Arzon march 2024
Ишқи зани ланг
2684

Лолаи чӯлоқ дар болои шавҳари тоҷикаш шӯйи афғон кард

Сандалии тақдирсӯз
Одамизод бе ягон айбу нуқсон намешавад, баъзеҳо нуқсони модарзодӣ доранд, бархи дигар бо сабабҳои гуногун нуқсондор гашта, як умр зери таънаю маломат мемонанд. Ман аз тоифаи дуюми одамони маъюб ҳастам. Ҳанӯз дар шашмоҳагӣ аз сабаби серкорӣ ё бепарвогии модар ба даруни сандалӣ афтида, мани бадбахт лақаби “чӯлоқи Лола”-ро гирифтам. Ин ҳодиса тасодуфан рух дода бошад ҳам, як умр дастгиру домангири модар будам, зеро бо сабаби дар курраи оташ сӯхта каҷ шудани пошнаи по ва ангуштонам озодона роҳ гашта наметавонистам. Аз кӯдакӣ ҳамсолонам ба ҳоли ман хандида, “Лолаи чӯлоқ” гӯён, маро масхара мекарданд. Хандаи кӯдакону нигоҳҳои таассуфбори занҳои калонсол ба захми дилам намак пошида, ҷигарамро реш-реш мекард, вале тақдирро тадбир набуд...


Нозанини нуқсдор
Худованд ба ман рӯйи мисли шир сафеду дилкаш, қаду қомати мавзун ва чашмони хуморию чунон мӯйи дарози зебое дода буд, ки одами дидагӣ ҳаваси боз як бори дигар диданашро мекард, аммо нуқсони поям ба рӯйи ин ҳама ҳусну ҷамоли худододам хати батлон мезад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳангоми ба мактаб рафтан поям сахт ба дард омада, маро азият медод. Лангида-лангида ба мактаб рафта аз дугонаҳоям хиҷолат мекашидам. Муаллимони мактаб дониши хуб ва ҳусну ҷамоли маро дида афсӯс мехӯрданд, ки чунин духтари зебо нуқсондор шудааст.
Ҳамин тавр солҳо турнасон гузаштанду мо мактабро хатм намудем. Мехостам ба ягон донишгоҳ ё донишкада дохил шуда, таҳсиламро давом диҳам. Дилам пур буд, ки бо дониши худам дохил шуда метавонам, аммо волидонам “мо дар шаҳр ягон хешу табори наздик надорем, ки дар хонааш зиндагӣ када тавонӣ, дар хобгоҳ бо ин ҳол ту сахт азоб мекашӣ, духтарҷон” гӯён, садди роҳам гаштанд.


 МУРДАХӮР ДАР ДАРАИ АЛМОСИИ ҲИСОР


 Гули зебои бе харидор

Дар як миҷа задан аз байн 4-5 сол гузашт. Дар ин миён дугонаҳоям пайи ҳам ба шавҳар баромада, соҳиби ду-сетогӣ фарзанд шуданд, аммо касе бо нияти хостгорӣ дари моро намекӯфт. Волидонам барои бахти ман дарун – дарун месӯхтанду эҳсос мекарданд, ки дар бадбахтии ман онҳо гунаҳгоранд, вале ҳамаро аз тақдиру насиб дониста маро тасаллӣ медоданд, ки ғамгин нашавам, Худованд ҳеҷ бандаашро дар ин дунё як умр танҳою зор намемонад. Ман ҷуръати ба рӯйи падарам нигариста гап задан надоштам, вале дар хилват мудом бо модарам ҷанҷол мекардам, ки шумо на танҳо ҳаёти маро сӯзондед, балки садди роҳи таҳсилам гашта, имкон надодед, ки ақаллан хонда соҳиби диплом шаваму аробаи зиндагиамро худам ба пеш кашонам. Билохира аз гилаҳои ман ба ҷон расида, модарам падарамро ба гап даровард ва онҳо розӣ шуданд, ки маро бо нияти хондан ба шаҳр фиристанд, аммо...

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз...
Ҳамон шабу рӯзе, ки дар тараддуди дуруст кардани ҳуҷҷатҳоям будам, якбора ба хонаамон хостгор омад. Як пойи ҷавон мисли худи ман ланг будааст, аз ҳамин сабаб “ба ҳамдигар мувофиқанд”гӯён, дарҳол розигӣ доданд ва дар байни ду ҳафта тӯйи хоксоронае ороста, маро ба хонаи бахтам гусел карданд.
Аҳли оилаи шавҳарам бою бадавлат набошанд ҳам, одамони хуб буданд ва зиндагии осоишта доштанд. Шавҳарам низ чандон инсони бад набуд. Дар бадали чор сол мо соҳиби ду фарзанд гаштем. Акнун хонаи хусурам барои зиндагии оилаи калон тангӣ мекард ва онҳо қарор доданд, ки барои гирифтани манзил ба ҳукумат муроҷиат хоҳанд кард....

Накҳати тозаи шаҳр
Азбаски шавҳарам маъюби гурӯҳи якум буд, барояш аз шаҳр хона доданд ва мо бо дуои сафеди хусуру хушдоманам ба пойтахт кӯчидем. Дигар касе набуд, ки дар кашидани аробаи зиндагӣ кӯмак расонад, аз ҳамин сабаб ба худ қарор додам, ки кӯдаконамро ба боғча супурда, минбаъд миёнамро маҳкам мебандам ва зиндагиро бо қувваи худам пеш мебарам. Бо ҳамин мақсад дар назди як зани ҳунарманд шогирд истода, дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои ороиши занонро омӯхтам ва дар кошонаи ҳусн ба кор даромадам. Акнун ҳар саҳар худро орову торо дода, бачаҳоямро ба боғча мебудам ва шавҳарамро хонабон монда ба кор мерафтам...

Ишқи афғонӣ
Дар рӯ ба рӯи корхонаи мо дорухонаи калоне буд ва гоҳу ногоҳ барои харидани доруворӣ ба он сар мехалондем. Соҳиби дорухона як марди афғон буд ва ба ман бо чашми харидорӣ нигариста, гап мепартофт. Аввалҳо ба хушгӯиҳои ин афғони пир чандон аҳамият намедодам, вале ӯ думболи маро раҳо накарда, дар ҳар ид туҳфаҳои қиматбаҳо тақдим мекард ва “хайру саховат дар он дунё дари ҷаннатро ба рӯйи кас мекушояд” гӯён, бо ҳамин баҳона тез-тез ба ман пул медод, то ки барои фарзандонам хӯрданиҳои бомаза ва сару либос бихарам....


 НОЗАНИН: ШАВҲАРАМ ҲАМХОБАГИЯМРО БА ҲАМА НАҚЛ МЕКУНАД 


 Ғуломи нафс

Оҳиста-оҳиста он марди афғон бо пулу мол ва гапҳои ширин дили маро ба даст оварда ба худ моил гардонд. Ростӣ, чӣ тавр ба шавҳарам хиёнат карда ба оғӯши он марди аҷнабӣ даромаданамро худам ҳам нафаҳмида мондам. Ӯ ба ман ёрдами бисёр карда, ҳамеша дар кашидани бори гаронӣ зиндагӣ кӯмак мерасонд. Ишқи сарват чашми маро чунон кӯр када буд, ки на танҳо шавҳарам, балки ҳатто кӯдаконам низ дигар дар назарам наменамуданд. Акнун мани замоне покдоман тайёр будам, ки ба хотири ин марди бою бадавлат, ки дар Афғонистон боз се зани дигар дошт, ҳама чизро қурбон намоям...

Зани душавҳара
Ошиқи афғонам дар назди ман шарт гузошта гуфт, ки агар бо ӯ никоҳ карда, ҳамсараш гардам, маро малика хоҳад кард. Бе ягон андеша розӣ шудам ва шавҳар доштанамро аз муллое, ки барои никоҳ кардани мо омада буд, пинҳон дошта, ба никоҳи ин марди афғон даромадам. Дар болои шавҳарам шавҳар кардани маро ба ҷуз аз ошиқам, худи ман ва Худованд дигар касе намедонист, чунки дар назди ҳамкоронам ман сир бой надода, чунон вонамуд мекардам, ки гӯё он афғонро аслан намешиносам ва коре ба кораш надорам, аммо...

Пул дар кисаю ғам дар дил
Шавҳари афғонам Раббонӣ ном дошта бисёр сарватманд аст. Ӯ маро ба хориҷи кишвар бурда, бо пули калон поямро ҷарроҳӣ кард. Акнун бе ягон мушкилӣ роҳ мегардам ва дигар касе лангу чӯлоқ гуфта, маро масхара карда наметавонад. Бо кӯмаки шавҳари навам ба соҳибкорӣ даст зада, корхонаи хусусӣ кушодам. Имрӯз дар таги дасти ман чандин нафар занону духтарон кор карда истодаанд, вале...
Бо ин ҳама дороӣ имрӯз худро бисёр ҳақир ва бадбахт эҳсос мекунам. Бори гарони гуноҳ рӯз то рӯз қалби маро бештар фишурда истодааст. Метарсам, ки ин сирри нангин фош гашта, дар назди дӯсту душман шармандаю рӯсиёҳ мешавам. Ҳамеша дар ҳаросам, ки тақдири ояндаи ман чӣ мешуда бошад? Аз он ки по ба кӯйи хиёнату бевафоӣ ниҳода дар болои шавҳарам шавҳар кардам, сад бор пушаймонам, вале афсӯс, ки хатои худро хеле дер фаҳмидам. Медонам, ки аллакай кор аз кор гузаштаасту дигар на Худо маро мебахшад ва на бандагонаш, аммо...
Хонандагони азизи “Оила”, илтимос, ба мани роҳгумзада маслиҳат диҳед, оё ягон роҳе ҳаст, ки доғи ин гуноҳи нобахшиданиро бишӯяд?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД