sebiston july new
Умеда Сайшарифзода: Хушдоманам маро корд зад
5476

 -Маҳина, аз Кӯлоб як мардак занг зада туро пурсид. Мегӯяд, ки домодам духтарамро мурданивор зада, таҳдиди куштан карда истодааст, вале касе ба доди мо намерасад. Умеди охиринамон ҳамин газетаи шумо аст. Гуфтам, ки ба идора биёед, мо бо шумо суҳбат мекунем, вале бечораҳо камбағал будаанд, имконият надорем мегӯянд…

Рақами телефонро аз Рустам гирифта занг задам.  Мард худро падари Умедаи ҷабрдида- Шокиров Саидшариф муаррифӣ намуда, суроғаи манзилашро дод. Рӯзи дигар сари субҳ мо роҳи шаҳри Кӯлобро пеш гирифтем, то бифаҳмем, ки чӣ мушкиле ин оиларо домангир аст.

Умеда Сайшарифзода:

Шавҳарам се бор талоқамро дод, вале…

Ҷавонзане, ки мушкили оилавиаш падару модарашро сарсону саргардон намудааст, Умеда ном дошта, бисёр лоғарандом аст. Ҳангоми суҳбат ин духтараки аз бахт наосуда оби дида рехта, сарнавишташро ба мо чунин қисса кард:

-Ману Бахтиёр тасодуфан шинос шудем. Пас аз 3-4-рӯзи шиносоӣ модару апааш ба хонаамон хостгорӣ омада, гуфтанд, ки писарашон дар маҳаллаи 91-и шаҳри Душанбе хона дорад ва баъди тӯй домоду арӯс дар пойтахт алоҳида зиндагӣ мекунанд. Волидонам розигӣ дода, маро ба Бахтиёр фотиҳа карданд. Моҳи ноябри соли 2012 бо тӯю тамошо мо риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар пайвастем. Муносибати хушдоманам аввалҳо бо ман хуб буд, вале пас аз оне, ки ба шаҳр кӯчидем, сояи маро аз девор метарошидагӣ шуда монд.

-Чаро? Магар модаршӯятон розӣ набуд, ки шумо дар шаҳр алоҳида зиндагӣ кунед?

-Розӣ буданд. Онҳо бо дуои нек баъди чанд рӯзи тӯй моро ба пойтахт гусел намуданд. Пеш аз тӯй гуфта буданд, ки Бахтиёр худаш хона дорад, аммо баъди ба шаҳр омадан фаҳмидам, ки он манзил ба шавҳари ман нею ба апааш тааллуқ доштааст.

-Хонаи шахсӣ надоштани шавҳаратонро фаҳмида ҷанҷол бардоштед?

-Ман дар ин бора ҳатто лаб накушодаам. Пас аз се моҳи зиндагиамон шавҳарам бо духтари апааш ҷанг шуду ман дар бало мондам. Қайсингилам “шавҳари ту чӣ ҳақ дорад, ки духтари маро мезанад?!” гӯён, оташи қаҳру ғазабашро ба сари мани бегуноҳ рехт, хушдоманам ҳам маро гунаҳкор намуда, чашми дидан накард. Барои он ки вазъият боз ҳам бадтар нашавад, ман ба хонаи модарам рафтам. Мехостам то паст шудани оташи ғазаби хоҳаршӯям дар чашмаш камтар намоям.

 Хушдоманам ба корд зад

-Падаратон дар суҳбати қаблӣ ба мо гуфтанд, ки духтарамро дар хонаи шавҳараш пештар корд зада буданд, вале зиндагиаш вайрон нашавад гуфта, мо онҳоро бахшидем. Ин гап рост аст?

-Бале, рост аст. Вақте ба шаҳр омадем, ман ҳамаи либосҳоямро бо худ нагирифта будам. Барои гирифтанашон аз Бахтиёр иҷозат пурсида ба хонаи хушдоманам рафтам. Модарам пеш аз рафтанам таъкид карда буданд, ки мабодо хушдоманат ягон чиз гӯяд, гапгардонӣ накун, барои ҳамин таънаю пичингҳои модаршӯямро бо сари хам гӯш карда, хомӯшона ба хонае, ки арӯсиам дар он ҷо гузашта буд, даромадам. Хушдоманам корд дар даст аз пасам ба хона даромада суханҳои қабеҳи бисёре гуфт, вале ман ба рӯяш ҳатто сахт нигоҳ накардам. Фақат ҳамин қадар гуфтам, ки хола, Бахтиёр иҷозат дод, ки ман либосҳоямро бигирам. Хушдоманам ба ғазаб омада корди дасташро  ба сӯйи ман ҳаво дод. Корд ба китфам расида хун фаввора зада шорид. Намедонам аз тарс бошад ё аз хунравии бисёр аз ҳуш рафтаам. Хайрият, ки янгаам ҳамроҳам буд. Вай маро бо таксӣ ба беморхона бурдааст. Моро ба экспертизаи судӣ-тиббӣ фиристоданд. Дар он ҷо моро расм гирифтанд. Вақте ба шавҳарам хабар додам, ки модарат маро корд зад, бовар накард. Расмҳоро бо телефон ба ӯ фиристодем. Баъди ин апаю язнааш ба хонаамон омада бахшиш пурсиданд. Падарам гуфт, ки духтарамро бо корд задаанд, дигар зиндагӣ намекунад, вале ман ба хотири шавҳарам хушдоманамро бахшидам. Чанд рӯз пас Бахтиёр маро хабаргирӣ омад. Табъаш болида буд, вале намедонам баъди баргаштанаш наздиконаш ба ӯ чиҳо гуфтанд, ки аз Душанбе занг зада, телефонӣ талоқи маро дод. Ин ҳодиса соли 2013 рӯй дода буд.

 Айбро ба сари ҷоду заданд, вале…

Баъд аз шаш моҳи ҷудоӣ дар як кошонаи ҳусн ба кор даромадам. Шавҳарам ба наздам омада бахшиш пурсид, вале қабулаш накардам. Намехостам дубора бо ӯ оиладор шавам, вале Бахтиёр модарашро ба хонаамон оварду хушдоманам гиря карда гуфт, ки туро ба ман хунукӣ карда будаанд, барои ҳамин дар назарам мисли хук менамудӣ, акнун, ки ҷодуро кушодем, боз туро мисли пештара дӯст медорам. Аз нав бо шавҳарат никоҳ карда, зиндагиатонро давом диҳед, дигар касе ба ту кордор намешавад. Бахтиёр қасам хӯрд, ки талоқи маро додан намехост, вале ӯро маҷбур кардаанд. Аз қозиёт қоғаз оварданд, ки дубора никоҳ кардану зиндагиро идома додани мо мумкин аст. Содагӣ карда ба гапашон даромадам ва бо Бахтиёр никоҳ карда, сари бе ҷанҷоламро боз дар ҷанҷолу ғурбат мондам.

Магар баъди дубора никоҳ карданатон низ хешу табори шавҳаратон ба зиндагии шумо дахолат мекарданд?

-Азбаски шавҳарам хона надошт, мо дар хонаи иҷораи падарам зиндагӣ мекардем. Тани гарм бе дард намешавад, чанде пас шавҳарам бемор шуд. Апаҳояш ӯро хабаргирӣ омаданд ва “ту додари моро ғам дода касал кардӣ” гӯён, боз бо ман ҷангу ҷанҷол бардоштанд. Қайсингилам маро як шаппотӣ зад. Сарамро набардоштам, то боз зиндагиам вайрон нашавад. Онҳо маро дашному ҳақоратҳои бисёре дода,  баромада рафтанд.

 


Ин ҳама мушкилиҳо натавонистанд иродаи қавии ин ҷавони серғайратро бишкананд. Ҷей аз мушкилиҳои пешорӯяш баромада заррае наҳаросида, шабу рӯз кӯшиш менамуд, ки бо кадом роҳе набошад, орзуяшро амалӣ намуда, овозхон шавад….

 


Чаро хоҳаршӯйҳоятон дар бемор шудани бародарашон шуморо гунаҳкор мекарданд?

-Бахтиёр шабҳо ба хона дер меомад, болои ин сару гарданаш пур аз доғҳои кабуд буд. Ман, ки зан ҳастам, албатта рашк мекардам.  Шавҳарам мард шуда истода ҳама гапу хабари дар хона байни ҳардуямон рӯй медодаро ба апаҳояш мерасонд ва онҳо ба шӯр омада, ба сари ман меомаданд. Духтарам дар батнам 2 моҳа буд, вале ҳомиладор будани маро дидаву дониста хушдоманам аз гиребони писараш гирифт, ки ҷавоби занатро худи ҳозир дар назди ман медиҳӣ. Шавҳарам ба рӯйи модараш по мондан нахоста маро боз талоқ дод.

Шавҳарам дар болоям зан гирифт

-Шавҳарам соли 2007 бо як зани дигар ҳам никоҳ карда будааст. Вақте  ҷавоби маро медиҳад, ӯро оварда зиндагӣ мекунад, вале байнашон барои тилловорӣ моҷаро бархоста занаш ӯро ба суд медиҳад. Вақти суду судкашиашон маро ба мошине шинонданд, ки зани шавҳарам низ бо модараш дар он мошин буд. Ҷӯраҳояш гуфтанд, ки агар он зан кӣ будани туро пурсад, нагӯй, ки ту ҳамсари Бахтиёр ҳастӣ, бигӯй, ки ману вай ҳамкорем. Ба хотири тифли батнам розӣ шудам. Пас аз ин як духтари дигарро ба шавҳарам хостгорӣ намуданд, вале дар ин миёна ман духтарча таваллуд кардам ва Бахтиёр ба таваллудхона ба дидани фарзандаш омаду мо боз бо ҳам оштӣ шудем.

Хонадор шуда ба ғам печидем

-Падаратон гуфтанд, ки фарзандашро аз дасти духтарам кашида гирифтан мехостанд. Ин гап рост аст?

-Рост аст. Аз рӯзи аввали хонадоршавиамон рӯйи бахтро надидам. Шавҳарам маро бераҳмона мезад, намемонд, ки ба поёни бинои истиқоматиамон фароям ё аз тиреза ба берун нигоҳ кунам, вале хотири бахт ба ҳамааш тоқат мекардам, вале аз вақте ки ба  кормандони ҳарбӣ хона доданд ва шавҳари ман низ соҳиби манзил гашт, муносибаташ тамоман бад, аниқтараш тоқатфарсо гашт.

Чаро?

-Хешу табори шавҳарам метарсиданд, ки ман кӯдак дорам гуфта, рӯзе ба хона даъвогар мешавам, барои ҳамин мехостанд духтарчаамро аз дастам кашида бигиранду маро аз дар берун кунанд. Мани сода аз мақсади асосии онҳо бехабар “бечора қайсингилам кӯдак надорад” гӯён, ба додани фарзандам розӣ шудам. Фикр мекардам, ки ман солим ҳастам, Худо хоҳад боз фарзанд таваллуд мекунам, бигзор хоҳаршӯям кӯдаки маро ба фарзандӣ қабул карда, худро хушбахт ҳис кунад, вале  баъд нияти онҳоро пай бурда, аз райъам гаштам ва ошкоро гуфтам, ки фарзанди ба каси дигар медодагӣ надорам. Барои ҳамин хешу табори шавҳарам маро бад диданд. Барои он ки кӯдакамро зӯран аз дастам кашида нагиранд, ба хонаи падарам омадам. Вақти бақайдгирии хонаҳо шавҳарам ба сарам омад. Гуфтам, ки ман дигар бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам. Бахтиёр духтарамро гирифта ба Душанбе бурд. Хотири кӯдакам аз пасаш ба шаҳр рафтам. Шавҳарам маро дар хона мисли бандиҳо маҳкам карда, дарро аз болоям қулф карда мерафт. Ману духтарчаам то як поси шаб дар хона маҳкам будем, шавҳарам соатҳои як-дуи шаб баргашта, пушташро ба ман гардонда хоб мерафт.

Ҳамаатонро мекушам мегӯяд

-Сабаби ба редаксия муроҷиат карданатон чист?

-Шавҳарам ҳар вақте ки ҷанг шавем, ба сарам корд кашида таҳдид мекунад, ки мекушамат. Намедонам маро тарс медиҳад ё  аз ростӣ мегӯяд, вале ман чунон тарсон шудаам, ки хоби бароҳат надорам.

-Метарсед, ки вай ин таҳдидашро амалӣ мекунад?

-Вақте ки гапамон гурехта ҷанг мешавем, шавҳарам сарашро ба дару девор зада, лабу рӯяшро хуншор мекунад ва чашмонаш торси хун мешаванд. Чанд бор шабона ба сарам корд кашид. Метарсам, ки ягон бемории руҳӣ надошта бошад.

-Калонсолон, падару модар ва хусуру хушдоманатон кӯшиш накарданд, ки шавҳаратонро насиҳат карда, шумоёнро ба мусолиҳа биёранд?

-Баъд аз ҷангу ҷанҷоли охиринамон модараму хушдоманам нохост ба хонаамон омаданд. Сару рӯямро печонда онҳоро бо хушӣ пешвоз гирифтам. Пас аз рафтани хушдоманам ва духтари қайсингилам ҳамаашро ба модарам фаҳмондам ва доғҳои сиёҳу кабудеро, ки баъди маро бераҳмона задани шавҳарам дар баданам ёдгорӣ монда буданд, нишон дода, гуфтам, ки дигар бо ин марди муштзӯр зиндагӣ кардан намехоҳам. Пештар модарам маро маҷбур мекард, ки ба хотири  фарзандам тоқат кунам, вале косаи сабрам лабрез гашта, дигар тоби бардоштани мушту лагади шавҳарро надоштам.  Гуфтам, ки оча, ман ба шумо даркор набошам, худамро мекушам, вале дигар бо ин мардак зиндагӣ намекунам. Доғҳои баданамро дида модарам розӣ шуд, ки маро ба хонаи худамон барад. Либосҳоямро ғундошта нав то пеши лифт расида будам, ки шавҳарам аз нияти ман огоҳ шуда аз пасамон баромад ва ману модарамро кашолакунон ба хона дароварда, дарро аз дарун маҳкам карда, ҳардуямонро зери мушту лагад гирифт. Хушдоманам аз ҷангу ҷидоли мо огоҳ шуда ба хонаамон омад, вале ба ҷойи насиҳат кардан, баръакс писарашро балво дод, ки зӯрат ба як зан намерасад. Очаю бача дукаса маро заданд. Медонам, ки онҳо кори кардаашонро ба гардан намегиранд, вале ман сабташро дорам…

-Чаро ба мақомот муроҷиат намекунед?

-Ба милитсия муроҷиат карда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои судӣ-тиббиро ба нозири минтақавӣ супоридем, вале то имрӯз ягон чора надидаанд. Ҷияни шавҳарам мудом аз номи одамҳои калон гап зада мегӯяд, ки ба куҷое, ки мехоҳӣ, арз кардан гир, аздусар касе арзатро гӯш намекунад. Як занги ман кифоя аст, ки коро хобонанд. Оилаи моро таҳқир карда мегӯянд, ки шумо камбағали гадоед, гапатон дар ягон ҷо намегузарад. Шавҳарам фаҳмидааст, ки ба редаксия муроҷиат кардем, таҳдид карда истодааст, ки ҳамаатонро мекушам. Бисёр зиндагии ноором дорем, барои ҳамин аз Прокуратураи генералӣ ва Суди олӣ хоҳиш мекунам, ки ба доди мо бирасанд ва  ҳаёти маро наҷот диҳанд!

Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД