Sebiston new 2024 october
Зане, ки шеру палангро афсун мекунад
2321

 

Зуҳро Эмомназарова солҳои зиёдест, ки ба нигоҳубини ҳайвонҳои ваҳшии “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе машғул аст. Мехоҳед донед, ки ин зани тоҷик чӣ гуна ба дили шеру паланг ва гургу шағол роҳ ёфтааст? Пас, ба суҳбати мо мутаваҷҷеҳ бошед!

-Зуҳро, баъзе одамон ҳатто бо ҳамҷинсони худашон забон ёфта наметавонанд. Ба шумо чӣ гуна муяссар гашт, ки дили шеру паланг ва дигар ҳайвонҳои ваҳширо ба даст биёред?

-Ману шавҳарам муддати 10 сол зиндагӣ карда фарзанддор нашудем. Бефарзандӣ оқибат моро аз ҳам ҷудо кард. Хонавайронӣ алами бузург аст, инро танҳо касе фаҳмида метавонад, ки заҳри ҷудоиро чашидааст. Дар хонаи падару модарам ман сахт азоби руҳӣ мекашидам, кор ба ҷое расида буд, ки дигар на касеро дидан мехостам ва на шунидан. Ҳолати маро дида яке аз ҳамсояҳоямон маслиҳат дод, ки дар боғи ҳайвонот ба кор дароям. Вақте ба ин ҷо омадам, аввал шубҳа карданд, ки шояд забони ҳайвонҳоро наёбам, вале баъди чанд рӯз Радик, устодам бо дили пур гуфт: “Ман дар ин ҷо бошам ё набошам, Зуҳроро ҳеҷ гоҳ аз ҳайвонҳо ҷудо накунед, чунки касе мисли ин духтар ба осонӣ забони ҳайвонотро ёфта наметавонад”.

-Воқеан ҳатто мардони паҳлавон ҷуръати ба шер ё паланг наздик шудан намекунанд. Шумо, як зани нозукандом чӣ гуна ҷуръат карда ба назди онҳо медароед?

-Танҳо шумо не, тамоми тамошобиноне, ки ба боғи ҳайвонот меоянд, ҳайрон мешаванд, ки чӣ хел як зани деҳотӣ натарсида, пушти шерро мехорад ё панҷаи хирсу гургро ба дасташ гирифта, бозӣ мекунад.

-Мегӯянд, ки морбозон дуои афсуни морро медонанд. Шумо дуои афсуни шеру палангро медонед ё бо ягон роҳи дигар дили ин даррандаҳои ваҳширо ба даст меоред?

-Морбозҳоро намедонам, вале шеру палангу хирсу гургро бо ягон дуо афсун карда намешавад. Ягона роҳи ба даст овардани дили ин ҳайвонҳои ваҳшӣ муносибати нек бо онҳост. Худованд ба ҳайвонҳо ақл надода бошад ҳам, ҳиссиёташон хеле баланд аст. Вақте ки касе ба онҳо наздик мешавад ё ба қафасашон медарояд, дарҳол дилу нияташро пай мебаранд. Вақте ки ман ба онҳо хӯрок меорам, ба таври худашон ба ман миннатдорӣ баён карда, дастонамро мелесанд. Ман онҳоро мисли фарзандони худам дӯст медорам ва баъзан ҳатто алла мегӯям. Вақте ки хоби шер, паланг, гург ё ҳайвони дигари дӯстдоштаам бурд, бисёр оҳиста ва бо эҳтиёт аз қафас берун мешавам, то ки нороҳат нашавад.

-Шудааст, ки ягон ҳайвони нигоҳубин мекардаатон ба шумо ҳуҷум карда бошад?

-Касби ман бисёр хавфнок аст, чунки даранда дар қафас бошад ҳам, дарранда аст ва ҳар лаҳза метавонад хислати ҳайвониаш хуруҷ намояд. Махсусан шери нарина дар вақти ҷуфтшавӣ бисёр ғазаболуд мешавад. Худо накарда ба ягон хатои кӯчак роҳ диҳед, шер дар як лаҳза одамро пора-пора карда мехӯрад. Барои ҳамин ман бо зораю илтиҷо ӯро аз як қафас ба қафаси дигар мегузаронам. Роҳбарамон ҳамеша таъкид карда меистанд, ки худатро эҳтиёт, эҳтиёт ва боз ҳам эҳтиёт кун.

-Чанд сол пеш ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе як шер якбора панҷ шербача зоида буд. Дар байни мардум қиссаҳои бисёре давр мезананд, ки гӯё модашер баъди зоиданаш садамаи сахти руҳӣ гирифтаасту шумо шербачаҳоро бо шири худатон калон кардаед. Ин овозаҳо ягон асос доранд?

-Шояд шумо бовар накунед, вале вақте ки ман писарамро таваллуд кардам, ҳамагӣ се рӯз дар хона хобидаму халос. Рӯзи чорум ба ҷудоӣ аз ҳайвонҳои дӯстдоштаам тоб наоварда, кӯдаки навзодамро ба модарам монда, аз Сарчашма ба шаҳр, ба боғи ҳайвонот омадам, то ки аз аҳволи бачаҳои пашминам (Зуҳро ҳайвонҳояшро чунин меномад) хабар бигирам. Дар назари дигарон онҳо шояд манфур ва бадбӯй намоянд, вале барои ман ҳар як ҳайвоне, ки парасторӣ менамоям, мисли фарзанд азиз аст. Ман зиндагии худро бе ин шерҳои азимҷусса, хирсҳои каҷпо, ки бисёр хандаовар мерақсанд ва гургу паланги зебою мағрур ҳатто як лаҳза тасаввур карда наметавонам. Ҳолатҳое буданд, ки шири пистонамро дӯшида ба шербача ва хирсу паланг медодам. Модарам барои ин корам маро сахт сарзаниш мекарданд...

-Синну соли ҳайвонҳои парвариш мекардаатонро медонед?

-Шери калон 17 сол дорад, хирсҳои калонамон яке 25-солаю дигарӣ 20-сола аст. Ба ғайр аз ин, боз як шери 7- сола ва гурги 7-6- сола дорам. Худатон дида истодаед, ки даруни ин қафасҳо пур аз ҳайвон аст. Албатта ман синну соли тамоми ҳайвонҳоро намедонам, вале бо аксарияташон ба осонӣ забон меёбам.

-Соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк ҳастед. Бачахоятон шуморо ба ҳайвонҳо рашк намекунанд?

-Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки на фарзандонам хафа шаванду на ҳайвонҳоям, вале чанд рӯз пеш писарам Ҷаҳонгирро аз мактаб ба боғи ҳайвонот овардаму хирси калонро навозиш карда истода, тасодуфан аз даҳонам баромад, ки Мишаҷон, ман туро ҳатто аз Ҷаҳонгир ҳам зиёдтар дӯст медорам. Писарам ин гапро шунида сахт ранҷид ва аз ман дур шуд. Дилам сиёҳ шуда гиря кардам. Хайрият, ки Ҷаҳонгири ман бачаи бафаҳм аст, баъди чанд лаҳза боз худаш ба наздам омада “Очаҷон, акаҳома хӯрок дода, оббозӣ даровардӣ” гӯён, маро оғӯш кард. Баъд дар хона ба писарам бо гапи хуб фаҳмондам, ки ту дар қафас нестӣ ва дар куҷое, ки хоҳӣ мегардӣ, ҳайвонҳои бечораро бошанд, дар пушти панҷара нигоҳ медоранд. Онҳо зиқ мешаванд, ман бояд бо меҳрубонӣ каме ҳам бошад, он бечораҳоро хурсанд созам...

-Вақте ки ба қафаси ягон ҳайвон медароед, ҳолати руҳӣ ва чӣ тавр рафтор карданашро ҳис мекунед?

-Солҳои зиёд дар боғи ҳайвонот кор карда, ман хислату хӯйи ҳар кадоми инҳоро хуб омӯхтаам. Медонам, ки кадомаш кай асабӣ мешавад, кай мегазад, кай маро ба худаш наздик шудан намегузорад ё сахт хафа карда метавонад. Вобаста ба ҳолати руҳиаш бо ҳар як ҳайвон муносибат мекунам, агар бинам, ки табъаш болида аст, шӯхию бозӣ мекунам, вале ҳис кунам, ки озурда аст, навозиш карда, каме ҳам бошад, ғубори дилашро мебарорам. Бубинам, ки сахт хашмгин аст, хӯрокашро монда оҳиста берун мешавам, то ки ба ман ҳуҷум накунад.

-Ҳамкоронатон мегӯянд, ки Зуҳро бо ҳайвонҳо дугона аст...?

-Рост мегӯянд, агар ман аз ягон чиз ё ягон кас хафа шавам, ба хирсаки раққосаам Зоя дарди дил мекунам ё дар назди гург гиря карда, диламро холӣ мекунам. Онҳо ҳолати маро хуб дарк мекунанд ва дасту рӯямро лесида маро навозиш мекунанд. Дугонаи аз ҳама наздики ман модашер аст. Аз нигоҳу ҳаракатҳояшон эҳсос мекунам, ки вай ҳамчун зан маро хубтар мефаҳмад ва дилбардорӣ мекунад.

-Рӯзҳои ид одамони зиёде ба тамошои боғи ҳайвонот меояд. Ҳайвонҳо аз ин хурсанд мешаванд ё баръакс ба ғазаб меоянд?

-Азбаски ҳайвонҳо солҳои дароз дар қафас ҳастанд, ба онҳо доду вой ва чапакзаниҳои бардавом намефорад, вале вақте ки барои оббозӣ дар тағораҳояшон об мерезам, чунон шодӣ мекунанд, ки тамошобинон аз дидани ин манзара ба ваҷд меоянд. Баъзан дастамро мушт карда, ба хирсак Миша нишон медиҳам ва қаҳри ӯро оварданӣ шуда мегӯям, ки як чизи бисёр бомаза дорам, вале онро ба ту не, ба Шаха медиҳам. Миша саросема дасти маро кушода мебинад, ки чизе нест ва аз қаҳру ғазаб даст ё пояшро мегазад. Баъзе тамошобинон ин бозии моро дида гумон мекунанд, ки ман руҳан носолим, яъне девонаам ё пӯсти хирсро ба тани ягон одам кашида онҳоро фиреб дода истодаем...

-Дар набудани шумо ҳайвонҳоро кӣ нигоҳубин мекунад?

-Шогирдоне дорам, ки кори маро анҷом медиҳанд, вале худам муддати дуру дароз аз онҳо дур монда наметавонам. Дар куҷое бошам, телефон карда ҳолашонро мепурсам. Баъзан ба гурги сиёҳ мегӯям, ки Худо накунад, ки ману туро аз ҳам ҷудо кунад. Бовар мекунед, ҳайвони бе забон ин гапро шунида, гиря мекунад. Барои гургро ором кардан сарашро сила карда мегӯям, ки ман ҳанӯз зиндаам, чаро гиря мекунӣ? Гургаки меҳрубонам дастонамро мелесад...

-Дарде доред, ки тариқи сомонаи мо гуфтан мехостед?

-Дорам! Баъзеҳо ба тамошои боғи ҳайвонот омада, ҳайвонҳои бечораро озор медиҳанд, санг мезананд. Вақте мегӯӣ, ки як ҳайвони бе забонро озор додан гуноҳ аст, ситеза карда мегӯянд, ки хайр, чӣ шудааст, бо як санг задан намемурад-ку! Аз дидани чунин манзараҳо бисёр ғамгин мешавам. Ба касоне, ки ба тамошои боғи ҳайвонот меоянд, гуфтаниям, ки нисбати ҷонварон бераҳмӣ накунанд, чунки ҳайвонҳо бисёр дили нозук доранд. Дар даруни панҷа будан барои шер, гург ё паланге, ки худованд ӯро барои озод зистан офаридааст, худаш як санҷиши сахти руҳӣ аст. Бо сангзанӣ ва рафтори ноҷои худ ин ҷонварони бе забонро азоби дучанд надиҳед!  

Суҳбаторо

Маҳинаи Давлат

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД