Ало. Инҷо сомонаи Оила?
-Бале гӯш мекунем!
-Хушхабар! Шунидед, як ҷавони тоҷик ба хотири дили сарояндаи машҳури Узбекистонро ёфтан сароянда шудааст ва маҳз ба хотири ҳамкорӣ ба давлати ӯ рафта, изҳори муҳаббат кардаасту рузҳои наздик тӯй хоҳанд шуд?
-Хонандаи азиз, мо аз суханҳои шумо чизеро сарфаҳм нарафтем, шумо киро дар назар доред?
-Охир Бобур Раҷабов як сарояндаи умедбахши кишвари худамонро, мегум?!
-Бобур Раҷабов ҳамон сарояндае, ки суруди Лайлию Маҷнунро бозхонӣ кардаанд?
-Ҳа ёфтед, акаҷон! Ана ҳамон бача аст!
Ин занги нахустин набуд ва бо ҳамин савол чанд мухлиси ин ҳунарманд ба идораи мо занг зада, ҳақиқат доштани ин овозаро пурсон шуданд. Мо барои фаҳмидани асли ҳол ба Бобур Раҷавоб яъне ҳамон Маҷнуни тоҷик занг задем.
-Салом, ин телефони Бобур Раҷабов аст?
-Кӣ мепурсад?
Ман журналисти сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ?
Рустам Азимӣ магар сароянда нест?
-Не журналисташ бо шумо сӯҳбат мекунад?
-Марҳамат ҳарчӣ мехоҳед, мо тайёр!
-Бобурако дар шаҳр овоза аст, ки шумо як сарояндаи машҳури узбекистонро дуздида ба Тоҷикистон овардед, рост аст?
-Бовар кунед нав як ҳафта нашудааст аз Ӯзбекистон омаданамро вале қариб 70 нафар ба ман занг зада гуфтанд, ки тӯйро тоқа хӯрдӣ, кай арӯси навро мешуем.
-Ман аз ин гапу калочаи мардум ростӣ ҳеҷ чизро сарфаҳм нарафта будам ва дарк ҳам накардам, ки шумо дар бораи кӣ гуфта истодаед!
Худи худаш. Мо дар бораи бонуе гап зада истодаем, ки бо як нигоҳаш ақлу ҳуши шуморо рабудааст?
-Хонум Лейла аст, ки ба ба наздикӣ дар шаҳри Самарқанд ҳамроҳ бадеҳаи Лайливу Маҷнунро сароида будем.
-Рост аст, ки ба хотири Лейла шумо сароянда шудед?
Не ман сароянда будам ва ҳамроҳи Лейла суруд сароиданам муносибати гарму самими ду давлат аст, ки мо дӯстиву бародариро аз нав оғоз намудем.
-Чӣ хел дӯстиву бародарӣ. Мегӯянд, ки Лейла ба шумо ошиқи зор гаштааст ва шумо гӯё тариқи интернет ба ӯ изҳори муҳаббат намуда ба вохӯрӣ таклиф намуда будед?
-Ин тавр нест! Ману Лейла тариқи Инстаграмм шинос шудам.Ӯро баъди 9 соли интизориҳо аз “прямой эфири инстаграмм” пайдо намуда, ба дӯстӣ даъват карда будам. Он кас рад накарда, фаҳмиданд, ки ман низ сароянда ҳастам ва садои хеле хуби маро шунида баҳои арзанда доданд. Хулоса, барои сароидани суруди Лайливу Маҷнун он кас аввал шуда ин пешниҳодро карданд, ман низ ба ҷон дил қабул кардам. Ӯ ҳатто гуфт, ки барои дустии ду давлати бо ҳам бародари ӯзбеку тоҷик саҳми худро гузорем, кори хуб мешавад. Ман низ розӣ шудам.
-Чи гуна шуморо дар Тошкент пешвоз гирифтанд?
-Хело ҳам хуб. Маро бо ҳамроҳии Лейла ба меҳмонхонаи президенти барои додани интервю даъват карданд ва ман рафтаму тариқи шабакаҳои ин давлат сӯҳбати хубу хотирмон анҷом додам.
-Шумо ба Тошкент барои сароидани дуэт рафта будед ё барои пешниҳоди хонадршавӣ бо Лейла?
-Рустамҷон аҷоиб суолҳо медиҳед дия! (Механдад). Не, ман аслан мехостам рафта суруди худамро дар танҳои сароям вале баъди пешниҳоди Лейла тасмимамро иваз намудам.
-Ба фикрам ин суруди дуздидашудаи дигар сароянда аст?
-Суруди сарояндаи шинохтаи тоҷик Дона Баҳром ва Нуқра Раҳматова, ки «Лайлию Маҷнун»-унвон дорад, мебошад. Рафта аз автори суруд барои дубора сароидани суруди «Лайлию Маҷнун» ҳатто иҷозат гирифтам. Сурудро дар шаҳри Тошканд сароидем, клипашро бошад дар шаҳри Самарқанд ба навор гирифтем.
-Баъд чӣ шуд? Лейла харидори бачаи тоҷик нашуд охир?
-Инро аз забони мардуми худамон шунидам. Баъди баргаштанам ҳама аз ман суол карданд ки аз Ӯзбекистон зан овардаи рост аст?(Механдад).
-Ин ҷо чӣ сире ҳаст. Шумо ва Лейларо муносибатҳои ошиқона бо ҳам мепайвандад яъне?
-Ман, ки муҷарадам ва то ҳол муҳаббати худро пайдо накардаам, ба ин суоли шумо хомӯш истам, хубтар аст. Чунки то ҳол намедонам, ки Лейла дӯстдошаи худро дорад ё на!
-Хостгор нафиристодед? Шояд розӣ мешуд?
-Ҳоло намёк тиямку чӣ мега (Механдад)
-Мо таманно мекунем, ки шумову Лейла бо ҳам зудтар забон ёфта, муҳаббати асилро соҳиб гардед!
Омин!