Ҳангоми саҳархӯрак ба пиёлаи чойи худ чанд қатра шарбати лимӯ ё асал илова кунед. Хӯрокҳои аз сафеда бой ва карбогидратдорро бо навбат истеъмол намоед.
Ба ҳайси хӯрокҳои сафедадор творог, кефир, йогурт ва мевагиро истифода бурда метавонед. Хӯрдани фалла дар моҳи рамазон хеле манфиатбахш аст, аминокислотаҳои таркиби он то дергоҳ шуморо гурусна шудан намемонанд, илова бар ин, творог ва кефир – сарчашмаи хуби калсий, витамини В 12 буда, хастагиро рафъ месозанд. Маҳсулоти турши ширӣ боиси хубтар ҳазм шудани хӯрок мегардад. Меваву сабзавот дорои клетчатка, минерал, витамин, қандҳои табиӣ буда, туршнокии меъдаро, ки аксаран бар асари он ҷисм беоб мемонад, кам месозад.
Ба нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, маслиҳат медиҳем, ки ба коктейл поғаи ҷав (овсяные хлопья), масалан пичении ҷавин андозанд.
Хоҳед, ки наҳориатон аз сафедаҳо ғанӣ бошад, дар саҳархӯрак ҳатман тухмбирёни бо сабзавот пухташуда, тухми обпаз ё сметана хӯред. Хӯриши аз сабзавоти тару тоза ва гӯшти обпаз тайёршуда низ хуб аст. Агар шумо худро хаста эҳсос мекарда бошед ва хобатон барад, ин маънои онро дорад, ки аз меъёр зиёд ғизо хӯрдаед.