Formula novemver 2024
Наташа шавҳари Мавҷударо дуздид
2058


Шавҳарам Шаҳоб панҷ сол боз мисли садҳо ҷавонмардони тоҷик дар кишвари рус муҳоҷир аст.

Аввалҳо пули калон равон карда таъкид менамуд, ки фарзандонамро хуб хӯронаму пӯшонам, то аз ягон чиз танқисӣ накашанд, вале баъдтар моро оҳиста-оҳиста аз ёд мебурдагӣ шуда монд. Кам занг мезад, пули мефиристодааш бошад, базӯр ба сер кардани шиками бачаҳоямон мерасид. Рӯзе мулоим аҳволпурсӣ намуда, сабаби бе меҳр шуданашро пурсидам. Забон хоида гуфт: “Занакҷон, ман туву фарзандонамонро дӯст медорам, вале аҳволи муҳоҷирони тоҷик ба худат маълум, дар ин ҷо зистан осон нест...” Эҳсос кардам, ки вай чизеро гуфтанист, аммо метарсад, ки ман ба ғазаб меоям. Бо нармӣ гуфтам: “Мардакҷон, шаф-шаф накарда якбора шафтолуи гапро гӯеду монед-дия!” Шавҳарам далертар шуда гуфт: “Наташа ном зани рус маро дар хонааш роҳ дод. Ба ҷойи иҷорапулӣ вай аз ман қувваи мардона мехоҳад !” Ҳайрон шуда пурсидам: “Қувваи мардона?! Нафаҳмидам, чӣ хел қувва?” Шавҳарам қоҳ-қоҳ зада хандиду гуфт: “Оҳ занаки сода, наход ҳаминро ҳам нафаҳмӣ, чуноне, ки бо ту зиндагӣ мекардам, бо Наташа ҳам ҳамон хел...”

Дигар шавҳарам чӣ гуфт, ёд надорам, чунки беҳуш шуда афтидам.
Фарзандонам бо азобҳои алим маро ба худ овардаанд. Ба ҳуш омада зор-зор гиристаму ба тақдири бадам лаънат хондам. Бачаҳоям сабаби гиря карданамро пурсиданд. Гуфтам, ки падарашон зан гирифтааст. Писари калониам, ки дар донишгоҳ мехонад, зуд ба падараш занг зад. “Писарам, чӣ кор кунам? Ман илоҷи дигар надорам, агар алоқаамро аз Наташа канам, дар кӯча мемонам. Чор танга пуле, ки ба шумоён мефиристам, аз ҳисоби ҳамин занак аст, ман дар корхонаи падари вай кор карда истодаам.


Тавре ки расонаҳои русӣ менависанд, ҳодиса дар назди як дискоклуби шабона рӯй додааст. Шахсони ношинос бе ягон сабаб ба муҳоҷири тоҷик ҳуҷум намуда, барқасдона ба рӯяш тир холӣ кардаанд.


Аз Наташа ҷудо шавам, маро аз кор меронанд”,- гуфтааст шавҳарам ба писараш. Кирми рашк рӯз то рӯз ҷигари маро бештар сӯрох карда истодааст. Аз минбари сомонаи «Оила» ба Наташа барин занҳои шавҳардузди рус гуфтаниам:
-Магар мардҳои тоҷик шакарак доранд, ки ин қадар ба онҳо мечаспед?! Чаро андеша намекунед, ки хонаи зани дигареро вайрону бачаҳояшро ба падар зор намудан гуноҳи азим аст? Оҳи дили фарзандони ба меҳри падар зори мо, тоҷикзанҳо ягон рӯз албатта шуморо мегирад!
Мавҷуда, модари чор фарзанд, аз ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД