Formula novemver 2024
ЭРКА балои ҷон
4539

Нафарони дорои маъюбӣ ҳам чун шахсони солим пораи канданошавандаи ҷомеаи мо ба ҳисоб мераванд. Аммо чӣ сабаб шуда бошад, ки солҳои охир дилхунукии онҳо нисбат ба ҳаёт зиёдтар дида мешавад? Ё чӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки ба зиндагӣ бепарво шаванд ё рафта - рафта қасди худкушӣ кунанд? 

Ба назари мо ягона сабаб ё роҳе, ки онҳоро аз зиндагии оянда ноумед мекунад, ин эрка калон шуданашон аст. Албатта, ҳеҷ кас намехоҳад, ки дорои нуқсон бошаду баъд объекти мазоқу масхараи одамон шавад. Ё модаре ягон бор орзуи доштани фарзанди маъюбро намекунад. Вале бояд донист, ки будани онҳо дар ҳаёт барои мо чун обу ҳаво зарур аст. Чунки онҳо намунаи моанд. Бояд баъди дидани чунин нафарон бояд дасти хайрамон боз шаваду забонамон калимаи "Шукрона"-ро бештар гӯяд.

Падару модар ҳар як фарзанди худро баробари ҷон азиз медонад ва кӯшиш менамояд, ки кӯдаконашонро бо одоби хуб ба камол расонанд. Вале кӯдаки маъюб зиёдтар азизи хонадон мешавад. Волидон низ ҳама талошҳояшонро ба он равон месозанд, ки фарзанди маъюбашон дар зиндагӣ хушахлоқ бошаду аз ягон чиз кам набошад.


ДУХТАРИ ЯКДАСТАРО БА ЗАНӢ ГИРАМ?


 Бояд гуфт, ки тарбия ва таълими кӯдакони дорои маъюбӣ мушкилу нозуктар аст, зеро ба онҳо омӯзондани мустаъқилият зиёдтар зарур меояд. Мутаассифона, дар кишвари мо барои кӯдакони дорои маъюбият шароите вуҷуд надорад, ки онҳо берун аз муҳити оила чун дигарон зиндагии хуб карда тавонанд (ҳатто агар хоҳанд ҳам), чунки падару модар кӯшиш мекунанд, то онҳо вобастаи нафаре бошанд. Хусусан, модар ба кӯдаки маъюбаш бисёртар таваҷҷуҳ намуда, ӯро нозук ба камол мерасонад. Чунин тарзи нигоҳубин мустақил буданро дар кӯдак мекушад ва ӯ андеша мекунад, ки то охири умр бояд ҳамин гуна бошад.

Тасаввур кунед, ки дар муҳити оила агар 5 фарзанд ба воя расаду яке аз онҳо маъюб калон шавад, ҳама аъзои оила диққати худро ба ӯ равон мекунанду пайваста дар ҳаққаш ғамхорӣ мекунанд: либосашро мепӯшонанду хӯрокашро мехӯронанд, барояш беҳтарин бозичаҳоро мехаранд ва тез – тез пулу шириниву ҳар хел ҳадяҳо дода меистанд. Ин амалҳо албатта ба кӯдак маъқул мешавад ва ӯ ба ғамхории доимӣ одат мекунад.

Вақте ба воя мерасаду ба ҷомеа пайваст мешавад, аз як ноҳурматии хурдакак тез дилаш мешиканад. Чаро? Чунки ӯ нозук парвариш ёфтааст ва ҳамеша меҳрубонӣ дида, ба ин одат карда мондааст. Агар ягон нафар гапи бадаш гӯяд ё ба гапҳояш эътибор надиҳаду эркагиашро набардорад, дарҳол худро ба ҳама нодаркор ҳис мекунад. Инро таҷриба исбот намудааст.


БАҲРОМ БО ДУ ПОЙ БА РУСИЯ РАФТУ БО ЯК ПОЙ БАРГАШТ


Вақте муҳити оила ба ӯ ғамхорӣ мекунаду ҷомукееа не, дилшикаста шуда, аз ҳаёт ба гуфти худаш сер мешавад. Минбаъд имкони мустақил буданро аз даст медиҳад. Ҳатто фикр мекунад, ки дигар бе будани онҳо коре карда наметавонад. Яъне, эркаи оила шуда мондааст. 

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо мӯд шудааст, ки  дар пеши дигарон ба шахси маъюб пул диҳем. Ин ғамхорӣ 2 паҳлӯ дорад: агар яке аз рӯи шафқат бошад, дуюмин ҳатман зидди он аст. Аз ин амали хайр аксар вақт кӯдакони маъюб албатта хурсанд мешаванд. Аммо аз назари дигар, ин кор ӯро ба муфтхӯрӣ одат мекунонад ва агар гоҳҳо падару модар барояш пул надиҳад, дарав андешаҳояш тағйир меёбанд.

Афсӯс, ки дар ҳоли ҳозир, баъзе аз падару модарон чунин кӯдаконро ҳамчун сарчашмаи пулкоркунӣ истифода мебаранд, ки ин комилан хатост! Чунки агар хубтар фикр кунем, ин ҳам сабаби муфтхӯрии онҳо мешавад. Дар оянда дигар ҳавсалаи корро ҳам аз даст медиҳанд. Пас, биёед барояшон ягон кори дигар ё манбаи дигари даромадро меҷӯем. 

Дар ҷомеаи имрӯзи мо аксарият барои кӯдакони дорои маъюбият ихтисосҳои махсусро мекобанд, чун дузандагӣ, пухтупазӣ, кандакорӣ, пояфзолдӯзӣ ва монанди инҳо. Ба назари калонсолон ин касбҳо осон ба ҳисоб мераванд ва сабаби ташвишҳои зиёди ин гуна одамон намешаванд.

Вақти он расидааст, ки мо бояд барои маъюбон касбҳои навро пешниҳод кунем: омӯзгор, табиб, ҳуқуқшинос, журналист, санъаткор ва зиёданд касбҳои лоиқ ба онҳо. Аз нафарони маъюб метавон беҳтарин журналист тарбия кард (ҳатто чанд нафаре ҳам ҳастанд дар ин касб). Ҳатто бисёр вақт шахсони солим чунин боистеъдод буда наметавонанд. Пас, барои чӣ бояд қолабӣ бошем?

Барои таҷриба. Биёед як бор ин қолаби сохтаро мешиканеу мебинем, ки оё ягон фоида дорад? Як борак муҳити оилаву шароити калоншавиашро иваз мекунем. Ӯро маҷбур менамоем, ки корҳои мушкилтарро худаш танҳо ӯҳда кунад, то дар оянда гирифтори азоб нашавад. (Бисёр вақт ба чунин шахсон зани солим медиҳанд, ки онҳо бо шавҳари маъюб тоқат карда наметавонанд. Ана баъд азоби асосӣ сар мешавад).

Биёед минбаъд ӯро ҳам баробар ба дигар фарзандон медонему барояш имтиёзҳои махсус намедиҳем, то ки эрка калон нашавад. Худаш бояд кор кунаду даромад гирад. Норасоиву камбудиҳояшро чун дигар одамон худаш бартараф созад. Ана баъд дар миёни дигарон ҷойи асосиашро меёбад.

Пас, биёед аз баҳри эркагӣ ва муфтхӯрии кӯдакони маъюбамон мегузарему барояшон зиндагии одиро тавсия медиҳем. Бо ин акорамон мо метавонем, ки ҳам кӯдак ва ҳам ҷомеаро тағйир диҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД