arzon replenishment
Келини ғар
3726

 

Арӯси бодовард

Дилбар ба қавли кампиракон думи Саидро гирифта бе тӯю тамошо, шармандавор ба хонаи хушдоманаш омада бошад ҳам, худро ҳокими мутлақи ин даргоҳ эълон намуда, нисбати дигар авсунҳояш беэҳтиромона рафтор менамуд. Азбаски шавҳараш пули калон кор мекарду аҳли оиларо аз ҳама ҷиҳат таъмин менамуд, касе ёрои пишаки ин келини беҳаёро пишт гуфтан надошт. Дилбар зану бачаҳои бародарони шавҳарашро тайёрхӯри дарди сар гӯён, мазаммат мекард ва иддао менамуд, ки агар шавҳари вай набошад, ҳамаашон аз гуруснагӣ мемуранд. Авсунҳояш аз тарси ин балои осмонӣ ҷуръати дар сари дастурхон нишастанро намекарданд. Дилбар ба қавле гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшиду дасташро ба оби хунук ҳам намезад, дигар келинҳо бошанд, рӯзи дароз мисли хар кор карда, шом бо пасмондаи хӯрок қаноат менамуданд.

Келини кордон

Ҳамин тавр солҳо турнасон гузаштанду Дилбару Саид соҳиби ду фарзанд шуданд. Аҷаб дунёест ин дунёи дун, ҳатто падару модар, ки барои фарзанд наздиктарину ғамхортарин касон ба шумор мераванд, ба хотири пулу мол доштанаш Саидро аз дигар бачаҳояшон боло медонистанд ва зану кӯдаконашро эркаю азиз мекарданд. Писару духтари беқарори Дилбар ҳамеша дар оғӯши бобою бибиашон буданд, вале фарзандони дигар келинҳо ягон шӯхӣ кунанд, пиру кампир борони дуою ҳақоратро ба сарашон мерехтанд. Мабодо корҳои шавҳараш барор нагиранд, Дилбари маккора бо ягон баҳона аз хона мебаромаду бегоҳ бо як дарза пул бармегашт. Хусуру хушдоманаш ҳатто ҳавсала намекарданд бипурсанд, ки келини бекорхӯҷаашон ин қадар пулро аз куҷо ёфта омад. Кампиру мӯйсафед Дилбарро дар назди дигар келинҳояшон таърифу тавсиф намуда, мегуфтанд:

-Қандаша занад ҳамин келини хурдӣ, духтари кордон аст! Шумоён бошед, гов барин танҳо хӯрдану хобиданатонро медонеду халос!

Сири фошгашта

Як саҳар ҳанӯз чашми рӯз накафида дарвозаи онҳоро милисаҳо кӯфтанд. Падари Саид онҳоро бо дашному ҳақорат пешвоз гирифту модараш бо ҷорӯб ба сару рӯйи меҳмонҳои нохонда фаровард, ҳамсараш бошад, бо доду фиғон қиёматро қоим кард, вале ин ҳама ҷонкоҳонӣ садди роҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ нашуд, онҳо ба дастони “бачаи пулёб” завлона зада бурданд. Маълум шуд, ки Саиди таърифӣ бо хариду фурӯши нашъа сару кор доштааст.

Дили омӯхта-балои ҷон

Саидро ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Бачаи пулёб дар сари суд аз падару модараш хоҳиш кард, ки ҳамсари ӯро бе назорат нагузоранд, чунки дилаш пур нест. Аз маҳбус гаштани писараш ду моҳ нагузашта, шабе мӯйсафед барои қазои ҳоҷат ба берун баромад ва ногоҳ ба гӯшаш садои пичир-пичиркунон гап задани ду кас расид. Зеҳн монда гӯш доду фаҳмид, ки овоз аз хонаи хоби келинаш Дилбар меояд. Оҳиста ба ҳамон тараф равон шуд ва дид, ки шишаи тирезаро касе канда гирифтааст. Ноаён ба тиреза наздик шуда ба дарун чашм давонд. Набераҳояш масти хоб буданд, келини таърифиаш бошад дар оғӯши як марди ғулмонанд печутоб хӯрда, ҳар дам нолишҳои шаҳватангез мебаровард. Мӯйсафед оташкови дар паси дар хобидаро бардошта ба хона даромад ва ошиқи келинашро ончунон зад, ки қариб мурда буд. Дилбару ҷаҳмандаш базӯр аз чанголи мӯйсафед раҳоӣ ёфта, ҷони худоӣ гӯён, рӯ ба гурез ниҳоданд. Акнун пиру кампир сағерабонӣ мекунанду келини таърифӣ даст ба дасти мардони пулдор мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД