Фарбеҳӣ дар хоб ҳамчун дороӣ таъбир мегардад. Нафаре, ки худро дар хоб фарбеҳшуда хоб мебинад, боигарияш афзун мегардад.
Оштишавӣ, ризоият
Дар хоб бо нафаре оштӣ шудан ҳамеша нишонаи нек дорад. Дар Қуръони азимушшаън Парвардигор мегӯяд: Дар воқеъ, ризоият кори нек аст.
Таҳдид
Таҳдид дар хоб ба зулмот ва нобудшавии манзил ишора мекунад. Агар ба нафаре таҳдид карда бошеду он шахс дар хобатон аз Оллоҳ бароятон ҷазо талаб намоял, аз ҷазои Худованд эҳтиёт шавед.
Фурӯ рафтан, фуромадан, поин шудан
Ба чуқурие фурӯ рафтан, аз баландӣ фуромадан ва ҷое поин шудан дар хоб нишонаи пеш омадани азоб ё бадбахтӣ аст.
Захира, тӯшаи роҳ
Нафаре, ки дар хобаш тӯшаи роҳ мебарад, ин хоб нишонаи худотарсии ӯ аст.
Равғанфурӯш
Равғанфурӯш дар хоб ба олиме ишора мекунад, ки донишу дороии худро бо дигарон тақсим мекунад.
Аузубиллоҳи минашшайтони раҷим
Дар хоб ба забон овардани ибораи «Аузубиллоҳи минашшайтони раҷим» («Оллоҳ аз шайтони лаъин паноҳам деҳ»). Нафаре, ки дар хоб чандин маротиба аз Оллоҳ панаҳ бурдан аз шайтонро металабад, он нафар илму дониши муфидро аз худ намуда, ба роҳи ҳақ ҳидоят гашта, аз душман панаҳ мебарад ва аз нони ҳалоли ба даст овардааш қаноатманд мегардад. Агар бемор бошад, шифо меёбад, агар ҷин ёраш гашта бошад ё гирифтори бемории саръ бошад, шифо меёбад.
Оллоҳу акбар
Талаффуз намудани ибораи Оллоҳу акбар (Оллоҳ бузург аст) ба хушнудӣ, шодӣ, некиҳои зиёд, хайру эҳсон ва ба душман ғолиб омаданро маънидод мекунад.
Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим
Дар хоб талаффуз намудани ибораи Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим (Ба номи Оллоҳи бузургу меҳрубон) аз илму дониши исломӣ ва ба роҳи ҳақ сафарбар шудани инсонро бозгӯӣ мекунад.
Ло иллоҳа иллалоҳ
Дар хоб талафуз намудани ло иллоҳа иллалоҳ (Худованд яккаву ягона аст) аз шунидани хабари хуш дарак медиҳад ва агар шахси хобдида бадбахт бошад, бахту барор ба даст меорад. Рафту ғаму андуҳ дошта бошад, аз мусибат раҳо меёбад.
Астағфуриллоҳ
Талаффуз намудани ибораи астағфуриллоҳ дар хоб аз неъматҳои фаровони Оллоҳ ва аз нохушӣ эмин мондан далолат медиҳад.
Бахшиш
Нафаре, ки дар хобаш шахси дар наздаш гунаҳкор бударо мебахшад, Оллоҳ гуноҳҳои худи ӯро мебахшад.
Нарак, гавмиҷҷа, пучак
Нафаре, ки дар хобаш дар бадани худ нарак, гавмиҷа ё пучак мебинад, баъди муддати тӯлонӣ боигарӣ ба даст меорад.
ХОБНОМАИ МУСУЛМОНОНӢ: ХАМЁЗАКАШӢ МЕМИРӢ?
Ресанда
Занеро бо чархи бофандагӣ хоб дидан нишонаи бо кам қаноат кардан, риояи суннатҳо ва ба анҷом расонидани корҳои муҳим аст. Рафту зан дар хоб аввал чизеро бофта, баъдан онро кушояд, нишонаи ғазаби Оллоҳ ва ҷазои ӯ аст.
Чархи ресандагӣ
Чархи ресандаги дар хоб саёҳат аст. Нафаре, ки дар хобаш чарх мересад, ба сафар баромада, дар кишварҳои дигар пули зиёд ба даст меорад.
Паррандагон
Парранда дар хоб ба бузургӣ, қудрат ва зебоӣ ишора мекунад, барои шахси савдогар парранда даромади пулӣ аст. Дар хоб ба сар нишастани парранда маънои ба сафар баромаданро дорад. Нафаре, ки аз осмон омадани парранда ва наздаш нишастани онро хоб мебинад, дар бедорӣ хабари хуш мешунавад. Хоб дидани паррандагони ношиносе, ки парвоз ё шино мекунанд, фариштаҳоянд. Боз мегӯянд, ки хоб дидани парранда дар китф ё гардан маънои дидани амалу кирдори худ аст. Рафту парранда сиёҳ бошад, амалҳои инсон низ бад аст, агар парранда сафед бошад, амалҳои пок ва нек дорад, паррандаи ало аз амалҳои неку бад шаҳодат медиҳад. Паррандагоне, ки дар хоб хеле баланд парвоз мекунанд, нишонаи хушнудӣ ҳастанд. Селаи паррандагон ба оқилагӣ ва қудрат ишора мекунанд. Шахси бемор паррандагони ношиносу аҷибро хоб бинад, эҳтимол ӯ мефавтад. Рафту шахсе дар сафар паррандаҳои ношиносро хоб бинад, сафараш бебарор анҷом меёбад. Ҳама гуна паррандае, ки дар хоб болу пари кушода дорад, нишонаи нек аст. Паррандаи ба осмон парвозкунанда нишонаи хисорот, муфлисӣ ё марг аст.
Биёбон
Нафаре, ки биёбону даштро хоб мебинад, дар зиндагӣ ба ҳама чиз ноил мегардад. Дашти калону беканор дар хоб нишонаи хушҳоливу сурур аст.
Сайёҳат, сафар
Агар шахси нодоре худро дар сафар хоб бинад, сарватманд мегардад. Нафаре, ки дар хобаш ба сафар мебарояд, аз як вазъият ба вазъияти дигар мегузарад. Баъзан хобе, ки дар он аз сафар бармегарданд, нишонаи аз гуноҳҳои худ тавба кардан, аз гуноҳ худдорӣ намудан ва ниёзҳои худро ҳосил намудан аст. Рафту шахси бемор хоб бинад, ки ба роҳи дур ё мавзеи ношинос баромадааст, ин нишонаи марги инсон аст. Ҳамзамон сафару саёҳат дар хоб ҳамчун душворӣ ва машаққат таъбир мегардад. Яъне, саёҳат дар хоб аз тағйиротҳои бузург огаҳӣ месозад.
Занбӯр
Занбӯр дар хоб ҳосилхезӣ, боигарӣ, фоида, қудрат ва вазифаи баланд аст, ки бо душворӣ ва исроркорӣ ба даст меояд. Боз мегӯянд, ки дар хоб дидани занбӯр нишонаи бо табиб ё олими шинохта ҳамсуҳбат шуданро дорад, зеро занбӯр асал медиҳад, асал бошад, дору аст. Дар хоб газидани занбӯр аз муноқиша бо нафаре далолат медиҳад, ки зарараш мерасад. Аз занбӯрон тамоми асалашонро гирифтану истеъмол кардан дар хоб маънои онро дорад, ки шахси хобдида моли бегонаеро аз худ кардааст.
Чангу хок
Нафаре, ки дар хобаш чанги дар рӯйи замин баландшударо мебинад, маънои бо кори номаълум ва номуайян машғул шуданро дорад. Нафаре, ки худро пур аз чангу хок хоб мебинад, ба сафар мебарояд. Ба даҳони нафаре дар хобаш хок андохта шавад, он нафар доро мегардад. Баъзе уламо бар онанд, ки чанг дар хоб нишонаи ба сафар баромадан аст. Рафту дар чунин хоб раъду барқ ҳамроҳ шавад, аз хушксолӣ огаҳ месозад. Агар аз суми асп чанг мепарида бошад, пас ин аспсавори боғуруру саркаш бо роҳи ғалат равона асту ӯро тарсу шарм фаро мегирад.
Ҷумъа
Рӯзи ҷумъаро хоб дидан маънои онро дорад, ки мушкили инсон осон ва рӯзгораш бобаракат мегардад. Намози ҷумъа дар хоб нишонаи хушнудӣ, хушҳолӣ, ҷашну маърака ё дидор бо шахси дӯстдошта ва амалӣ гаштани орзуву умедҳои шахси хобдида аст.
Ғулом, канизак
Дар хоб харидорӣ намудани канизак таъбири нек дораду харидорӣ намудани ғулом нишонаи ғаму андуҳ аст.
Кор кардан
Худро дар ҳолати коркунӣ хоб дидан ё коркунии нафареро назорат намудан нишонаи боигарӣ, сериву пурӣ ва комёбӣ аст.
Хушнудӣ
Хушҳолӣ, қаноатмандӣ дар хоб нишонаи ташвишу ашк аст. Нафари дар ҳоли душвор қарордошта дар хоб худро хушҳол бинад, Оллоҳ ӯро аз душвориҳо эмин медорад.