллакай ин касро укол кардам. Акнун раисбобо чанд соат ором мехобанд, шумо ҳам метавонед рафта дам гиред,-табассумкунон хабар дод ҳамсоязани чаққонак ба соҳибхона, ки чашмони хастааш аз сахт монда шуданаш дарак медоданд.
-Ҳеч гап не, ман дар сари болинашон мешинам,-оҳи сард кашид занак.
-Якравӣ накунед, янга, мо духтурҳо аз ними нигоҳ ҳолати инсонро мефаҳмем, ман ҳис карда истодаам, ки ҳоли шумо чандон хуб нест,-инро гуфта Амина дар паҳлӯи зани раис нишаст ва фишори хунашро санҷид. Дар ҳақиқат бар асари рашк ё бемории ногаҳонии шавҳараш фишори хуни занаки бечора сахт баланд шуда буд.
-Давленитон баланд шудааст, янгаҷон, якравӣ накарда, дам гиред,-Амина ба дасти зан доруи пасткунандаи фишорро дода фармуд, ки онро фавран нӯшад. Занҳо аз ину он чақчақкунон хеле нишастанду сипас Амина дубора фишори хуни зани раисро санҷид. Дору аллакай таъсир расонда, фишори хуни зан мӯътадил гашта буд.
-Акнун рафта як-ду соат хоб кунед янга, то бедор шуданатон ман беморбонӣ мекунам, баъд навбати шумо,-пешниҳод намуд Амина.
Зани раис ин дафъа якравӣ накарда ду ҳаб доруи додаи ҳамсоязанро хӯрду ба хонаи шафат гузашт. Амина ин навбат ба вай доруи пасткунандаи фишор не, доруи хоб дода буд ва аз байн даҳ дақиқа нагузашта зани раисро чунон сахт хоб бурд, ки агар шавҳарашро ҳамроҳи хонаю дараш бардошта мебурданд ҳам бедор намешуд.
Хиёнат дар бистари никоҳӣ
Амина боварии комил дошт, ки зани соддаи раис масти хоб аст, аз ин рӯ бебокона ба ҷогаҳи соҳибхона даромада, лабони нафисашро ба лабони ташнаи Сайфулло ниҳод. Бӯйи атри тани ҳамсоязан раисро чунон масту махмур кард, ки оламу одамро аз ёд бурда дар рӯйи бистари никоҳиаш ин зани номаҳрамро ба оғӯш кашида гургона дар барфзори синааш барфбозиро оғоз намуд. Дар хонаи шафат зани мағрури раис бехабар аз макри шавҳару ҳиллаи ҳамсоязан масти хоб буду дар ҳуҷраи хоб ду пайкар дар рӯйи кати гаронбаҳои хориҷӣ ошиқона бо ҳамдигар мепечиданд...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)