arzon replenishment
Макри зани ҳамсоя (қисми 4)
2713

 (Давомаш)

Сайфулло хоҳари занаш-Хосиятро шинохта дар ҷояш шах шуда монд. Язнаашро дидан баробар Хосият писхандомез садо баланд кард:

-Дар ин ҷойҳо чӣ гум кардед, поччо?!

-Дар ҳамин бино як ҷӯраам зиндагӣ мекунад. Бечора чанд вақт боз бемор аст, ҳамон дӯстамро хабаргирӣ омадам,-аввалин дурӯғи ба сараш задаро гуфт раис ва барои он, ки Хосиятхони зирак дигаргун шудани авзоашро пай набарад, дарҳол капоти мошинашро кушода, чунон вонамуд, ки андармони саманди оҳанинаш аст.

Ин дам чашми Хосиятхон ба Амина афтид ва тухми шубҳа дар дилаш ҷо шуд, синчакорона аз нӯги пой то фарқи сари шавҳари апаашро аз назар гузаронида, неш зад:

-Ҳамсояатон Аминахон ҳам дар ҳамин ҷо, мабодо «ҷӯраатон» ҳамин кас набошанд?!

-Эй монед-е, наход одам дар ҳаққи язнааш ва як занаки бегуноҳ чунин туҳмат кунад! Шумо ҳозир ба ҳамсоязани мо ишорат намекардед, ман аслан вайро намедидам. Бечора занак аз паси кори худаш омадагист. Духтур аст охир, дар як рӯз чандин беморро хабар гирифтанаш лозим мешавад,-маъшуқаашро тарафгирӣ намуд раис ва афзуд:

-Ин гапатонро дигар такрор накунед, ки мабодо ҳамсоя фаҳмад, сахт хафа мешавад! Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар гуфтаанд!

Хосият ваҷоҳати ҷидии язнаашро дида, бовар кард, ки байни онҳо ягон гапу кор нест ва аз Сайфулло узр пурсида гуфт:

-Мебахшед язна, занак-дия, дарҳол диламон дур меравад.

-Ман фелу хӯйи шумо, занҳоро хуб медонам,-даст афшонд Сайфулло, -апаатон ҳам ҳар рӯз аз пашша фил сохта, ҳам худашро ҷигархун мекунаду ҳам асабҳои маро вайрон. Худо накарда ягон ҳамкорам занг зада, чизеро пурсад, қиёатро қоим мекунад!

-Бечора апаам метарсанд, ки ягон хонуми танноз шавҳарашро медуздад,-табассум намуд қайсингилаш.

-Эй монед, мо акнун пир шудем! Марди пир ба кӣ даркор,-даст афшонд Сайфулло.

-Ҳозир аксари занону духтарҳои танноз ба синну сол не, ба пулу моли мардҳо нигоҳ мекунанд. Матали “Такка бошаду шир диҳад”-ро шиор намудаанд ва тайёранд, ки барои чор танга пули ҳаром шуда ба оғӯши мӯйсафедон дароянд!

Сайфулло, ки чандин маъшуқаҳои ҷавон дошт, маънидорона табассум намуд, вале ҷавобе нагуфта, дари мошинро кушод ва ишорат намуд, ки бишинад.

-Ҳамсояатонро ҳам даъват кунед, хуб намешавад, ки мо бо мошин равему вай бечора пойи пиёда,-нармдилона пешниҳод кард Хосият.

Сайфулло сӯйи Амина нигариста садо кард:

-Ҳамсоя, куҷо меравед? Шинед, то хона мебарам!

-Раҳмат! Ман ба хона не, ба ҷойи корам меравам,-рад намуд Амина.

 Пайғоми мурод

Амина сурудхонон вориди хонааш гашт. Духтараш, ки аз дер кардани модар ба ташвиш афтида буд, табъи болидаашро дида сабаб пурсид. Амина духтарашро ба оғӯш гирифта бӯсиду шодиёна гирифт:

-Соҳиби хона шуданат муборак бошад, Дилбарҷон!

Дилбар ба манънии гапи модараш сарфаҳм нарафта, хоҳиш кард, ки ошкортар гап занад.

-Пагоҳ раис хонаи сеҳуҷрагиро ба номи ту мегузаронанд. Бигзор зани раис ҷиянашро келин кардан гирад. Вай тирмизак хар барин дар хонаи холааш хизмат карда мегардаду ту зани дуюм шуда, шоҳбону   барин дар маркази шаҳр бароҳат зиндагӣ мекунӣ,-фаҳмонд модараш. Дилбар аз хурсандӣ ба рақс даромада ба ақлу фаросати модараш садҳо офарин хонд.

-Аз очаат ёд гир, духтарам! Ишқу ошиқӣ ҳамааш дурӯғ аст. Аз мардҳо танҳо пул кандан даркор. Пул!

-Зани раис фаҳмад, чӣ кор мекунем,-пурсид Дилбар, ки дар чунин корҳо ҳанӯз таҷриба надошт ва тарсу ҳарос дар дилаш ҷой дошт.

-Аз куҷо мефаҳмад?! Мо ягон ҷавони зебои ба пул муҳтоҷро ёфта ба дасташ чор танга медиҳем, вай нақши домодро бозида, бо корвони мошинҳои ороёфта омада, туро бо обрӯ ба хонаи бахтат мебарад. Ҳаққу ҳамсояҳо оши тӯйро, ки хӯрданд, дигар ба ману ту кордор намешаванд. Тӯйро бо чашми худаш дида зани раис ҳам бовар мекунад, ки ту шавҳар карда рафтӣ,-фаҳмонд модараш.

Дилбар ба чорасозии модараш қоил шуда, бори дигар ӯро бо меҳр бӯсида раҳмат гуфт, бехабар аз он, ки ин ҳама талошу кӯшиши ин зани маккора бештар ба хотири худаш аст.

 Хонаи муфт ба даст омада

Рӯзи дигар сари субҳ раис ба Амина занг зада гуфт, ки зудтар ҳамроҳи духтараш ба идораи нотариалӣ биёянд. Очаю духтар дарҳол таксиеро киро намуда дар бадали 15 дақиқа ба ҷойи таъйиншуда расиданд. Сайфулло дар чашм айнак аллакай дар назди идораи нотариалӣ онҳоро интизор буд. Нотариуси шиноси раис дар ним соат тамоми ҳуҷҷатҳоро тахт карда, хонаро ба номи Дилбар гузаронд. Сайфулло чашм аз ҷуссаи зебои ҳамсоязан намеканд ва хаёлан Аминаро дар оғӯшаш тасаввур карда, мисли гурбаи ба димоғаш бӯйи гӯшт расида лаб мелесид. Вақте ки нотариус Дилбарро барои дар ҳуҷҷатҳо имзо гузоштан ба утоқи дигар бурд, раис пайти муносиб ёфта дар бехи гӯши ҳамсозан пичирос зад: “Аминахон, духтаратонро гусел кунед, ҳардуямон ба Варзоб рафта, соҳиби хонаю шавҳари олиҷаноб шудани Дилбарҷонро мешӯем!” Амина ширин табассум намуда, бо аломати ризо сар ҷумбонд.

 Ишқи пирӣ

Сайфулло занону духтарони зиёдеро дида бошад ҳам, пас аз вохӯрӣ дар дараи Варзоб ошиқи зори ҳамсоязан гашт. Амина духтур буд ва тамоми сирру асрори ҷисми марду нуқтаҳои ба ваҷд оварандаро хуб медонист, аз ин рӯ дар бистар ба мард кайфияти нотакрори биҳиштӣ мебахшид. Моҳирона печутоб хӯрдани ҳамсоязан дар бистари висол раисро обу адо намуда, шавқашро ба ҳамоғӯшӣ гаштаю баргашта бедор мекард. Ин зани таҷрибадор Сайфуллоро чунон меҳрубонию навозишҳои шавқангез намуд, ки ҷисму ҷони мардак роҳат кард. Раис то ҳол аз ҳамоғӯшӣ бо ягон маъшуқааш чунин кайфият набурда буд, аз ин рӯ аз дил гузаронд: “Ана зану мана зан! Як хона не, сад хонаро ба чунин зан туҳфа кунӣ ҳам, кам аст. Аҳмақ шуда ман умрамро бо як ғӯлачӯб гузаронидам-да! О аз аввал ҳамин Аминаро бигирам, магар сад бор беҳтар набуд.” Аминаи маккора гӯё дар чӣ хусус андеша рондани раисро эҳсос карда бошад, дар бехи гӯшаш пичирос зад: “Ман як умр дар орзуи оғӯши шумо будам, вале барои наздиктар шинос шудан ягон баҳона намеёфтам. Аксар вақт аламам меомад, ки як зани бенамуди шикамаш ҷувол барин дамкарда як мардаки зебои пулдорро соҳиб шудаасту мани бечора бо чунин ҳусну ҷамол бе шавҳар монда, зори навозиши мардам ва шабҳо болиштро оғӯш карда мехобам!” Сайфулло аз ин сухани ҳамболинаш дубора ба ваҷд омада, бо як “ҳуҷум” худро болои сайдаш афканд ва аз лабони ҳамсоязан бӯсаи фаронсавӣ ситонд. Бӯсаи раис чунон боҳарорат буд, ки чашмони Амина аз шиддати кайфияти шаҳвонӣ хуморӣ гаштанд. “Парво накун ҷонам, ману ту акнун хумори чандинсоларо мебарорем” ваъда дод раис. Сайфуллои занбоз оғӯши сад беваро дида бошад ҳам, биҳишти лаззатро дар оғӯши Амина дарёфта, итминон ҳосил намуд, зане, ки умр дар ҷустуҷӯяш буд, ҳамин ҳамсояаш будааст. Ин марди ғуломи нафс тайёр буд, ки ба хотири оғӯши гарми Амина аз баҳри пулу мол, давлату сарват, зарур ояд, аз баҳри зану фарзандонаш ҳам бигзарад. “Ишқи пирӣ гар биҷумбад, оламе расво шавад” гуфтани бузургон беҳуда набудааст, васвасаи шайтонӣ ин ду ҳамсояи пояшон ба лаби гӯр расидаро ба гирдоби пурпечутоби зино афканда аз олами одаму одамгарӣ чунон дур бурда буд, ки дигар на тарси Худованд ба ёдашон мерасиду на нангу номусу шарафу виҷдони инсониро ба ёд меоварданд...

 


Беҳуда «очаша бину духтараша гир» нагуфтаанд, шумо худатон аз ҳар нозанини танноз дилкаштар ҳастед, албатта, духтари чунин модар дили писари раисро мебарад-дия…z1qxz77W8h9nGgwW9hhZkgO6qHXchFAi1ZZVeTmV


Бӯйи хиёнат

Раис қарибии нимашаб аз Варзоб шоду масрур баргашт. Занаш то ҳол мижжа таҳ накарда, роҳи ӯро мепоид. Аз қошу қавоқи гирифтаи ҳамсараш барфу борон меборид, вале Сайфулло ба ин заррае аҳамият надода, ғурунгид:

-Ман-ку то нимашаб маҷлису маҷлисбозӣ карда омадам, ту барои чӣ хоб накардӣ?!

-Соат аз 10 кайҳо гузашт, дар ин поси шаб кадом аҳмақ маҷлис мегузаронад?!-Паст наомад ҳамсараш.

-Ту бесавод кори давлатро аз куҷо медонӣ! Хату савод дошта бошӣ, дар умрат дар ягон идора ақалан як рӯз кор карда бошӣ, ки чӣ будани кору қадри коргарро бидонӣ. Як умр тайёр, ки хӯрда мегардӣ, ҳамаро худат барин бекорчӣ гумон мекунӣ. Имрӯз аз андоз корхонаи моро тафтишкунӣ омада буданд. Ин кормандони андоз чунон бераҳманд, ки агар дилашонро наёбӣ, дабдалаи дилхоҳ раисро мебароранд,-гуноҳашро дар як дам ба гардани кормандони мақомоти андоз бор кард Сайфулло ва ҷониби хонаи хобаш равон шуд.

-Аз маҷлис, ки омада бошед, албатта гурусна будагистед. Хӯрокро кашам?-Пурсид ҳамсараш.

-Не, чунон асабониам, ки аз гулӯям об ҳам намегузарад,-баҳона пеш овард раис ба ҷониби хонаи хоб равон шуд.

Зан либосашро иваз намуда, аз паси шавҳараш ба хонаи хоб даромад. Сайфуллои аз гирумони ошиқона бо ҳамсоязан хасташуда аллакай либосҳояшро кашида, худро болои рахти хоб афканда буд ва куртааш дар рӯйи фарш мехобид. Занак хам шуда, либоси шавҳарашро аз замин бардошт. Аз курта бӯйи хушу гуворои атри занона меомад. Вай куртаро ба шаст сӯйи шавҳараш ҳаво дода дод зад:

-Бӯйи қанчиқҳоятро набиёрӣ, мемурӣ!

-Нохуни пойи ҳамон қанчиқ аз ту болотар аст,-Сайфулло худаш бехабар монд, ки чӣ тавр ин гап аз даҳонаш баромада монд.

Сухани шавҳараш ба болои оташи ғазаби зани раис равған рехт...

 (Давом дорад)

Р. Холов

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД