Arzon march 2024
Монеъ шудани волидон ба таҳсили кӯдакон, алалхусус духтарон чӣ оқибатҳо дорад?
25.11.2019
Нӯшин
3948

 

Шаҳнозаи 16-сола ҳар субҳ аз тиреза бо ҳавас ба духтараконе, ки дар тан либоси мактабӣ ба сӯйи мактаб мешитобанд, нигариста, бо гӯшаи рӯймолаш ашки дар чашмонаш ҳалқазадаро пок мекунад. 


Дилаш мехоҳад парранда шаваду болу пар бароварда, ҷониби мактаб парвоз кунад. Муаллимонаш, ҳамсабақонашро зиёд пазмон шудааст, аммо...

Кабки қафас
Шаҳноза дар дил ҳавасҳои зиёде дошт. Ӯ мехост пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббӣ супорида, духтур шавад. Хаёлан худро бо хилъати сафед тасаввур карда, курта-курта гӯшт мегирифт, вале волидонаш тамоми орзуҳои ӯро дар дилаш куштанд. Аниқтараш модараш ба хондани ӯ зид набуд, аммо падари ҷоҳилаш “Духтара худаш чию хонданаш чӣ! Ман намехоҳам, ки хешу табор ва ёру ҷӯраҳоям “духтари фалонӣ сарлучу пойлуч дар кӯча мегардад” гуфта, ба ҳолам ханданд. 9 сол мактаб хонд, бас, то пайдо шудани ягон домоди хуб, акнун дар хона нишаста, кору бори рӯзгорро ёд гирад” гӯён, нагузошт, ки ҳатто таҳсилашро дар мактаби миёна ба охир расонад. Шаҳноза барои ҳуқуқҳои худ мубориза бурданӣ шуда, ошкоро ба падараш гуфт, ки вай ҳоло шавҳар карданӣ нест ва мехоҳад аввал хонда, духтур шавад. “Ту боз забон бароварда, ба рӯйи ман медавӣ” гӯён, падари золимаш барои ин “беодобӣ” духтари бечораро танбеҳ дода, наздик буд, ки ба сараш даст бардорад. Модараш бо як азоб Шаҳнозаро аз чанголи падар халос кард ва ба ёдаш хабари аз забони яке аз ҳамсояҳо дар бораи дастгирии хонандагон шунидааш расиду дар лабонаш табассум гул кард...

Тулӯи умед
Суханони модар ва дастгирии барномаи “Низоми огоҳонии бармаҳал” ба духтарак болу пар бахшиданд ва дар дилаш аз нав умеди ба охир расонидани таҳсилу дохил шудан ба донишгоҳ гул кард...

Тоҷикбача муҳандиси авиатсия мешавад
Барномаи “Низоми огоҳонии бармаҳал” дар Тоҷикистон аз ҷониби ЮНИСЕФ маблағгузорӣ шуда, ба ҳазорон нафар бачаҳое, ки тарки мактаб карданӣ буданд, барои идома додани таҳсил ва пайдо кардани мақоми худ дар зиндагӣ ёрӣ расонидааст. Яке аз он бачаҳои хушбахт Садам мебошад, ки айни замон дар курси дуюми Донишгоҳи авиатсионии шаҳри Маскав таҳсил менамояд.
“Ман ҳатто ҷуръат намекардам дар бораи таҳсил дар Донишгоҳи авиатсионии Русия ва муҳандиси соҳаи авиатсия шудан фикр кунам, агар роҳбари синфамон Светлана Kрисына намебуд. Маҳз ҳамин муаллимаи азизам, мани он замон 15-соларо бовар кунонд, ки агар мактабро напартоям, метавонам ба Донишкадаи авиатсионии Русия дохил шуда, ҳаёти минбаъдаамро бо соҳаи пурифтихори авиатсия пайвандам. Суханони нерӯбахши муаллимаи азизам ва дастгирии аҳли мактаб ба ман болу пар бахшиданд ва мушкилиҳоеро, ки ҳамон вақт дар назари ман ва аҳли оилаамон ҳалнашаванда менамуданд, пушти сар карда, ҷиддӣ аз паси таҳсил шудаму якбора чанд зина боло рафтам. Имрӯз фикр мекунам, ки агар ҳамон вақт ба ман ёрии равонӣ расонида, дастгирӣ намекарданд, шояд мактабро партофта, имрӯз дар кӯчаҳо овораю сарсон мегаштам ё шояд аробакаши бозор мешудам...

Суғд: Бачаҳо дигар тарки мактаб намекунанд!
Барномаи “Низоми огоҳонии пешакӣ-барномаи идоракунии мактабӣ буда, имкон медиҳад, ки бачаҳои қасди тарки таҳсил кардан доштаро пешакӣ пайдо намуда, ҳамроҳашон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Бо ин тоифаи бачаҳо барои ноил шудан ба фатҳи қуллаҳои баландтари дониш ҳамаҷониба ёрӣ расонида мешавад. Барномаи мазкур айни замон дар 52 мактаби вилояти Суғд, аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шудааст. Бартарии барнома дар он аст, ки сари вақт сабаби аз мактаб дилхунук шудани бачаҳоро муайян намуда, бо ин тоифаи бачаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад ва онҳо дубора ба омӯзиши дониш дилгарм шуда, таҳсили худро дар мактаби миёна ба охир мерасонанд ва ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуда, роҳи худро дар зиндагӣ меёбанд.
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бар он мекӯшад, ки тамоми кӯдакон, махсусан бачаҳое, ки шароити зиндагиашон чандон хуб нест, имкони гирифтани маълумоти миёнаро дошта бошанд.

Бачаҳои лӯлӣ мактабхон шуданду...
Муқаддам Урунбоева, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, бо шарофати ҳамин барнома шумораи бачаҳое, ки тарки таҳсил менамуданд, хеле коҳиш ёфтааст ва 1700 нафар толибилмон, аз ҷумла кӯдакони лӯлӣ пайваста дар дарсҳо иштирок менамоянд. Ногуфта намонад, ки пештар аксари бачаҳои лӯлӣ пештар бо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ майли ба мактаб рафтану таҳсил кардан надоштанд. Имрӯз бошад, 60 нафар кӯдакон аз 32 оилаи лӯлӣ бо муваффақият дар мактаб таҳсил карда истодаанд. Мактаб ҳамчунин ба оилаҳои лӯлиён дар гирифтани зоднома ва дигар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти кӯдакон ёрии амалӣ мерасонад.


Дарвозаҳои олам ба рӯятон боз мешаванд, агар...
Одами донишманд дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ дар намемонад, масалан, Меҳроҷ Остонов аз оилаи лӯлӣ бошад ҳам, бо шарофати ҳамин барнома имрӯз дар Донишкадаи тиббии Олмон таҳсил мекунад. Меҳроҷ низ замоне мехост тарки таҳсил намояд, аммо ду сол қабл бо дастгирии роҳбарияти мактаб, махсусан Малоҳат Валиева аз барномаи мазкур огоҳӣ ёфта, назараш ба омӯзиши илму дониш дигаргун гашт ва тавонист бо қувваю дониши худаш ба Донишкадаи тиббии Олмон дохил шавад.

Шаҳнозаҳо бисёранд...
Шаҳноза ягона духтари ҳуқуқҳояш поймолшуда нест. Ҳарчанд нисбат ба солҳои пешин шумораи духтарон дар макотиби олӣ ва миёнаи махсус афзуда бошад ҳам, то ҳол падару модароне (хоса дар навоҳии дурдаст) ёфт мешаванд, ки ба таҳсили фарзандони худ, махсусан духтарон зид баромада, монеи касбу ҳунаромӯзии эшон мегарданд. Хоҳарон Рухшона ва Шаҳло низ ҳамтақдири Шаҳноза ҳастанд. Фарқият дар он аст, ки Шаҳноза бо амри падар хонашин шудаасту Рухшонаю Шаҳлоро бепадарӣ аз таҳсил ва хушиҳои айёми наврасию ҷавонӣ маҳрум намудааст. Пас аз марги падари онҳо модарашон Садбарг ба як мӯйсафед ба шавҳар баромада, боз як кӯдаки дигар ба дунё овард. Имрӯз ин зани бесавод бо чор фарзанд дар ба дари хонаи мардум овора аст. Садбарг на танҳо худ, балки фарзандонашро низ дар зиндагӣ бадбахту сарсон кардааст. Бо сабаби надоштани манзил ва имкониятҳои молиявӣ ӯ маҷбур шуд, ки ҳар ду духтарашро аз мактаб бигирад. Рухшона баъди синфи 7 тарки мактаб намуд, Шаҳло бошад, ҳамагӣ то синфи шаш хондаасту халос ва ҳатто чандсола буданашро намедонад...


Тағоҳову янгаҳояш ӯро ҳамеша «Сағераи бесоҳиб» гуфта, садо мекунанд ва барои хурдтарин гуноҳ бераҳмона мезананд. Аз ҳамин сабаб, бача хонагурез шудааст ва ба ҷойи он ки ба мактаб рафта, илму дониш омӯзад, рӯзҳои дароз дар кӯчаҳо оворагардӣ мекунад…


Оқибатҳои аз таҳсил дур мондани духтарон инҳоянд:
-Никоҳ ва ҳомиладории бармаҳал;
-Бад шудани саломатии духтарони бармаҳал ба шавҳар баромада бо сабаби омода набудани организмашон ба ҳаёти ҷинсӣ ва таваллуди кӯдак;
-Гирифтор шудан ба хушунату зӯроварӣ дар оила;
-Афзудани талоқ бо сабаби ба зиндагии оилавӣ тайёр набудани духтарон ва бо кӯдакони хурдсол дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон мондани ҷавонзанҳои сиёҳбахтгашта;
-Ба стресс ва буҳрони равонӣ гирифтор шуда, даст ба худкушӣ ва дигар амалҳои номатлуб задани духтарҳое, ки барвақт ба шавҳар баромада, хонавайрон шудаанд ва бо сабаби бесаводию беҳунарӣ бе кор монда, аз уҳдаи кашидани аробаи зиндагии худу фарзандони ноболиғашон намебароянд...

Равоншинос
чӣ мегӯяд?
Алиаҳмад Ёрмаҳмадов, равоншинос, устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таҳсили духтарон монеъ гаштани падару модаронро аз нигоҳи психологӣ таҳлил намуда, мегӯяд:
Сабаби асосии ба таҳсили духтарон монеъ гаштани волидон ин тарсу ҳароси ботинии худи онҳост. Онҳо аз он ҳарос доранд, ки духтар аз назорат дур монда, ягон кори бадахлоқона мекунад ва дар байни мардум шармандаашон месозад. Аз ҳамин сабаб, волидон, бештар падарон мекӯшанд, ки бо истифода аз мавқеи худ дар оила (гапи падар дар оила ҳукми қонунро дорад) ва баъзан ҳатто бо роҳи зӯрӣ духтаронро аз таҳсил маҳрум намуда, худро аз бадномӣ эмин нигоҳ доранд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки инсон ҳар қадар аз чизе тарс дошта бошад, ҳамон андоза бештар онро ба худ ҷалб месозад. Волидон мехоҳанд духтаронашонро бо номи нек ба шавҳар дода, бори номусро аз гардани худ соқит намоянд, аммо замоне, ки шавҳар масъулияти ҳаёти занро пурра ба гардан мегирифт, кайҳо гузашта рафт. Муносибати насли нав ба оилаву оиладорӣ тамоман дигар аст ва ҳар як инсон бояд масъули зиндагии худ бошад. Ман ҳамчун равоншинос ба падару модарон маслиҳат медиҳам, ки ба умеди домод нашуда, барои таҳсили духтаронашон шароит муҳайё намоянд, то ки духтар бесавод монда, дар оянда дар чорсӯи зиндагӣ раҳгум назанад.
Фирӯза Сатторӣ
Фарида Каримова

Мавод бахшида ба ҷашни 30-солагии солгарди Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакон аз ҷониби Фонди кӯдаконаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гаштааст. Ҳадафи ин силсила баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар боби ҳуқуқ ва ниёзҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Андешаҳое, ки дар маводҳои мазкур зикр ёфтаанд, метавонанд бо мавқеи расмии фонди кӯдакон муттафовут бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД