arzon replenishment
Фарҷоми талхи умри ширини Мижгона
5143

Ашк як лаҳза ба миҷгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст


Дар ҳақиқат умри инсон ба ҳамон як қатра ашки сари миҷгон шабоҳат дорад. Ҳар лаҳзаи ҳаёти мо метавонад лаҳзаи вопасини зиндагӣ ва ҳар як нафасамон нафаси охирин бошад. Далели равшани ин гуфтаҳо марги нобаҳангоми як духтараки нозанини тоҷик аст, ки ҳамагӣ 20 сол дошт. Дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде дошт ин паричеҳра, аммо беэҳтиётии як ронандаи сабуксар дар як лаҳзаи кӯтоҳ орзуҳои ӯро ба хоки сиёҳ яксон намуда, ҷисми аз гул нозуктарашро ба хун оғӯшта гардонд.
Санаи 10-уми феврал, набераи адиб ва рӯзноманигори тоҷик Шодӣ Саттор-Мижгона Сатторова ба садамаи нақлиётӣ дучор гашта, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.


ЯНГААМ КӮДАКИ МАЙМУНБАШАРА ЗОИД


 Мижгона хатмкунандаи МТМУ №25-и шаҳри Панҷакент буда, дар клипи Хушовари Хуршед “Умри Ширин” нақши аҷибе бозида буд. Дар ин клип як манзараи ҳузнангез ва дилрешкунандае вуҷуд дорад- Мижгонаи мисли парӣ зебо аз асп афтида, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Одатан мошинро ба асп ташбеҳ медиҳанд. Тақдирро бубинед, ки билохира ана ҳамин аспи оҳанин риштаи умри ҷавон ва ширини ин нозанинро барканда, боиси ҳалокати Мижгона гашт. Ҷанозаи ин гулдухтари ҳанӯз аз сад гул як гулаш нашкуфта дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент барпо гашта, дӯстону пайвандонаш бо нолаҳои ҷигарсӯз Мижгонаи нозанинро ба водии хомӯшон гусел намуданд. 

Ҷойи тазаккур аст, ки вақтҳои охир ҳолатҳои зери чархи мошин мондани роҳгузарон зиёд ба чашм мерасанд. Ҳангоми гузаштан аз роҳҳо эҳтиёт бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД