Sebiston new 2024 october
ДАР ПАНҶАКЕНТ КАРАНТИН ЭЪЛОН ШУД?
20.03.2020
Oila.tj
3298


Як хонандаи доимии мо аз шаҳри Панҷакент ба идора занг зада, иттилоъ дод, ки шуруъ аз субҳи 20 – уми март дар чанд муассисаи таълимии шаҳри Панҷакент ва маконҳои ҷамъшавии одамон карантин эълон шудааст.

Хабари мазкурро чанд нафар сокинони ин шаҳр низ тасдиқ намуданд.

Чанд хонандаи дигар аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар низ зимни суҳбат бо хабарнигорони мо гуфтаанд, ки дар бисёр маконҳои серодам ва ҷойҳои алоҳида аллакай вазъияти карантинӣ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки бахшида ба таҷлили рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ “маршировкаи наврӯзӣ” идома дорад ва донишҷӯёни зиёде ба он ҷалб шудааст. Интизор меравад, ки ҷашни ҷумҳуриявии он дар шаҳрми Хуҷанд бо иштироки аъзои баландпояи ҳукумати кишвар баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки то имрӯз дар кишвари мо нафарони сироятшуда ба ин навъи беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД