Arzon march 2024
Дар боғчаи бачагона ба кӯдакон секс меомӯзанд
6030


Минбаъд дар тамоми боғчаҳои бачагона ва мактабҳои таҳсилоти миёна аз синни 5-солагӣ сар карда, ба кӯдакон секс ва тамоми нозукиҳои муносибатҳои маҳрамонаи зану мард ба пуррагӣ омӯзонида мешаванд.

Волидон дигар наметавонанд монеъи ишқварзии духтар ё писари ноболиғи худ бигарданд, зеро дар баробари омӯзонидани секс, ҳамчунин барои гузаронидани исқоти ҳамл-аборти кӯдакони ҳаромӣ дар муассисаҳои тиббӣ бе огоҳӣ ва розигии падару модари духтарони ноболиғи ҳомиладор шуда иҷозат дода мешавад.

Тасмими омӯхтани секс ба кӯдакон натанҳо тоҷикон ва дигар мардуми мусалмон, балки ҳатто арикоиҳо ва сокинони кишварҳои аврупоиро ба даҳшат овардааст...
Созмони Миллали Муттаҳид директиваи навро ба табъ расонд, ки мавзӯи он омӯзиши гомосексуализм ба кӯдакон аз синни 5-солагӣ мебошад. Ин ҳуҷҷат «Международное техническое руководство по просвещению детей в вопросах секса» ном дошта, ҳуқуқҳои волидонро маҳдуд ва идеяи гомосексуализмро дар байни кӯдакону наврасон тарғиб менамояд.
Аслан ин идаея аз ҷониби Амрико пешниҳод гаштааст. Бо қабули ин ҳуҷҷат СММ омӯзиши сексро дар тамоми боғчаҳои бачагона ва мактабҳои миёна тавсия медиҳад. Минбаъд мураббиёни боғчаҳои бачагона ва омӯзгорони мактабҳои миёна вазифадор карда мешаванд, ки дар тамоми кишварҳои ғарбӣ аз синну 5-солагӣ сар карда, ба кӯдакону наврасон идеяи гендерии гомосексуалистонро таълим диҳанд ва ҳатто усулҳои нафратбори онро омӯзонанд.
Ҳарчанд ин идея аз ҷониби Амрико пешниҳод гашта бошад ҳам, худи падару модарони амрикоӣ муқобили он ҳастанд. Волидони амрикоӣ ва сокинони аксари кишварҳои Аврупо ҳуҷҷати мазкурро ҳуҷуми рӯирости СММ бо мақсади ахлоқан вайрон кардани насли нав ва поймол намудани ҳуқуқҳои падару модарон дар тарбияи фарзанд мешуморанд.
Чандин давлатҳои Аврупо ба ин ҳуҷҷат эътироз намуда бошанд ҳам, СММ аллакай қисми аввали онро қабул карда, ба тамоми кишварҳо тавсия додааст, ки минбаъд ба гузаронидани исқоти ҳамл (аборт)-и ноболиғон бе розигии волидон иҷозат дода, тарғиби идеяҳои нафратбори гомосексуалиро дар байни кӯдакон аз синни 5-солагӣ дар ҳама муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд.


Набояд фаромӯш кард, ки шавқу ҳаваси аз ҳад зиёд ба компютер ба саломатӣ ва руҳияи кӯдакон бе таъсир намемонад.



Натанҳо падару модарон, балки олимон низ муқобили ин ҳуҷҷат ҳастанд. Онҳо мегӯянд оқибати омӯзиши секс аз синни 5-солагӣ бисёр сангин хоҳад буд, зеро ин ба руҳияи кӯдакон таъсири ниҳоят бад расонида, насли навро ахлоқан вайрон мекунад.
Ҳар як падидаи наве, ки дар Амрико ва Аврупо ба миён меояд, хоҳ бад бошад, хоҳ не, оҳиста –оҳиста дар сар то сари ҷаҳон доман паҳн карда, албатта ба Тоҷикистон ва кишварҳои мусалмонӣ низ мерасад. Аз ин ягон ҷойи гурез нест. Ҳамхобагӣ ва умуман ҳар он чизе, ки ба муносибатҳои маҳрамонаи зану мард далх дорад, барои мардуми мусалмон ҳамеша мавзӯи пӯшида буд. Акнун суоле ба миён меояд, ки омӯзиши секс ва идеяҳои гомосексуалӣ аз боғчаю мактаб ба кӯдакони кишварҳои шарқӣ ва умуман мардуми мусалмон, ки ҳазорсолаҳо инҷониб дар рӯҳияи одобу ахлоқи нек тарбия меёфтанд, чӣ гуна таъсир хоҳад кард?
Мақсади директиваи нави СММ аз ба роҳ мондани омӯзиши идеяҳои гомосексуалӣ аз синни 5-солагӣ дар боғчаҳои бачагонаю мактабҳои миёна он будааст, ки насли нав аз айёми кӯдакӣ дар ин бора маълумоти пурра пайдо намоянд, вале ин маълумотҳо ба зеҳн ва ахлоқи кӯдакони мо чӣ таъсире хоҳанд гузошт?
Омӯзиши секс дар боғчаҳои бачагона ва мактабҳои миёна боиси костагии ахлоқи кӯдакону наврасон мегардад ё насли ҷавонро аз зиндагии мустақилона тайёр мекунад? Андешаҳои худро дар ин боб метавонед дар шарҳи мавод нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД