Ман як зани ҷафодидаам. Номам Моҳинав аст. Аз лаҳзае, ки ба дунё омадаам, ягон рӯзи хушро надидам. Модарам ҷавон даргузашт ва моро моиндар ба воя расонид. Дар дасти моиндар чӣ гуна рӯз доштанамро худам медонаму Худо. Бо амри тақдир маро дар синни 16 солагиям ба Насрулло ном марди зандидаи бефарзанд ба шавҳар доданд.
Насрулло дар аввал марди хуб буд. “Бароям фарзанд ба дунё биёр, аз сарат тангаву тилло мерезам”,-гуфта, ваъда медод. Шабу рӯз Худоро зорӣ мекардам, ки Худованд маро аз ин меваи умр бенасиб нагардонад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди як соли зиндагӣ дар қадам кӯдак пайдо шуд ва шавҳарам аз хурсандӣ ҷойи нишаст наёфта, маро ба беҳтарин бӯстонсароҳо мебурду тамоми моли дунёро бароям мехарид ва ҳама шароитро бароям муҳайё мекард.
Вақту соати таваллуд карданам ҳам наздик мешуд. Шавҳарам мисли кӯдакон аз пешам дур намерафт. Мудом гирди сарам чарх зада, бо суханҳои ширин диламро шоду хурсанд мекард. Дарди кӯдак вуҷудамро фаро гирифту шавҳарам худи ҳамон соат ба беморхонаи №-1-и шаҳри Душанбе бурд. Духтурон баъди шаш соат маро ба утоқи таваллудкунӣ даровардаанд. Бо азобҳои алим духтарчаамро ба дунё овардам. Шавҳарам дар гирди беморхона шамъ афрӯхта, чунон хурсандӣ мекард, ки тамоми одамони дар он ҷо сайругаштдошта гиребони тавба мебардоштанду ҳайрон мешуданд.
Баъди се рӯзи дар беморхона буданам духтурон вориди утоқ гашта, гуфтанд, ки “духтаратон нуқс дорад ва калон шавад ҳам, ноқисулақл мемонад. Бояд беназорат нагузошта, зуд-зуд барои ташхис биёред”. Баъди шунидани ин сухан тарбузи умед аз бағалам афтид ва бо чашмони гирён ҳамроҳи шавҳарам беморхонаро тарк намудем. Насрулло асабонӣ шуда, то ба хона расидан бо ман ҳарф назад. Яку якбора дигар шуданашро дида, тарс дар банди дилам ҷой шуд. Ба рӯям бо теғ нигариста гуфт: “Ба ман фарзанди солим не, як ноқисулақлро ба дунё овардӣ. Акнун, рӯзатро сиёҳ нагардонам, номам Насрулло набошад!”
Болои сӯхта намакоб, рӯи духтарчаамро тамоман нигоҳ намекард ва кӯрпаву либосҳояшро ба хонаи дигар бурда, он ҷо мехобиду субҳ барвақт хеста, баромада мерафт. “Мардак, қаҳри Худованд меояд. Наход нисбати фарзандатон чунин кунед”,-гуфтам як рӯз ҳангоми аз дар баромаданаш. “Ту маро шармандаи дӯсту душман кардӣ. Боз шарм надошта, мегӯӣ, ки қаҳри Худо меояд? Чӣ қаҳри Худованд қаҳру қаҳри бандааш не?” – гуфта, диламро боз ранҷонд. Дид, ки гиря дорам, боз хашмгинтар шуда, зери шаттаву шалоқ гирифт. Аз зарби мушту лагади ин девбарзангӣ маъюбу маслуқ рӯи ҷойгаҳ афтида, чанд рӯз аз ҷой хеста натавонистам.
Баъди як ҳафта шавҳарам пайдо шуд. Бо ман мудом муомилаи бад мекард ва ҳамин, ки маро бинад, тамоми косаву табақро шикаста, баромада мерафт. Бо мурури замон духтарчаам ба воя расид, вале аз меҳри падар бенасиб буд. Падараш ба хона ояд, духтарчаам тозон бағал кушода, сӯяш медавид, аммо шавҳарам рӯяшро гардонида, аз пеши ману духтарчаам гузашта мерафт. Дертар фаҳмидам, ки шавҳари сарватмандам чанд зани дигарро боумед карда, гуфтааст, ки агар кадоми шумо ба ман фарзанди солим ба дунё оред, хушбахттарини дунё мегардонаматон. Бар замми ин, шавҳари пулдори ман, ки дар чанд гӯшаи Душанбе хонаву дари замонавӣ дошт, якояк ҳамаашонро ба арӯсонаш туҳфа мекард.
29-СОЛ БОЗ ДАР ХОНАИ БЕГОНА ҒУЛОМА
Мани модари муштипар дар зиндагӣ бахт надидам. Баъди ба дунё овардани фарзанди носолим рӯзи сиёҳам сар шуд. Мани бечора бо вуҷуди кӯдаки маъюб доштан, рӯз то шаб дам нагирифта, хар барин дар хонаи шавҳар кор мекардам. Бо вуҷуди ин, шавҳарам ҳамешу масту аласт омада, маро мурданӣ мезад. Кораш фақат арақнӯшӣ буду арӯсбозӣ. Ҳар боре аз ягон мушкилии зиндагӣ даҳон кушоям, дар бало мемондам. Пайвастта таъна мешунидаму ҳақорат. Духтарчаам ҳам аз забони баду даҳони бефаровози падар эмин намемонд. Мардаки бераҳм ҳай мегуфту мехоид мо бечораҳоро. Аз пушти арақнӯшию майхорагӣ ӯро аз кор пеш карданд. Акнун, рӯз то шом дар хона менишасту дилу ҷигари ману духтарамро мехӯрд.
Вақте ки духтарчаам 18- сола шуд, шавҳари бадмаст ману духтарамро аз хона ронд. Мани саргардон бо духтарчаи маъюб дар кӯча мондем. На касе парвоямонро дошту на аз ҳоламон мепурсид. Ба хонаи волидайн рафта наметавонистам, зеро падару модарам кайҳо дар он дунё буданду янга нози моро намебардошт. Дар ин давраи қимматӣ касе ҳам моро ба худ “дарди сар” карданӣ набуд.
Маҷбур шудам ба хотири духтараки ягонаам, ки маъюб аст, барои ҳаққи худ даъво кунам.
Шавҳарамро ба суд додам. Мехостам судя бо роҳи қонунӣ ба мо иҷозат диҳад, ки дар як кунҷаки хонаи шавҳар зиндагӣ кунем. Зеро он моли якҷояи мо буду дар давраи заношӯӣ бунёд кардем. Хона ба номи шавҳарам буд ва судяҳо ҳам ғайричашмдошти мо ба мани модари муштипару духтари дар кӯчаҳо овораам иҷозат намедиҳанд, ки ҳаққи худро соҳибӣ кунем. Акнун дарбадарии ҳақиқӣ сар шуд. Барои сер кардани шиками духтаракам азобҳое, ки надидам. Вале тоқат карда, дандон ба дандон мемондам.
Зимистон ҳам наздик меомад. Ғам мехӯрдам, ки духтараки ягонаи маъюбамро дар куҷо аз барфу боронҳои қотил паноҳ диҳам. Зеро на хешу таборе аз ҳоламон мепурсиду на касе кӯмакамон мекард. Хушбахтона, дар сояи давлату ҳукумат барои худ паноҳгоҳ ёфтем. Ночор духтаракамро гирифта, ба хонаи бепарасторон рафтам. Инак, 5 сол боз ману ягона духтарам дар хонаи пиронсолон истиқомат дорем. То ин муддат ягон хешу ақрабо боре ҳам хабаргирӣ наомаданд. Ману духтараки дунёнодидаам ҳамеша чашм ба роҳем, ки шояд касе ба суроғамон ояд. Агар ман мурда монам, метарсам, ки мурдаам бесоҳиб мемонад ё маро бегонаҳо ба хок месупоранд. Сабаби ҳамаи ин бадбахтиҳоям шавҳари беномусу майхораам мебошад.
Дар ин муддат қарздорону маъшуқаҳои фоҳишаи шавҳари бадмастам хонаи ӯро фурӯхтанду акнун мардаки беномус ҳам дар кӯча монд. Агар шавҳарам ба додаи Худованд шукр карда, аз фарзандаш рӯ намегардонд, имрӯз “бомж” намешуд ва дар кӯча намемонд ва ману кӯдакашро ҳам хору зор шудан намегузошт. Кош намезодиам, оча! Тақдири шум аз азал маро мубталои ғаму андӯҳ гардонид. Афсӯс.....