arzon replenishment
Духтари президент худкушӣ кард?
2502


Шунидам, ки духтари кадом як президенте даст ба худкушӣ задааст.

Илтимос, дар ҳамин бора маълумот диҳед! Духтари кадом президент ва бо чӣ сабаб қасди ҷони ӯ намудааст? Магар шоҳдухтарҳо ҳам аз зиндагӣ безор мешаванд?

Юқуб, сокини шаҳри Кӯлоб

Посух
Бародари азиз Юқуб! Духтари президент не, духтари сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия Меҳдӣ Саноӣ-Арафа Саноӣ ҳафтаи равон даст ба худкушӣ зад. Бино ба маълумотҳои расмӣ хонум Арафа Саноӣ аз сактаи мағзӣ бо зиндагӣ хайрбод гуфтааст, аммо баъзе манбаҳои дигар аз қабили ИНТЕРФАКС ба худкушӣ кардани духтари сафир ишора карда, менависанд, ки ҷасади ин занро субҳи рӯзи 22-юми октябр як роҳгузар тасодуфан дар поёни як бинои баландошёна дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Маскав пайдо намудааст. Духтари сафир аз бемории афсурдагӣ азият мекашид ва ҳамеша таҳти назорати табибони равоншинос қарор дошта, доруҳои оромкунанда қабул мекардааст.


Бечора модарам то ҳол намедонад, ки писараш дар маҳбас аст, гумон мекунад, ки дар Русия кор карда гаштаам.


“Хонум Арафа ҳеҷ гоҳ ба духтурони Русия муроҷиат намекард ва ниҳоят аз ин беморӣ даст ба худкушӣ зад” навиштааст як манбаи дигар.
Ёдрас мешавем, ки Меҳдӣ Саноӣ номзади илмҳои сиёсии Академияи илмҳои Россия буда, аз соли 2013 инҷониб дар вазифаи сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия хизмат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД