Arzon march 2024
Сайёра: Зани раис кӯдакамро кушт
6889

 

Сайёра ном дорам. Зани сеюми як раиси бою бадавлат ҳастам. Эҳтимол шумо гумон кунед, ки ба хотири пулу молаш шуда, ман зани сеюми раис шудаам, вале дар асл чунин нест. Шабу рӯз паиндарамро дуои бад мекунам, ки худоё гӯраш даргирад, чунки маро ба ин доми бало ӯ гирифтор намуд...

Ҷабри падари ӯгай

Падарам барвақт ҷавонмарг шуда модарам бо ду фарзанд бева монд. Азбаски савод ва касбу ҳунар надошт, хӯрондану пӯшондани ду фарзанд барояш душворӣ мекард. Аз ночорӣ модари бечораам ба як марди майзада, ки ҳамсараш аз олам гузашта будааст, ба шавҳар баромад. Паиндарам аз рӯзи аввали ба хонааш қадам ниҳоданамон ману хоҳарамро чашми дидан накарда, мудом мезад, озор медод ва дашномҳои қабеҳ медод. Модарам, агар тарафи моро бигирад, аз шавҳари майзадааш сахт шаттаву шаллоқ хӯрда, чанд рӯз бо сару рӯйи кафида дар бистари беморӣ мехобид....

Раиси занбоз

Ҳамин тавр дар хонаи паиндар мани ятимак ба камол раисда духтури қадраси зебо шудам. Харидронам аз мӯйи сарам зиёд бошанд ҳам, паиндари алкашам бо як раиси занбоз забон як карда, бар ивази пули калон маро ба ҳамин марди синну солаш аз 50 гузаштагӣ ба шавҳар дод. Гиряву зорӣ кардам, ки ин мард шояд дар синну сол аз падари ман ҳам калонтар бошад, ман ба ӯ намерасам, вале дар ҷавоб фақат аз паиндари бераҳмам шатта мехӯрдаму халос. Модари зорам ““мардак, духтари бечораам нав 18-сола шудааст. Ин кӯдаки бечора чӣ гуноҳ дорад, ки бо ду дасти адаб бароварда ба як ғули шикамдам медиҳӣ” гӯён чанд бор бо шавҳараш ҷанҷол када бошад ҳам, аз дасташ коре наомад. Паиндарам “занаки беақл, шукр гӯй, ки раис духтари туро талабгор шудааст. Дар ин замона одамон орзу мекунанд, ки чунин домоди бою бадавлат дошта бошанд. Аз давлати раис як умр чарида мегадем” гуфта, ба даҳони модарам мезад ва чанд бор аз рӯйи тӯйи ман шуда, ӯро мурданивор лату кӯб ҳам кард.

Хулоса, касе ба доди мани бе падар нараисд ва ҳамин тавр дар 18-солагӣ зани сеюми раис шудам, аммо...

Қафаси тиллоӣ

Аз тарси он ки зангириаш фош шавад, ӯро аз вазифа мегиранд, ба паиндарам пули калон дода бошад ҳам, раис тӯй накард. Маро мисли бевазанҳои аз чанд шавҳар монда, бе фатаю ҷиҳози арӯсӣ бо як куртаи оддӣ ба хонаи бахтам гусел намуданд. Аз пасам на ягон кас янга омад ва на касе бароям бахту тахт орзу карда, дуои сафедам дод.

Хонаи раис сеошёна буда, дар ҳақиқат қасрро мемонд, вале ба чашми ман давлату сарвати шавҳарам наменамуд. Аз он ки аз ин дунё чизе надида ба оғӯши як марди пири шикамкалон афтидам, чунон ғамгин будам, ки маргро аз чунин зиндагӣ авлота медонистам. Чанд бор хостам даст ба худкушӣ занам, вале тарси ба азоби дӯзах гирифтор шудан мрао аз ин роҳ бозмедошт.

 


Ёдрас мешавем, ки ин охирин мусоҳибаи “Шайх Темур” бо журналистон буда, қабл аз ба ҳабс афтиданаш бо хабарнигори ҳафаномаи “Тоҷикистон сурат гирифтааст.

 


Палонҷҳо

Шавҳарам ду зани дигар доштааст. Азбаски зеботару ҷавонтар будам, палонҷҳоям рашк бурда, ҷойи куштани маро намеёфтанд. Дар назди раис онҳо мисли мор худро ба ман меҳрубон нишон медоданд, вале ҳамин ки шавҳарамон рафт, дукаса шуда, мӯю рӯямро канда, лагадкӯбам мекарданд. «Ту сағераи пойлуч дар ҳам ин хона намерасидӣ. Ман оқибат ягон рӯз туро мекушам!»- таъкид мекард полонљи калониам, ки зани қонунии раис буд.

Наметавонистам дар ин бора ба шавҳарам шиква намоям, зеро аз ҷони ширинам метарсидам. Кундошҳоям огоҳ карда буданд, ки агар ба раис хабар кашам, забонамро аз ҳалқам канда мегиранд. Аз тарси ҷон ҳар рӯз шатта хӯрам ҳам, лаб зери дандон гирифа ин сиро пинҳон медоштам, аммо...

Кӯдакамро куштанду...

Зани калонӣ фарзанд надошт, зани дуюми раис соҳиби ду духтарча буд. Шавҳарам баъди маро ба занӣ гирифтан ошкоро гуфт, ки агар писар таваллуд кунам, ҳавлиро пурра ба номи ман гузаронида, тамоми давлату сарваташро ба писараш мерос мемонад. Бо шунидани ин сухан ҷон аз бадани палонҷҳоям баромад, чунки якеаш безурриёт буду бачадони дуюмашро бо сабаби кадом як беморӣ духтурҳо бурида партофта буданд.

Вақте ки ман ҳомиладор шудам, ҳарду зани раис ба ташвиш афтиданд. Онҳо ҳеҷ намехостанд, ки ин қадар давлату боигариро муфтакак ба як сағерадухтар баровада диҳанд ва пайти муносиб меҷустанд, то ки қасосашонро бигиранд. Бехабар аз ин ҳама найрангу фитнаи занҳояш раис аз зани яукумаш хоҳиш кард, ки маро ба духтури занона барад. Табиб ташхиси ултрасодо фармуд. Дар УЗИ “писарча таваллуд мекунад” гуфтанду ранги рӯйи кундошам якбора пахта барин сафед шуда, лабонаш пир-пир ба паридан даромаданд...

Намедонам ҳамон бегоҳ ду палонҷ маслиҳат карда ба ман чӣ хӯронданд, ки баъди тановули ғизои шом якбора дилам беҳузур шуда, сарам ба чарх задан даромад ва якбора хунравӣ сар шуд. Маро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона овардаанд. Табибон ҷони худамро аз панҷаи марг халос карда бошанд ҳам, тифлаки бечораам қурбони макри ду зани падари сарватмандаш гашт. Палонҷҳоям ба ман ким-чихел доруи марговар додаанду кӯдаки панҷмоҳа дар батнам мурдааст.

Аз кундошҳоям қади аҷал метарсам

Айни замон дар хонаи модарам ҳастам. Шавҳарам чанд маротиба барои бурдани ман мошин фирисода бошад ҳам, бо баҳонаи он ки ҳанӯз ба худ наомадаам, нарафтам. Метарсам, ки агар ба хонаи раис равам, ин дафъа ду зани оламсӯзи шавҳарам ба ман марги мӯш ё ягон заҳри дигар дода, худамро мекушанд. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Сайёраи бадбахт 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД