Formula novemver 2024
ХУШДОМАНИ ГАНДАРО ХУДО БАРДОРАД (ҚИСМИ 2)
2167

(Идомааш)

Хона не, дӯзах!

Ниссои дар 16-солагӣ аз модар маҳрум монда модари шавҳарашро модару падарашро падар мехонд ва тамоми корҳои вазинин хонаро мекард. Нигоҳубини гову мол, рӯбучини ҳавлии калон, пухтани нону хӯрок барои арӯсак вазнинӣ кунад ҳам, ягон бор лаб ба шикоят намекушод, то пайвандони шавҳараш аз вай розӣ бошанд, вале ҷавоби некӣ бадӣ гуфтагӣ барин, ҳамеша дар ин хонадон ӯро неш мезаданд. Худо накарда, ягон хатогӣ кунад, хушдоманаш қиёматро қоим мекард. Ниссо гап мешунид, таъна мешунид ва ҳатто аз шавҳару қайниҳояш шатта мехӯрд, вале сирри зиндагиашро пинҳон медошт. Духтари ятими бемодар, ки буд, намехост зиндагиаш вайрон шаваду як умр зери таънаи янгаҳо монад. Келинчак бо умеди рӯзҳои нек лаб зери дандон гирифта, тамоми ранҷу азоби дӯзахи хонаи шавҳарро сабурона таҳаммул мекард.

Меваи умр

Қариб ду сол пас нахли умри Ниссо бор оварда соҳиби писарчаи дӯстрӯяк шуд. Гумон дошт, ки наберадоршавӣ дили сангини хушдоманашро нарм месозад, вале беҳ нашуд, ки бадтар шуд. Акнун кору бори хона боз ҳам бисёртар шуда буд ва Ниссо тез-тез бо ҳар баҳона шатта мехӯрд. Дар ин миён падари Ниссо низ аз дунё гузашт. Акнун шавҳару хушдоманаш ӯро «бесоҳиб» гӯён, таъна мезаданд. Зиндагии ҷавонзан бо ҳамин азобу шиканҷаҳо пеш мерафт ва рӯзҳо ба моҳҳову моҳҳо ба солҳо табдил меёфтанд. Аз зиндагии пурғамаш дар хонаи шавҳар қариб ҳафт сол сипарӣ шуда, Ниссо боз як духтару як писари дигар ба дунё овард, вале ҳеҷ шавҳару хушдоманашро аз худ розӣ карда натавонист, ки натавонист. Одатан занҳо баъди фарзанд ба дунё овардан чиҳил рӯз дасташонро ба оби хунук намезананд, вале Ниссо баъди як рӯзи таваллуд карданаш миёнашро маҳкам баста аз паси кори хона мешуд, то санги маломат ба сараш наборад. Ҷавонзани бечора дар баробари корҳои занона тамоми корҳои мардона, тоза кардани заҳбуру андова кардани оғил, буридани току шинондану нигоҳубини ниҳолҳоро низ бар дӯш дошт, аммо на меҳнаташ барои аҳли хонаводаи шавҳар қадр дошту на худу бачаҳояш, мудом гап мешуниду мушту шаллоқ мехӯрд. Ягона шахсе, ки Ниссоро мефаҳмид, хусураш буд, лекин меҳрубониҳои хусур ба хушдоманаш намефорад. Кампир шавҳарашро ба келини ҷавонаш рашк бурда, кӯшиш менамуд, ки тӯҳматеро ба пойи ҳарду бандад ва Нисоро шармандаи ду дунё созад…
Шавҳари Ниссо зери таъсири шӯрандозиҳои модараш монда, ҳар рӯз қилиқҳои нав ба нав мебаровард. Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, худаш занбозӣ мекарду Нисои бегуноҳро бо ҳар баҳона тӯҳмат намуда, зери лату кӯб мегирифт. Хушдоманаш аз носозии зану шавҳари ҷавон лаззат бурда, писарашро бештару бештар балво медод. Оқибат кор ба ҷое расид, ки шавҳараш Ниссоро аз хона бароварда пеш мекардагӣ шуд. Ҷавонзани берӯзӣ намехост хонавайрон шаваду фарзандонаш бе падар монда пеши пойи падарандар хору зор гарданд, аз ҳамин хотир лаб зери дандон гирифта, хотири бачаҳояш ба ҳама ҷабру ситами шавҳару хушдоманаш тоқат мекард, вале...


Дар тарадуди хонадоркунии писари хурдӣ буданд, ки ногоҳ модар ба дарди бедавое гирифтор шуда ба бистари беморӣ афтид. Падари Ниссо ҳарчанд занашро дар ба дари духтуру табибон мегардонд, касе ба дардаш даво намеёфт.


Моҷарои хусуру хушдоман

Як бегоҳ шавҳари Ниссо ба хона наомад. Бечора ҷавонзан ҳамон рӯз табби бисёр баланд дошт ва тамоми вуҷудаш гӯё дар оташи сӯзони гулхан месӯхт. Сахт шамол кашида буд ва чунон бисёр месулфид, ки гумон мекардӣ ҳозир дилу ҷигараш аз даҳонаш ба замин мерезад. Хусураш ҳоли зори Ниссоро дида, занашро зери дашном гирифт ва фармуд, ки ҷогаҳи келинро дар хонаи хоби худашон андозад, то дар ин шаби сарди зимистон дар хонаи бе алав ҳолаш бадтар нашавад. Хушдоман ғур-ғуркунон ҷойгаҳи келинро дар назди худаш андохт ва бо қошу қавоқи овезон рӯяшро ҷониби девор гардонда хобид.

Балвои хушдоман

Саҳар Ниссо бо як азоб сар аз бистар бардошт ва ҷисми беморашро кашолакунон бархоста дар печка алав кард. Ҷавонзани меҳнатӣ ба хусураш оби таҳорат дода, нав дар назди печка нишаста буд, ки балои ногоҳ аз таги по бархоста барин шавҳари худобехабараш ба хона даромад ва чизе нагуфта, зери мушту лагадаш гирифт. Аз афташ модараш ягон бадгӯйӣ карда буд, ки ҷавон девонавор рӯймоли Ниссоро ба даври гулӯяш печонда зани бегуноҳашро бӯғӣ карда куштан мехост. «Ҷогаҳата дар пеши отам партофтӣ, ки шаб дастмолут кунад?! Мекушам! Ту ҳаромро бӯғӣ карда мекушам, то касе аз мурданат хабардор нашавад»- фиғон мекашид мисли ғул шавҳараш. Мӯйсафеди хусураш ҳамон рӯз бо кашмакашу лаънатхониҳо Ниссоро аз зери чанголи девмонанди писараш халос намекард, шояд келинчак ҷон ба ҷонофарин месупурд.

Шарти шавҳар

Ҳамон рӯз моҷарои Ниссою шавҳараш қариб бо талоқ анҷом ёфта буд. «Аз ҳамин рӯз эътиборан ту ба хонаи ягон хешу таборат намеравӣ! Апаҳоят бояд аз дари хонаи ман надароянд. Худо накарда ягон хешат биёяд ё ба хонаи касе аз аҳли авлодат рафтанатро шунавам, худи ҳамон рӯз ҷавобатро медиҳам»- шарт гузошт шавҳараш дар назди Ниссои сару рӯяш сиёҳу кабуд. Ҷавонзан хотири фарзандонаш ба ин шарти ҷонсӯзи шавҳар розӣ шуд. Акнун вай келин не, маҳбус буд дар ин хонадон ва ғуломвор тамоми фармудаҳои хушдоманашро бо сари хам иҷро мекард.

Ҷиян ё  сагбача?

Ба болои дарду ранҷи шавҳару хушдоманаш ситами бародари шавҳараш бор шуда, ҳоли Ниссоро торафт бадтар мекард. Ҳевараш, ки дар назди ҳавлии онҳо хона дошт, ҳар замон омада бо ҳар роҳ Ниссоро неш мезад. Аксар вақт вай духтарчаи Ниссоро мисли сагбача бо шатта мезад ва фиғони кӯдаки бегуноҳ ба фалак мепечид. Ниссо тайёр буд тамоми умр хомӯшона мушту лагад хӯрад, вале тобу тоқати дидани азоби бачаҳояшро надошт. Ҷавонзани бечора мусолиҳакорона мегуфт:

-Ака, кӯдаки бечора чӣ гуноҳ дорад, ки ба шатта мезанед? Ягон ҷояш дард кунад ё шиканад, дарди сари ману додаратон мешавад-ку!

Хушдоманаш ин суханҳоро шунида девона мешуд ва чунон шӯру мағал мебардошт, ки хаёл мекардӣ дар ин хонадон қиёмат қоим шудааст. Кампири муштзӯр ҳафт пушти келинро дашномҳои болохонадор медод ва ҳатто чанд маротиба гулӯи Ниссоро бӯғӣ карда, куштанӣ шуд. Худо накарда дар назди шавҳараш дар бораи рафтори ҷоҳилонаи модару додараш забон кушояд, ҷавонзани бечора ба балои бад гирифтор мешуд. Шавҳари зану фарзандбезораш ба ҷойи бачаҳояшро пуштибонӣ намудан тарафи хешовандони мӯштзӯрашро гирифта, рӯзи сиёҳи Ниссоро тиратар аз шоми сиёҳ мегардонд.

Рашки модаршӯй

Рӯзе шавҳараш сарашро ба рӯи зонуи Ниссо монда хобида буд, ки хушдоманаш аз дар даромад. Дар умраш бори аввал зану шавҳарро ба ҳамдигар чунин меҳрубон дида, модар ба ҷойи хурсанд шудан якбора оташ гирифту бо қошу қавоқи овезон ба писараш рӯ оварда пичинг зад:

-Нағз намебинам мегӯиву ҷойи хилват, ки ёфтӣ, сар ба зонуи аҷинаат мемонӣ-а! Аз мана барои ту занат азизтар будааст-да!

Хушдоманаш дарро ба шатта зада баромада рафту шавҳараш Ниссои бегуноҳро зери мушту лагад гирифт. Аламашро аз занаш гирифта, ин дафъа вай занашро чунон бераҳмона зад, ки Ниссои бечора аз тарси ҷон бо либосҳои дарида, сарлучу пойлуч ду фарзандашро гирифта аз хона фирор кард.

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД