Муддати 6-рӯз мешавад, ки Иқболҷони 15-сола дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дар ҳолати КОМА қарор дорад.
Амаки Иқболҷон Норов ин субҳ дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИЛА ТЧ гуфт: "Аз Самарқанд ва аз Душанбе профессорҳоро овардем, вале ҳамаашон бо як овоз мегӯянд, ки ба зинда монданаш ҳамагӣ 10% кафолат медиҳем. 6-рӯз боз дар ҳолати КОМА қарор дорад. Бо дастгоҳи сунъӣ нафас гирифта истодааст. Ҳозир дастгоҳро гиранд, кӯдак мемураду халос...."
Амаки Иқболҷон мегӯяд, бачаҳое, ки ҷиянашро зада ба ин ҳол расониданд, бори аввал не, бори дуюм даст ба чунин кор зада, истодаанд. Зимистон онҳо як бачаи дигарро низ корд зада буданд.
Ёдрас мешавем, ки сокини деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент Иқболҷон Норови 15 соларо як ҳафта пеш 5-нафар бо санг зада, мадҳуш карда буданд. Аз рӯйи овозаҳо баҳси об ва замин боиси ҷангу ҷанҷол ва маъюб гаштани ин бачаи наврас гаштааст.
Бобоҷони Саидзод, тағои Иқболҷонниз тарики фейсбук ба Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, имдод хостааст. Бобоҷони Саидзод дар номаи додхоҳиаш ба сарвари давлат аз ҷумла чунин навиштааст:
“Мӯҳтарам Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!
Писарчаи хоҳарамро дар деҳаи Артучи Панҷакент бачаҳои ҳамдеҳагонаш бо санг зада афтондаанд ва ҳоло дар вазнинхона дар ҳолати беҳушӣ аст. Асли воқеа чунин аст: Иқболҷон Норов-ҷиянам аз сари замин ба хона меомад, ки ногаҳон авбошон бо санги калон ба сараш зада, ӯро ба по афтондаанд. Вақте ки Иқболҷон ба замин меафтад, одамҳои деҳа ҳама тамошогар буданд ва дар дили ягонтоашон раҳму шавқат набудааст, ки ақаллан ӯро аз замин бардоранд. Танҳо ҳамсояашон занг зада мегӯяд, ки писаратонро сангборон карданд. Хоҳари дигарам бо духтараш ва янгаам омада аз замин ӯро мебардоранд ва ба модараш занг зада, ба шаҳр ба беморхона мебаранд, аммо дер мешавад...”
Дар интиҳои номааш тағои Иқболҷон дар ҳалли ин қазия аз сарвари давлат имдод пурсида менависад:
“Ҷаноби Олӣ! Шумо фақат дар паёмҳои худ таъкид мекунед, ки арзу доди мардуми камбизоату одӣ ба назар гирифта шавад. Илтимос, нисбати ин қазия дастур диҳед, ки аз рӯйи ҳақиқат тафтишот бурда шавад.