arzon replenishment
Манижа маро занкалон кард
3251

Манижа ном духтаракеро дӯст дошта ба занӣ гирифтам. Занам чунон бадрашк аст, ки ногуфтанӣ.

Аз рӯйи ҳамин хислати бадаш пеш аз тӯй чанд маротиба сахт ҷанҷол шудем ва хостам фотиҳаро гардонам, вале Манижа боз золигарӣ карда, қасам мехӯрд, ки дигар чунин рафтор намекунад. Духтари мардум аз фотиҳа гашта, шарманда нашавад, гӯён, ҳарчи бодо бод гуфта бо Манижа хонадор шудаму ба сарам бало харидам. Буҷули занам баъди тӯй якбора асп хеста, маро ягон зарра писанду манзур намекунад. Вай мисли муфаттиш ҳар шаб телефни маро мекобад. Худо накарда, ягон духтараки ҳамкорам занг занад ё СМС нависад, Манижа қиёматро қоим мекунад. Чандин бор ӯро зери мушту лагад гирифтам, вале ҳеҷ нест, ки одам шавад. Намедонам ба ин духтари бадрашк бо кадом забон фаҳмонам, ки ман бо ягон зани дигар робата надрам, агар маъшуқа медоштам, ҳаргиз бо ӯ хонадор намешудам.
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, занам бар замми бадрашкиаш бисёр шаттоҳу нописанд аст. Як коса об биёр гӯям, дод мезанад, ки магар худат даст надорӣ, хеста обатро нӯшидан гир! Бародару хоҳаронам ба ҳоли ман хандида мегӯянд: “Муборак шавад Парвизбой, аллакай ЗК шудаӣ- ку!” Метарсам, ки рафтори аблаҳонаи занам маро натанҳо дар назди хешу табор, балки ёру дӯстонам ҳам шарманда месозад ва ба занкалонӣ ном мебарорам.


Меҳрӣ дар оилаашон фарзанди кенҷагӣ ба ҳисоб мерафт. Падараш Маҳмуд ҷавонмарди зебои чорпаҳлӯ бошад ҳам, ишқи маю шароб ӯро аз кӯчаи одамгарӣ бароварда буд.


26Yc7jyCOnXqYo55PQ6HIdZCWVgoDX2YmDbyTPAa


Насиҳат мекунам, мезанам, мефаҳмонам, ки агар бадрашкию бадзабонию шаттоҳиашро напартояд, ӯро дафъ мекунам, аммо Манижа боз телефонамро мекобад, ҷангу ҷанҷол мебардорад ва дар назди ҳама ба ман гап мегардонад. Ин арӯси шаттоҳ на бо гапи хуб одам мешаваду на мушту лагад ба ӯ таъсир мекунад. 

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Талоқашро дода зани бадрашку нописандамро аз дар берун кунам ё ба тақдир тан дода, занкалониамро ба гардан бигирам?

Парвиз, аз ш. Турсунзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Пулатова Чамилабону 2019-10-24, 19:03
Хай, хай писари хуб, ин корро накунед. Бо худаш хушмуомила бошеду сухбати самими ороед. Баьди ба хулосае омадан дар такдиратон бошад, чизе гуяд бо лабханд чавоб дихед. Задану чанчол кардан рохи халоси шуда наметавонад. Бо мурури замон у Шуморо хатман мефахмад. Маслихатхои дигар ба аклу хирад ва заковати Шумост.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Пулатова Чамилабону 2019-10-24, 19:03
Хай, хай писари хуб, ин корро накунед. Бо худаш хушмуомила бошеду сухбати самими ороед. Баьди ба хулосае омадан дар такдиратон бошад, чизе гуяд бо лабханд чавоб дихед. Задану чанчол кардан рохи халоси шуда наметавонад. Бо мурури замон у Шуморо хатман мефахмад. Маслихатхои дигар ба аклу хирад ва заковати Шумост.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД