Соҳиби як писарча ва хонаю дари обод будам. Бо шавҳарам зиндагии ширин доштем.
Рӯзе ба хонаам як дугонаи мактабиям омад. Ангуштонаш, гардану дастонаш аз тилловорӣ пур буданд. Назараш замину осмонро намегирифт. Аз шавҳараш ҷудо шуда дар Русия кор мекардааст. Аз рӯйи гуфташ даромади ниҳоят калон доштааст ва кордаш дар он ҷо болои равған будааст. Нақли дугонаамро дар бораи ҳаёти шоҳонааш шунида ба қавле оби даҳонам шорид. Дар ҳусну ҷамол аз дугонаам зеботару дилкаштарам, бинобар ин, сарулибоси зебою зару зевари ин ҷавонзани ба нохуни пойи ман намеарзидаро дида, дилам ба худам сӯхт. Ба худам нафрат кардам, ки бахти аввал гуфта, девонаҳо барин бо як бурда нони шавҳари камбағал тоқат карда гаштаам. Дугонаам «умри ҷавонатро дар ҳамин чордевори холӣ мегузаронӣ» гуфта ба дилам оташ рехта рафт.
Аз ҳамон рӯз сар карда, зиндагии ширинамон талх гашт, чунки ман дигар бо маоши шавҳарам қаноат карда наметавонистам. Мардҳои бойи ҳамсояро назди шавҳарам мисол оварда, талаб мекардам, ки мисли онҳо пулёб шавад. Оқибат ҷонаш бар лабаш расиду ҷавобамро дод. Заррае аз хонавайрон шуданам ғамгин нагашта писарамро дар хонаи модарам гузоштаму як ҳафта баъди талоқ гирифтан ба Русия рафтам. Азбаски дигар ягон шинос надоштам, ба дугонаам занг задам, вале телефонаш хомӯш буд. Дар мулки бегона бе сарпаноҳу бе ёру дӯст чанд рӯз аз гуруснагию ташнагӣ азият кашида, билохира танфурӯширо ягона роҳи наҷот донистам. Барои парондани шарми рӯям кам-кам шароб менӯшидам. Оҳиста- оҳиста ба нӯшидани машрубот одат намудам. Акнун тамоми хонаҳои Маскав хонаи ман буданд, кадом марде пул диҳад, ҳамроҳаш мерафтам. Оқибат бемор шудам ва аз по афтида базӯр худро то фурудгоҳ расондам ва чипта харида ба Ватан баргаштам. Пайвандонам аз ман рӯй гардонда гуфтанд, ки дигар на дар хонаашон барои ман ҷой ҳасту на дар дилашон. Писарам маро дидан нахост. Пушаймонам, вале дигар аз пушаймонӣ суде наст. Ба гапи дугонаам даромада бо дасти худам ҳаётамро сӯхтам. Ин номаро барои он навиштам, ки сарнавишти талхи ман ба дигар хонумҳо дарс шавад. Беҳтараш як умр нони қоқ хӯреду фикри ғарибиро накунед, занҳо!
Ҳоҷарой, ш. Душанбе