Arzon march 2024
Нозанин: Шавҳарам ҳамхобагиямро ба ҳама нақл мекунад
03.02.2020
Р. Азимӣ
5157


Ман як ҷавонзани 28-и соҳибмаълумот ва модари ду фарзанд аз ҷабри шавҳар ба дод омадааму намедонам дардамро ба кӣ гӯям. Аз ҳамин хотир ба сомонаи Оила муроҷиат намудам, то аз одамони дар зиндагӣ таҷрибадор маслихат бипурсам.

Гап дар сари он аст, ки дар тӯли 10 соли сар ба як болин ниҳоданамон аробаи зиндагиро худам ба танҳоӣ мекашам. Таъмини хӯрду хӯроки хона, сару либоси кӯдакон, китобу дафтар ва хароҷотҳои мактаб, хулоса тамоми каму кости зиндагӣ факат ба зиммаи ман аст. Шавҳарам чунон танбал аст, ки дасташро ҳатто ба оби хунук намезанад. Дар 10-соли зиндагӣ ин марди беномус ба ману фарзандонам ҳатто як ҷӯроб нахаридааст, лекин чунон дағдаға мекунад, ки ногуфтанӣ. Худо накарда ягон рӯз аз кор дасти холӣ биёям, шавҳарам рӯзамро ба рӯзи саг табдил медиҳад. Кўдаконам рӯз то рӯз калон шуда истодаанду талаботашон меафзояд, дигар ниёзҳои онҳоро таъмин карда наметавонам. Аслан падар бояд барои фарзандон мояи ифтихор бошад, то онҳо ба ӯ пайравӣ намуда, роҳу равиши зиндагиро омӯзанд, бачаҳои ман аз бекорхӯҷаву бепарвояшон чиро ёд мегиранд?
Аз чунин зиндагӣ хаста шудаам. Барои чӣ кор намекунед гӯям, дар ҷавоб шавҳари худпарастам мегӯяд, ки ман барои чӣ зани хондагӣ гирифтам, то оне ки ту ҳастӣ, шавҳарат пояшро болои пой гузошта хоб меравад. Ин марди танбал худашро мусалмони асил мегирад ва фақат як гапро дастак кардааст: Биҳишти зан дар кафи пойи мард аст, хоҳӣ, ки худо аз ту розӣ бошад, хизмати маро аз дилу ҷон мекунӣ! Росташро гӯям, дигар на майли биҳишт дорам ва на қуввату дармони ба ин марди тайёрхӯр ва беномус хизмат кардан, чунки бар замми танбалию тайёрхӯриаш шавҳарам боз ғайбатчӣ ва занакфеъл аст. Байнамон чи гапу коре, ки нашавад, чӣ дар ҷойгаҳи хоб ё чӣ дар зиндагӣ нарезондаю начошонда ҳамаашро ба падару модар, хоҳару бародар, хешу табор ва ҳатто ба ҷӯраҳояш нақл мекунад. Корҳои шавҳарамро дида хун ба сарам мезанад, лекин ночор дандон ба дандон монда, тоқат мекунам. Баъзан фикр мекунам, ки аз чунин падар доштан бе падар будани бачаҳоям беҳтар аст. Вақтҳои охир тез-тез фикри аз шавҳарам ҷудо шудан ба сарам мезанад, аммо ҳеҷ ба як хулосаи аниқ омада наметавонам. Барои ҳамин ба Oila.tj муроҷиат намудам, то аз шумо, муштариёни азизи сомона маслиҳат бипурсам. Магар аз шавҳари бекорхўҷаю ғайбатчӣ, ки кораш рӯз то бегоҳ хўрдану хоб рафтан ва интернетбозию арақхӯрист, бе шавҳар будан беҳтар нест?
Нозанин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД