new banner new years
Дарди дили келинчаки “сархӯр”
5237

Салом хонандагони азиз! Мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам.

Аз давраи мактабхонӣ Манучеҳр ном ҷавонеро дӯст медоштам ва мо аҳду паймон баста будем, ки то дами марг аз ҳам ҷудо намешавем. Мактаби миёнаро хатм када ҳарду якҷоя ба донишгоҳ дохил шудем. Баъди гирифтани диплом Манучеҳр таклифи издивоҷ намуд ва ман бе дудилагӣ розӣ шудам, чунки ӯро аз ҷонам бештар дӯст медоштам. Манучеҳр аз аввал мегуфт, ки модараш ба ишқу муҳаббати мо розӣ нест, вале коре карда, ӯро ба гап медарорад. Намедонам вай ба модараш чӣ гуфту чӣ монд, ки ба издивоҷи мо розӣ шуда, бо кулчаю тӯша ба хонаамон хостгорӣ омад. Волидонам хостгоронро хуш қабул карда, обу иззат намуданд ва бо розигии тарафайн, бо дуои сафед маро ба Манучеҳр фотиҳа карданд.

 


Ӯ ҳар нафари ҷиддиро ба ханда меорад. Дилҳоро шодиву фараҳ мебахшад. Доруву дармони садҳо мухлисонаш гаштааст. Агар гумон кунед, ки ӯ Мистер Бин аст, хато мекунед. Пас, кист ӯ?


55qeAoFe49nVYuDftpgiw36zEz6RHXDhrkGMZ5FQ

 


Хулоса, баъди се моҳ мо бо тӯю тамошо оиладор шудем. Субҳи аввали арӯсиям бо навҳаи модаршӯям аз хоб бедор шудам. Манучеҳр Абдувалӣ ном додари 14-солаи маъюб дошт, ҳамон бародараш аз дунё гузашта будааст. Хушдоманам дар гиряҳояш “арӯси бепою қадам писарамро кушт” гуфта, аз ман домангир мешуд. Модарам ва янгаҳои аз паси мани наварӯс омада ин гапҳоро шунида хиҷолат кашиданд. Албатта ман ӯро мефаҳмам, модар аст ва ҷигараш барои фарзандаш месӯзад, вале магар дар марги Абдувалӣ ман гунаҳкорам? Худованд кадом вақте хоҳад, ҷони бандаашро мегирад ва касе қодир нест, ки садди роҳи аҷал шавад. Абдувалӣ доим бо ман телефонӣ суҳбат карда мегуфт, ки тӯйи шумою акаамро бубинам, баъд мурам ҳам, дигар ягон ормон надорам. Вай бемор буд ва хуб медонист, ки умри дароз намебинад. Худованд шояд охирин орзуи ӯро амалӣ намуда, баъди тӯйи мо ҷони ранҷкашидаашро гирифт. Чаро мо, одамон аз Худо не, аз банда мебинем?

Хонандагони азиз, чӣ тавр ба хушдоманам фаҳмонам, ки писарашро ман накуштаам, дигар маро “арӯси сархӯр” нагӯяд?

Хонандаи сомона.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
мехрона Абдулоева 2019-10-18, 14:51
зикнашавед холо баонкас хичи фахмонда наметавонед гами фарзанд модаро мекушад охир онкас багами худашон овора
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
мехрона Абдулоева 2019-10-18, 14:51
зикнашавед холо баонкас хичи фахмонда наметавонед гами фарзанд модаро мекушад охир онкас багами худашон овора
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД