Салом! Ман шаҳрванди Тоҷикистон, исмам Ғайрат, сабаби қаламу коғаз ба даст гирифтанам як масъалаи бисёр ҳам нозук аст. Дар Русия бо Таня ном русдухтаре шинос шудам. Падари Таня бизнесмени калон буда, фабрикаи шахсӣ доштааст.
Дар тамоми гўшаҳои шаҳр хонаву қасрҳои боҳашамат доштанашонро шунида домони ин бойдухтарро маҳкам доштам. Ҳар рӯз гулдаста харида ба ӯ тақдим мекардам ва ба гӯшаш қиссаи ширини муҳаббатамро месурудам. Хулоса коре кардам, ки дили духтар ба доми ишқам афтод. Таня ошиқи зори ман гашта буду ман ошиқи пулу моли падараш. Маҳбубаам ҳамеша дар рӯзҳои тангдастӣ маро ба қавли худи русҳо «виручат» мекард. Муносибатҳои моро ҷиддӣ пиндошта, вай маро ба хонаашон таклиф намуд ва бо падару модараш шинос кард. Волидонаш маро хуш қабул карданд. Падараш ваъда дод, ки агар дар Русия монда, Таняро ба занӣ бигирам, тамоми сарваташро ба ман мерос мегузорад. Ҳайрон будам, ки чӣ кор кунам, агар шарти падарарӯсамро бипазирам, дигар ба ватан баргашта наметавонистам, қабул накунам, дар мулки бегона аз бекорию бепулӣ азоби саг насибам мегашт. Дар дилам байни меҳри падару модару хоҳару бародар ва имкони соҳиби пули калону зиндагии шоҳона гаштан муборизаи шадид мерафт. Як рӯз Таня ба наздам омада ангуштарини қиматбаҳоеро ба дастам дод ва гуфт, ки бегоҳ ба хонаашон рафта, онро аз номи худам ба ӯ туҳфа намоям, то падару модараш дилпур гашта аз пайи тӯй шаванд.
ШАВҲАРАМ БА ДУХТАРАМ ЧАШМ АЛО КАРДУ...
Майлаш гуфта ангуштаринро ба кисаам задаму ваъда додам, ки шом меҳмонашон мегардам. Таня дилпур гашта бо табъи болида ба хонаашон рафт. Нисфирўзӣ ангуштаринро дар мағозаи назди бозори “Садавод” фурӯхтаму билет харида ба Ватан парвоз кардам. Медонед, барои чӣ Таняро «кидат» кардам? Барои он, ки ў аз як даст маҳрум буд. Ҳарчанд фикр кардам, ҳаётамро бо духтари якдаста тасаввур карда натавонистам. Танҳо бо ҳамин сабаб аз баҳри ишқи ин бойдухтар гузаштам ва номардона ӯро фиреб карда, фирор намудам. Ба омадан омадам, вале виҷдонам маро азоб дода истодааст. Аз он ки як духтари маъюбро фиреб кардам, худамро бисёр одами паст эҳсос намуда, хуни ҷигар мешавам. Худам ба худам нафрат дорам. Пули ангуштаринро ба сағерахона хайр кардам, то азоби виҷдонам камтар шавад, аммо ҳамоно руҳан ранҷ кашида истодаам. Намедонам хатои кардаамро чӣ гуна ислоҳ намоям. Баъзан фикр мекунам, ки ба Русия баргашта ба назди Таня равам ва ягон баҳонаи боварибахш пеш оварда, барои бе огоҳӣ ӯро тарк намуданам узр пурсида аз пайи туй шавам, вале…
Худоё, дар миёни дуроҳаи тақдир монда, чӣ кор карданамро намедонам. Хонандагони сомонаи Оила Тч, илтимос, бо маслиҳатҳои судмандатон ба ман роҳи дурустро нишон диҳед!
Ғайратшои панҷӣ