Sebiston new 2024 october
Дар хобат тар кунӣ, занатро талоқ медиҳӣ?
6509

Саргаҳи дарё

Саргаҳи дарё дар хоб лутфу эҳсони Оллоҳ, хайру баракат аст.

Исҳоқ

Нафаре, ки пайғамбар Исҳоқро хоб мебинад, яке аз ақрабояш дучори мусибат мегардад, вале баъди чанд муддат корҳои шахси чунин хобдида рӯ ба беҳбудӣ оварда, қалбаш орому осуда мегардад ва дар насли ояндаи ӯ нафарони зиёде ба пояи ҳокимӣ ва сарварӣ мерасанд. Ҳазрати Исҳокро бадшакл хоб дидан маънои аз даст додани нури чашмро дорад.

Эътикоф

Дар хоб эътикоф нишастан ба ҷой ва манзили эътикофнишаста вобастагӣ дорад. Рафту эътикоф дар масҷид сурат гирад, шахси чунин хобдида корҳои некро ба анҷом мерасонад.

Эҳром

Эҳром бастан дар хоб шаҳодати онро дорад, ки шахси чунин хобдида аз ҷимоъ ва гуноҳ худдорӣ менамояд.

Ҳазрати Яъқуб

Ҳазрати Яъқубро дар хоб дидан маънои аз ғаму ғуссае, ки бо сабаби аз даст додани чизе ё касе сар мезанаду баъдан оқибаташ нек мегардад, раҳо ёфтанро дорад.

Ҳазрати Яҳё

Ҳар нафаре, ки дар хобаш ҳазрати Яҳёро мебинад, он нафар бо амри Оллоҳ порсову Худотарс мегардад.

Ҳазрати Юнус

Ҳазрати Юнусро нафаре хоб мебинад, ки бо сабаби шитобкорӣ маҳбасӣ гашта ё дар ҳоли душворе афтода, дучори мушкилӣ мегардад, вале баъдан аз тамоми мусибати ба сараш омада раҳо меёбад. Ин хоб шаҳодати он аст, ки нафари чунин хобдида асабиву бадҷаҳл аст.

Ҳазрати Юсуф

Ҳазрати Юсуфро хоб дидан шаҳодати он аст, ки шахси чунин хобдида маҳбасӣ ва озод мегардад, ҳамзамон хоби мазкур дар миёни бонувон муваффақ шудан ё таъбири хобро донистани инсонро пешгӯӣ мекунад. Рафту зани нодоре ҳазрати Юсуфро хоб бинад, вазъи молиявиаш рӯ ба беҳбудӣ меорад ва баъди марг хушбахтӣ насибаш мегардад. Шахсе, ки ҳазрати Юсуфро хоб мебинад, дӯстону наздиконаш дар назди ӯ сар ба саҷда мегузоранд, ин нафар некиҳои зиёд ва садақа мекунад. Ҳамзамон нафаре, ки ҳазрати Юсуфро дар хоб мебинад, дучори мусибате мегардад ва бародаронаш ба ӯ зарар мерасонанд, баъдан ин нафар бар душманони худ ғолиб меояд.


Сар бардошта ба чеҳраи он мард нигоҳ кардам. Чеҳраи шинос. Кӣ бошад? Ду бор, се бор нигоҳ кардам. - Оҳ бача! Қадами Қурбон нестӣ?

 


Каъба

Каъбаи муқаддас дар хоб ба маънои пешвои мусалмонон аст. Нафаре, ки дар хобаш дар дохили Каъбаи муқаддас намоз мегузорад, аз душманони худ эмин мемонаду ба некӣ мерасад. Шахсе, ки дар хобаш аз назди Каъба гузашта меравад, ба муқобили суннати пайғамбар амал мекунад. Дар хоб тавофи Каъба кардан ё ягон маросими Ҳаҷро ба анҷом расонидан, маънои дар дину мазҳаби худ устувор буданро дорад. Дар хобе, ки инсон ба сӯи Каъба меравад, ин нафар дар зиндагӣ ба манфиати дини худ ҳарф мезанад.

Қобил (писари калонии ҳазрати Одам)

Ҳар нафаре, ки дар хоб Қобил (писари калонии ҳазрати Одам)-ро мебинад, нисбати нафаре беадолатиро раво мебинад. Рафту Қобилро нафаре хоб бинад, ки қудрати ба нафаре бадӣ карданро надорад, пас ин шахс аз амали содиркардаи худ пушаймон мегардад.

Наҷас, наҷосат

Ҳар нафаре, ки дар хобаш наҷосат мекунаду дигарон ба ӯ нигоҳ мекунанд, ин шахс бояд аз шармандагӣ эҳтиёт шавад. Шахсе, ки дар хобаш дар бистари худ наҷосат мекунад, ба зани худ талоқ медиҳад ё гирифтори бемории дурудароз мегардад. Хобе, ки дар он инсон ба ягон аъзои бадани худ наҷосат мекунад, маънои ба гуноҳ даст заданро дорад.

Шалвори мардона

Шалвори мардона дар хоб ба маънои зан аст. Марде, ки дар хобаш шалвори нав мехарад, издивоҷ мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД