Sebiston new 2024 october
Имом Маҳдӣ зуҳур кунад, дунё ба охир мерасад?
2563


Мегӯянд, ки яке аз нишонаҳои ба охир расидани дунё ва қоим шудани қиёмат ин пайдоиши Имом Маҳдӣ аст. Ман дар оилаи замонавӣ ба камол расидаам ва дар бораи дин чандон маълумоти зиёд надорам.

Илтимос, дар бораи нишонаҳо ва зуҳури Имом Маҳдӣ маълумот диҳед. Имом Маҳдӣ дар куҷо таваллуд мешавад ва ӯро чӣ гуна метавон шинохт?

Иброҳимҷони фархорӣ

Посух
Бародари азиз! Имом Маҳдӣ пеш аз қиёмат зоҳир шуда, роҳбари мардум мешавад ва дар рӯи замин адолатро барқарор мекунад. Ӯ аз насли аҳли байти Пайғамбар (с) мебошад, номаш Муҳаммад, номи падараш Абдуллоҳ аст. Расули Худо (с) фармудаанд: “То вақте ки аз аҳли байти ман шахсе, ки номаш бо номи ман ва номи падараш бо номи падари ман мувофиқ аст, роҳбари мардум нашавад ва оламро пур аз адлу дод накунад, қиёмат барпо нахоҳад шуд”. (Тирмизӣ, Ибни Моҷа, Ибни Ҳиббон) Маҳдӣ аз зуррияи Фотима (р) аст. Пешонияш кушод, бинияш баланду борик аст, дунёи пур аз ҷабру зулмро аз адлу инсоф пур мекунад ва ҳафт сол ҳукумат меронад. (Ривояти Абӯдовуд). Аз нишона ва аломатҳои хуруҷи Маҳдӣ якеаш ин аст, ки пеш аз ӯ марде қотилу золим ба номи Суфёнӣ хориҷ мешавад.


Тамокукашӣ ва зарари дуди он дар тамоми давраҳои ҳаёти инсон таъсири бади худро ба организм мерасонад.


Имом Заркашӣ мегӯяд: Имом Маҳдӣ дар Мадина ба дунё меояд. Мардум дар байни рукн ва мақом бо ӯ байъат мекунанд ва бо Суфёнӣ меҷангад. Суфёнӣ аз аҳли Шом аст. Мардуме, ки бо худ силоҳ надоранд, ба хонаи Каъба паноҳ мебаранд ва Суфёнӣ лашкаре барои қатли онҳо мефиристад. Вақте лашкар ба минтақаи Байдо мерасад, замин онҳоро фурӯ мебарад…
Хулоса, Имом Маҳдӣ монанди дигар инсонҳо ба дунё меояд ва мемирад, муддати ҳаёташ мисли ҳаёти дигарон аст. Ӯ мисли ҳазрати Исо (а) нест, ки феълан дар осмон зинда буда, аз назарҳо ғоиб аст. Зинда будани ҳазрати Исо (а) бо ояти Қуръон собит шудааст ва гардиши рӯзгор ба ҷисму рӯҳи ӯ таъсире надорад. Шумораи саҳобагоне, ки аҳодиси Маҳдиро ривоят кардаанд, ба 25 нафар мерасад, аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки хабари Маҳдӣ мутавотир аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД