Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи К.Сеткинаи шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар ба ҷурми ғоратгарӣ хабар медиҳад. Ӯ аз дохили автомошинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” 700 000 сомонӣ дуздидааст.
Бино ба гузориши ВКД ҳолати дуздӣ санаи 17 ба 18-уми декабр ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидаст. Шахсони номаълум дар кӯчаи Деҳотии пойтахт бо роҳи пинҳонӣ тирезаи ақиби мошини ӯро, ки автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» мебошад, шикаста, аз дохилаш 700 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бо ҳамин усул як моҳ қабл ширкати ҶДММ “Роҳсоз”-ро –ғорат карда буданд. Санаи 3-юм ба 4-уми ноябри соли равон ду мард-як ҷавон 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва як ҷавонмарди 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав аз ҶДММ “Роҳсоз” сӯзишворӣ дуздида буданд. Дар ин бора як марди 61-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Чин, ки муввақатан сокини ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ буда, роҳбари ҶДММ “Роҳсоз”-ро бар дӯш дорад, хабар дод. Дар аризаи ин марди чинӣ гуфта мешуд, ки шаби 3-юм ба 4-уми ноябри соли 2019 шахсони номаълум аз корхонаи онҳо 500 литр маводи сузишвории дизелиро, ки 4000 сомонӣ арзиш дошт, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бекорӣ боиси он мегардад, ки иддае аз ҷавонони тоҷик имрӯз роҳи ягонаи пулкоркуниро дар дуздӣ ва дигар корҳои ношоям мебинанд. Барои пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ пеш аз ҳама масъалаи бекориро ҳаллу фасл намуда, ҷавононро бо ҷойҳои хуби корӣ таъмин намудан лозим, то ки минбаъд бо меҳнати ҳалол рӯзгори хешро пеш бубаранд.