Formula novemver 2024
Фазлиддини сезана
2795

 

Як гулу сад харидор
Зебунисо духтари шаҳрии барф барин сафед ва қоматбаланду зебою олуфта аст. Талабгорони ин нозанини парипайкар аз мӯйи сараш зиёд бошанд ҳам, духтарак мағрурона ишқи тамоми ошиқони ҳусну ҷамолашро пушти по мезад. Зебунисо аз ҳусни худододаш болида, назараш одаму оламро намегирифт, аммо...

Хандаи бахт
Бозии тақдирро бинед, ки ин гули серхаридор насиби як ҷавони одӣ гашт. Шавҳараш Икром аввалҳо бачаи бад наменамуд, зиндагиашон шоҳона набошад ҳам, ба касею чизе зор набуданд, вале баъд чархи тақдир бо ин оилаи ҷавон бозӣ карда, онҳоро бераҳмона ба гирдоби санҷишҳои хеш кашид...

Зояро диду Зеборо фаромӯш кард
Икром ба хотири беҳтар кардани шароити зиндагиашон қатори дигар ҷавонмардони тоҷик роҳи Русияро пеш гирифт. Зебунисо умедвор буд, ки акнун ҳаёти оилавиашон ранги дигар гирифта, шавҳараш даста-даста пул мефиристад, вале хаёлаш хом баромад. Баъди ба Русия рафтан Икром зану фарзандашро аз ёд баровад, дигар на маблағ мефиристод ва на занг зада аз ҳолу аҳволашон пурсон мешуд.

Алами танҳоӣ
Зебунисо барои пеш бурдани зиндагии худу писаракаш Сайёд дар як кошонаи ҳусн ба кор даромад. Рӯзона бо кор андармон шуда, чӣ тавр гузаштани вақтро намефаҳмид, вале ҳамин ки шаб фаро расид, дарду аламаш рӯ зада, то саҳар дарун ба дарун худашро мехӯрд. Аламаш меомад, ки аз байни талабгорони зиёде Икромро интихоб кард, вале он ношукр думболи ким-кадом занҳои рус гаштааст...

Лайлию Маҷнуни сонӣ
Тақдир дар ана ҳамон шабу рӯзҳои душвори танҳоӣ Зебунисоро бо Фазлиддин ном ҷавонмарди зебои хушқаду қомате ошно намуд. Аввалҳо дӯстона сӯҳбат мекарданд, вале баъд онҳо бо ҳамдигар унс гирифта, мисли Лайлию Маҷнун ошиқи зори якдигар гаштанд. Фазлиддин дар кашидани аробаи зиндагӣ ба Зулайхо ёрӣ расонида, худро марди ҳақиқӣ ва дисӯзу ғамхору меҳрубон нишон медод. Маҳз ба хотири ҳамин хислаташ Зулайхо Фазлиддинро дӯст медошт ва ин марди дасткушодро аз даст додан намехост....

Зани душавҳара
Ҳамин тавр аз Икром талоқ нагирифта, Зулайхо дар болои шавҳараш шавҳар кард ва бо Фазлиддин никоҳи мусалмонӣ баста, зиндагии муштаракро оғоз намуд. Зулайхо бо шавҳари наваш худро хушбахт эҳсос мекард, аммо бозии тақдирро бинед, ки чанде пас шавҳари солҳо ёди зану фарзанд накарда, баъди чанде ба Ватан баргашт. Дар болои ӯ шавҳар кардани занашро шунида, фиғони Икром ба фалак печид. Фазлиддин ҷангу ҷанҷоли сахти Зулайхоро бо шавҳараш Икроми хашмгин дида, рӯ ба гурез ниҳод, то ба сараш ягон фалокат наояд...


 ПАДАРАМ БО ЗАНУ ФАРЗНДОНАМ МАРО ПЕШ КАРД


 Сари зулфи ту набошад...

«Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре» гӯён, Фазлиддин ба зудӣ арӯси нав ёфт. Зулайхо дар ҳусну ҷамол аз Зебунисо монданӣ надошт. Фазлиддин дили падару модари ин духтари маҳҷабинро ба даст оварда хонадомод шуд. Ниҳоли ишқи онҳо боровар гашта, пай дар пай соҳиби се фарзанд гаштанд. Зиндагии Фазлиддину Зулайхо бо маҷрои хеш пеш мерафт, аммо...

Никоҳи дубора
Дар ин миён чӣ шуду чӣ монд, ки Икром боз Зулайхоро партофта ба Русия рафт ва дигар суроғаш накард. Файлиддин ин хабарро шунида, дубора ба суроғи Зулайхо рафт ва аз нав ӯро ба никоҳаш даровард. Зулайхо аз Фазлиддин 2 писар ба дунё овард, вале соҳиби ду зану панҷ фарзанд гашта бошад ҳам, нафси саркаши ин марди булҳавас ҳамоно ором намегирифт...

Дар ҷустуҷӯйи сайди нав
Фазлиддини дузана бо Зулайхо ва Зебунисо қаноат накарда, ба ҷустуҷӯйи сайди нав афтид. Шикораш барор гирифт ва аз ноҳияи Рӯдакӣ Гулбаҳор ном духтараки зебоеро ёфта, ба доми худ афтонд. Гулбаҳор танҳо бо шарти расман аз қайди никоҳ гузаштан ба издивоҷ розӣ шуд...

Марди сезана
Фазлиддин ду зан дошта бошад ҳам, на бо Зулайхо ва на бо Зебунисо ақди никоҳи расмӣ надошт, аз ҳамин сабаб бе ягон дудилагӣ ин шарти арӯсшавандаашро қабул кард. Ҳамин тавр соли 2015 онҳо дар САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ расман ақди никоҳ баста риштаи тақдирашонро бо ҳам пайвастанд. Гулбаҳор бехабар аз дузанагии шавҳараш фарзанд таваллуд кард, то ки зиндагиашон мустаҳкам шавад, аммо...

Сирри фошгашта
Дар дунё ягон сирру асроре нест, ки то охир пинҳон монад. Сирри Фазлиддин низ оқибат фош гашта, Гулбаҳор аз боз ду зани дигар доштани шавҳараш хабардор шуд. Вай қиёматро қоим карда, ҳар рӯз аз гиребони шавҳараш мегирифт, ки чаро бо макру фиреб ӯро ба дом афтонда ҳаёташро сӯхт. Барои аз ҷангу хархашаи ҳамсараш халос шудан Фазлиддин қасами бардурӯғ хӯрда, гуфт, ки вай пеш аз издивоҷ бо Гулбаҳор Зулайхо ва Зебунисоро ба никоҳаш дароварда буд, вале ситораҳояшон мувоффиқ наафтид, барои ҳамин ҷавоби онҳоро дода, бо ӯ хонадор шуд. Занаки сода ба ин гапи дурӯғи шавҳараш бовар карда, зиндагиро бо Фазлиддин идома дод, вале...

Ҷазои марди сезана чист?
Фазлиддин дар як вақт бо се зан зистаю хоҷагии умумӣ пеш бурда, бо ин рафтораш ҷинояти дар моддаи 170-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ, муқаррар мекунад, содир намудааст. Дар асоси талаботи моддаи 246-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии мазкур барои тасдиқи фикри айбдорӣ ва фиристонидан ба суд ба прокурори шаҳри Ҳисор пешниҳод карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД