Шиноси ношинос
Ман бо ин ҷавонзани ситорагарм дар беморхонаи марказии ноҳия вохӯрдам. Табассуми зебою дилкашаш наметавонист андӯҳи гарони дар қаъри чашмони мешиаш нуҳуфтаро пинҳон созад, аз ин хотир ҳисси кунҷкобиям боло гирифту баҳонае ҷуста ба ҷавонзан наздик шуда, боодобона салом додам. Ҷавонзан ҳайрон-ҳайрон ба ман нигариста бошад ҳам, ба саломам ҷавоб гардонд. Ҳамин тавр оғоз ёфт шиносоии ману Ниссо он рӯз ва ҷавонзан ба саволам дар бораи андӯҳи дар қаъри чашмонаш ниҳон танҳо «писарамро ҷарроҳӣкарданд» гуфту халос.
Одам ба одам мерасад
Бо амри тасодуф ман баъди 20 рӯзи шиносоиямон ба ҳамон деҳае, ки Ниссо зиндагӣ мекард, рафтаму дар назди мағоза бо ӯ вохӯрдам. Ниссоро бо як нигоҳ шинохтам ва мисли хеши наздик гарм аҳволпурсӣнамуда, сипас шӯхиомез гуфтам:
-Ниссоҷон, барои чӣмаро ба хонаат таклиф намекунӣ?
Чашмони осмонии ҷавонзан дар як дам ҳавзи об шуданду сар ба зер афканда пичиррос зад:
-Апаҷон, худам дарбадарам, меҳмонамро ба куҷо барам?!
Аз шӯхии ноҷоям садҳо маротиба пушаймон шуда, узр хостам ва бо Ниссо хайрухӯш намуда, ба хонаи дугонаам, ки дар ҳамон деҳа мезисту аслан барои диданаш омада будам, рафтам.
Дар сари дастурхон
Одати мардуми деҳот чунин аст, ки баробари аз дарашон даромадани меҳмон ҳатман зиёфат ороста, занҳои маҳалларо даъват мекунанд, то меҳмон зиқ нашавад. Дугонаам низ айнан чунин кард. Сӯҳбати мо дар сари дастурхон қаймоқ баст ва ман дар омади гап дар бораи Ниссо пурсон шудам. Маҳфил якбора чунон хомӯш гашт, ки гӯиё ба рӯйи оташи фурӯзон як сатил оби сард рехта бошанд, занҳо маънидорона ба ҳамдигар менигаристанд, вале лаб ба сухан намекушоданд. Ин хомӯшӣ барои ман риққатовар буд ва зани калонсоле шояд ҳолати маро эҳсос намуда, ба нақли қиссаи сарнавишти Ниссо оғоз намуд.
Эркадухтар
Падару модари Ниссо соҳиби 8 фарзанд, 3 писару 5 духтар буданд. Падари Ниссоро аҳли деҳа ҳурмату эҳтиром мекарданд, чунки марди саховатманд буду дасташ ба тамоми қамбағалу дармондагон мерасид. Модараш кадбонуи хуб буд ва ягон маъракаи деҳа бе иштироки ин зани ҳунарманд намегузашт. Аҳли деҳа аз ин зану шавҳари ғамхор миннатдор буданд ва фарзандонашонро низ мисли ҷигарбандони худ дӯст медоштанд. Нисо фарзанди хурдӣва эркаи падару модараш буд. Касе аз аҳли хонадон ӯро Ниссо намегуфт, ҳама кенҷа гуфта ҷеғаш мезаданд. Ҳамин тавр падару модар фарзандонашонро бо ноз парварда ба воя расонданду паиҳам хонадор карданд. Апаҳои Ниссоро бо обрӯ ба шавҳар доданду ду акаашро хонадор карданд. Падараш барои ду писари калонӣхонаи алоҳида сохта, зиндагиашонро ҷудо кард.
Дарди бедармони модар
Дар тарадуди хонадоркунии писари хурдӣ буданд, ки ногоҳ модар ба дарди бедавое гирифтор шуда ба бистари беморӣ афтид. Падари Ниссо ҳарчанд занашро дар ба дари духтуру табибон мегардонд, касе ба дардаш даво намеёфт. Дигар беҳуда пул сарф кардан нахоста рӯзе бечора занак ба шавҳараш ҳасраткунон гуфт:
-Мардак, дигар барои ман хароҷоти зиёдатӣнакунед, аздусар ин дард маро раҳо намекунад. Медонам, ки мемирам, барои он, ки баъди сари ман тамоми бори зиндагӣба гардани духтараки кенҷааам бор нашавад, мехоҳам дар зиндагиам писарамонро хонадор кунем. Келин ақаллан баъди сари мо чароғамонро фурӯзон медорад-ку!
Ҳамин тавр падари Ниссо аз деҳаи ҳамсоя духтараки хуберо ёфту дар байни чанд рӯз писари хурдиашро хонадор кард, то занаш аз дунё ба ормон наравад.
Хостгории янга
«Ниссоро бо дастони худам хонадор мекардам, баъд мемурдам ҳам ормон наоштам» гӯён, модар дар рӯйи бистари беморӣбарои эркадухтари кенҷааш кӯрпаву болин медӯхт. Келини калонї, ки духтари зебо ва шӯху чаққон будани Ниссоро хуб медонист, ҳолати хушдоманашро дида, хост аз фурсат истифода барад. Балокелин бо ҳазор забон бародари аз зан ҷудошудаашро таърифу тавсиф намуда, Ниссоро аз хушдоманаш барои додараш хостгорӣнамуд. Модар аввал «Нисо нав ба 16 қадам гузоштааст, чи хел ман духтарамро ба ҷавонмарди зандида медиҳам» гӯён, саркашӣкарда бошад ҳам, баъдан ба суханҳои ширини келин дода шуда, розигӣдод, ки тарафи домод хостгорӣбиёянд.
Фотиҳа ва мотам
Аз байн ду рӯз нагузашта падару модари янгааш барои Ниссо хостгорӣ омаданду бо хоҳиши ҳамсари бемораш падари Ниссо ба издивоҷи ҷавонон розигӣ дод. Тарафи домод дар тарадуди тӯй буданд, ки бемории модари арӯс авҷ гирифту духтар калониашро наздаш ҷеғ зада гуфт:
-Хоби баде дидаму дилам дар ташвиш аст. Медонам, ки ин дафъа дигар аз ҷоям намехезам. Васияти охиринам ҳамин аст, ки баъди сари ман Ниссоро хору зор накунед!
Модар субҳи рӯзи дигар ба хоби абадӣрафту Ниссо ва ҷамъи фарзандонашро хунҷигару дилреш намуд. Гиряву нолаи Нисо ба фалак мепечид, эркадухтар рӯю мӯяшро канда хун мегирист, вале тақдирро тадбир набуд.
Фотиҳагардон
Чили модари Ниссоро додан баробар тарафи қудо тӯйро гузаронданӣ шуданд. Фикр накарданд, ки ҷароҳати дили шавҳару фарзандони марҳум ҳанӯз шифо наёфтааст ва ҳоло дар бораи тӯй лаб кушодан аблаҳист. Падари домод ду пояшро ба як мӯза андохта «Занам бемор шудааст, мехоҳад қаду басти домодии писарашро бубинад» мегуфт. Падари Ниссо аввал ба хубӣфаҳмонд, ки то соли модари арӯс сабр кунанд, вале чун дид, ки қудо марди бефаҳму сангдил будааст, хашмгин шуда фотеҳаро гардонд.
Бозии тақдир
Волидони домод дар тӯли се моҳ ба чандин дар бо нияти хостгорӣ сар халонда бошанд ҳам, касе ба онҳо духтар надоду ночор боз ба хонаи падари Ниссо омаданд. «Раҳматии модари Ниссоро хоб дидам. Фотиҳаро гардонданамон арвоҳашро ранҷондааст» гӯён, падари домод, ки ҳоҷӣ буд, дили падари арӯсро бо ҳамин гапи дурӯғ нарм карда ба дубора фотиҳа шудани ҷавонон муваффақ гашт. Қудоҳо ин дафъа корро кашол надода, дарҳол аз пайи тӯй шуданд. Ҳамин тавр Ниссои 16-сола аз хонаи бародари калониаш, ки зани ӯ апаи домод буд, арӯс шуда, ба хонаи шавҳараш рафт.
(Идомаашро фардо соати 21:00 интизор шавед)