Нигора ҳастам, ҷавонзани 20-сола ва келини як оилаи бообрӯ. Бисёриҳо ба ман бо чашми ҳавас менигаранд, чунки дар ҳавлии боҳашаммати сеошёна зиндагӣ мекунам ва дар зару зевар тар ҳастам, аммо бо ин ҳама дороӣ худро бадбахттарин зани дунё ҳис мекунам.
Азбаски духтари зебо ҳастам, харидоронам аз мӯйисарам бисёр буданд, лекин падарам ба хотири ривоҷ ёфтани тиҷораташ маро ба писари як дӯсти раисаш ба шавҳар дод. Ҷамшедро ягон бор надида бошам ҳам, дар бораи феъли бади ин бойбачаи пулмаст бисёр шунида будам, аз ҳамин сабаб ба мурдан розӣ будаму бо издивоҷ бо ӯ не, аммо касе аз аҳли оила ба гапам гӯш накард. Бовар кунед, аз дарду алам рӯзи фотиҳа дорӯ хӯрдам, то ки аз ин никоҳи маҷбурӣ халос шавам, аммо худо ҷонамро нагирифт. Маро дарҳол ба беморхона бурда, меъдаамро шустанд ва шабошаб ба хона оварда, аз паси тайёрӣ ба тӯй шуданд.
Хулоса, дар байни як ҳафта тамоми ҷиҳози арӯсиамро омода намуда, маро ба хонаи бахтам гусел карданд. Машҳуртарин ҳофизони кишварамон дар тӯйи ману Ҷамшед иштирок доштанд, аммо баъди ин базми пуршукӯҳ зиндагиам ба дӯзахи ҳақиқӣ табдил ёфт. Шавҳарам чунонбадгумону бадрашк аст, ки ба меҳмонӣ ва сайру тамошо рафтан он тараф истад, ҳатто барои телевизор тамошо кардан иҷозат намедиҳад. Худо накарда Ҷамшед бубинад, ки кино ё консерт тамошо карда истодаам, маро зери мушту лагад гирифта, девонавор дод мезанад, ки дар ҳасрати фалони ҳамин ҳофиз ё актёр мурда бошӣ, ба пешаш рав, туро.....
Дар панҷ моҳи зиндагиамон аллакай чанд бор шуд, ки шавҳари бадрашкам маро бераҳмона лату кӯб намуда, даҳону биниамро пур аз хун кард. Писаратонро насиҳат кунед, гӯям, хушдоманам дар ҷавоб “Ҷамшед туро дӯст медорад, барои ҳаимн рашк мекунад” мегӯяд. Ҳар гоҳ ба модарам аз мушту лагади Ҷамшед шиква кунам, дар ҷавоб масали “нони шӯ арра дорад, арраи шашпарра дорад”-ро ба ёдам меорад. Ҷонам ба лабам расидаасту намедонам сарамро ба куҷо занам.
Нисбати шавҳарам ягон ҳиссиёт надорам, ҳатто рӯяшро дидан намехоҳам. Рашки бемаънии Ҷамшед дили маро натанҳо аз шавҳарам, балки аз ҷинси мард хунук кардааст. Дугонаҳоям ба зиндагии ман ҳавас мехӯранд ва орзу мекунанд, ки дар чунин хонаи қасрмонанд ба шавҳар бароянд, аммо ман аз ин зиндагии шоҳонаи пур аз ғаму дард ҳазорон бор безорам. Зару зевар ва либосҳои зебои қимматбаҳое, ки шавҳарам дар иду ҷашнҳо ба ман туҳфа мекунад, бароям як тин арзиш надоранд. Ин қадар сарвату дороиро ба сарам мезанам, вақте ки зиндагиам заррае рангу бӯйи муҳаббат надорад. Ягона орзуям он аст, ки мисли парранда аз ин қафаси тиллоӣ озод шавам ва ба ягон донишгоҳ ё донишкада дохил шуда, соҳиби маълумотӣ олӣ гардам. Мехоҳам одамвор, озод зиндагӣ кунам. Медонам, ки падарам тамоми сайтҳоро мехонад, аз ҳамин хотир ба сомонаи Оила муроҷиат намудам, то ки фарёди диламро ба гӯши волидонам бирасонам. Ба падарам гуфтаниям:
-Медонам, ки хусурам бизнеси шуморо пуштибонӣ мекунад, вале ман дигар тоқати бо он бойбачаи пулмасти бераҳм зиндагӣ карданро надорам. Дониста монед, агар ба хубӣ маро аз Ҷамшед ҷудо карда ба хона набаред, дар байни ҳамин қасри боҳашаммати хусурам ба сарам бензин пошида, худамро оташ мезанам!
Нигораи бадбахт аз ш. Душанбе