Sebiston new 2024 october
Дод аз дасти кампири серҷоғ!
2733

-Алло, салом, ин ҷо сомонаи "Оила" аст?
-Бале хоҳарҷон, чӣ матлаб доред?
-Апаҷон, хайрият, ки шумо гӯшакро бардоштед. Доим занг мезанам, ҷавоне мебардорад, шарм дошта зуд телефонро хомўш мекунам.
-Ягон дарди занона дошта бошед, бемалол гап занед.


-Дарди ман хушдоманам аст. Кампир аз субҳ то шом ҷакида ҷонамро ба лабам мебиёрад. Худо накарда ба гапаш гап гардонам, қиёматро қоим карда мегӯяд, ки ҳоло ист, писарам биёяд, шӯр андохта, туро аз ин хона нест мекунам. Ягона айби ман он аст, ки ҳомиладорам. Кампир «мо ҳам дар вақташ зоида будем, вале рӯзи дароз дар колхоз кор мекардем» гуфта, дӯғу пӯписа мекунад, шавҳарам бошад, аз хати кашидаи модараш берун намебарояд, мур гӯяд, мемурад. Ин корро кун, он корро кун гуфта модаршӯям рӯзи дароз маро азоб медиҳад. Медонам, ки хизмати хушдоманро кардан вазифаи келин аст, вале инсоф ҳам лозим будагист. Наход зани ҳомиладорро аз субҳ то шом хар барин кор фармоӣ?! Ягон ҷоям дард кунад ҳам, шиква карда наметавонам, чунки хушдоманам «ҳомиладор шудам гуфта ин қадар эркагӣ накун, модагов, ки буққа рафт, мезояд» гӯён неш мезанад.


ИШҚИ КАМПИР ХОНААМРО СӮХТ!


Нони мехӯрдаамро ҳар бегоҳ дар баданам заҳр мекунад ин беинсоф. Ҳар рӯз аз таги нохун чирк кофта ягон айби маро меёбад. Кинояву дӯғу дарангаш ба дилам задааст, охир то ба кай як коса шӯрборо бо оби чашм мехӯрам?! Рўзам сиёҳ аст, метарсам, ки фарзандам нуқсондор ба дунё омада, аламу дарди маро зиёдтар месозад. Хонандагони азиз, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам? Дили сангини хушдоманамро бо чӣ ёбам?
Зайнаб, аз н. Варзоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД