Янгаам Сафаргул аз оилаи сарватманд буд. Бародарам бо ў чӣ хел шинос шуд, намедонам, вале ду пояшро дар як мўза андохта, “Сафаргулро мегирам” гӯён, ҷони волидонамро ба лабашон оварду ночор кулчаю тӯша пухта келинбинӣ рафтанд.
Чашмони бозингари арӯсшаванда ба модарам хуш наомада бошанд ҳам, хотири падару модараш, ки бисёр меҳмоннавоз будаанд, розӣ шуд, ки ӯро келин карда бо тӯю тамошо ба хонаамон биёрад. Баҳси падару модарам дар бораи ба хонаи қудо чиҳо бурдан қариб ду ҳафта давом кард. Падарам тӯйро одиякак гузарондан мехост, вале модарам “оилаи онҳо сарватманданд, чизу чораи моро механдад” гӯён, талаб мекард, ки молу матоъҳои пеши бозорро харида барем, то фардо хандахариши хешу табори келин нашавем. Хулоса, пули калон қарз карда матоъҳои пеши бозорро хариданду ба хонаи арўс туқуз бурданд. Падари арӯс чор ҳазор доллар ҳаққи шир талаб кард. Бечора падару модарам ба инаш ҳам сар фароварданд ва пули калон дода, бо тўйи бодабдаба арӯси писарашонро ба хона оварданд. Аз байн се моҳ нагузашта арӯс кӯдак вайрон кард. Келинро ба духтурхона бурдем. Вақте табибон гуфтанд, ки кӯдак қариб 7- моҳа аст, хун ба сари бародарам зад. Сарашро ба дару девор зада, девонавор дод мегуфт, ки наход ҳамин қадар пулу мол сарф карда, ман як беваро ба занӣ гирифта бошам. Баъдтар маълум шуд, ки барои пинҳон намудани сирри нодухтариаш бойдухтари айёр бокирагиашро бо кӯмаки ким-кадом духтури занона барқарор карда будааст. Бародарам талоқи ҳамсарашро дод. Ба суд ариза дода талаб намудем, ки волидони келин хароҷоти кардаи моро баргардонанд, вале онҳо шумоён духтари моро туҳмат мекунед гӯён, дар ҷавоби аризаи мо аризаи муқобили даъво пешниҳод намуданд. Падару модарам пул дода, ба худашон дарди сари зиёдатӣ хариданд, акнун корашон ҳар рӯз дар ба дари суд гаштан асту халос. Барои он сарнавишти бародарамро нақл кардам, ки волидон дар интихоби келин ҳушёр шаванд.
БАҲРОМИ МУҲОҶИР: ДОД АЗ ДАСТИ ПАДАРИ АЛКАШ!
Пеш аз тӯй як бор келину домодро аз муоинаи духтур гузаронед, то баъд мисли падару модар ва бародари ман як поятон дар хонаву пойи дигаратон дар идораи суд нашавад!
Қутбия, ш. Кўлоб