Oila Navruz
Чаро мард занҷаллоб мешавад?
3392

Чаро як тоифа мардон ҳар рӯз домони зани дигареро мегиранд?

Занбозӣ –бемориест, ки дар тиб номи худро дорад. Мардҳое гирифтори ин беморӣ мешаванд, ки аз муносибатҳои давомноки ошиқона ҳарос доранд. Занҷаллоб ҳатто зеботарину дилработарин занро охирин зани ҳаёт худ интихоб карда наметавонад, чунки қувваи асосие, ки ӯро ба иваз намудани занҳояш маҷбур месозад, тарс аст. Ҳарчанд занҷаллоб худбовар намояд ҳам, дар асл ба шаъни мардонаи худ бовар надорад ва дар баробари ин, мехоҳад барои тамоми занҳояш аввалину охирин бошад. Ҳар қадаре ба зан наздик шавад, ҳамон андоза аз ӯ метарсад.

Бачаҷони оча
Занбозони оянда фарзандонеанд, ки дар муҳити занона ба воя расидаанд. Аксаран ин тоифа падар надоранд ё падарашон дар назди занаш қадру қимате надорад. Ба ибораи дигар бигӯем, мард нею латта.

Модараш чунин писарро дар як вақт ҳам таъриф мекунаду ҳам метарсонад ва барои ҳар як кори хато ҷазо дода, пайваста талқин менамояд, ки бе модар сарҳисоби зиндагияшро намеёбад.

Ба воя расида «бачаҷони оча» ҳатто дар ҳалли осонтарин масоили рӯзгор дармемонад, чунки ҳама корро ба ҷояш модар иҷро мекард. Модар то охири умр ҳатто либоси писарро худаш интихоб менамуд. Писар аз ин амали модар ҷонбезор шудааст, вале мустақилона зистанро наомӯхтааст.

Дар 17-18 солагӣ баъзе бачаҳои эркатулфор кӯшиши озод буданро мекунанду хонуми аз худашон 5-10 сол калонро ба занӣ мегиранд. Ва аз мӯрӣ гурехта ба обадон меафтанд. Аз ин лиҳоз, тамоми умр марди занакбоз аз асири зан будан метарсад.

Занбозро чӣ тавр шинохтан мумкин аст?
Занбоз шудани мардро аз панҷсолагияш фаҳмидан мумкин аст. Дар кӯдакӣ писарони боодобанду муаллимон дӯсташон медоранд. Аксаран соҳиби мансаб низ мешаванд: набудани муҳаббатро чунин мардон бо фаъолнокии иҷтимоӣ иваз мекунанд ва ба модар исбот кардан мехоҳанд, ки мустақилона бою зӯру тавоно шуда метавонанд. Касберо интихоб менамоянд, ки дар коллективи занона бештар ҳузур дошта бошанд.

Марди занбоз якбора аз паси чанд зан медавад, агар дили ду- сетояшро ба даст оварда натавонад, пас боқимондаҳояш ҳатман ҳамроҳаш мемонанд. Аз хиёнат сахт метарсад. Марди занбоз тарс аз он дорад, ки занро қонеъ карда наметавонад. Барои аз шармандагӣ гурехтан аввалин шуда занро тарк месозад ва дарҳол бо фиребгарӣ ном мебарорад. Шаҳват барои чунин мард аввалиндараҷа нест.

Назар ба дигар мардҳо занбоз ҳеҷ гоҳ аз занбозиаш лоф намезанад. Дар ҳузури мардон худро ноҷӯр ҳис мекунад. Мардҳо ӯро барои қилиқҳои занонааш дӯст намедоранд, зеро мисли занҳо аз муноқиша мегурезаду дум меликонад, ҳол он ки чунин рафтор хоси мардони асил нест. Аз ин лиҳоз, занакбоз аз дӯст дида, дугона бештар дорад.

 Танҳо зани резинӣ тоқат мекунад
Барои марди занбоз зане хатарнок наменамояд, ки ба зани резинӣ шабоҳат дошта бошад. Албатта ҳилларо ба кор бурда, ин мардро ба худ оиладор кардан мумкин аст, вале чунин никоҳ умри дароз надорад.

Агар якумра зани чунин мард шудан хоҳед, танҳо дугонаи ӯ шуда метавонед. Ҳамроҳаш дар бораи либосу силсилафилмҳо ва консертравӣ гап мезанеду аз муносибати маҳрамона умедатонро меканед.

Заифии мардро дар назди модараш дида, баъзе занҳо модарвор ғамхорӣ зоҳир менамоянду то андозае ба ҳам наздик мешаванд. Аммо ин хатогии маҳз аст. Ҳамин ки муносибатҳо маҳрамона гаштанд, марди занбоз аз тарси вобаста гаштан рӯ ба гурез мениҳад.

 


Дилам аз ҷинси мард мондааст, мехоҳам миннати ягон номардро нашунида, бо меҳнати худам соҳиби хонаю дар шавам ва одамвор зиндагӣ кунам!

 


Дар охири ҳаёт марди занҷаллоб танҳо монда, ба тақдири бади худ лаънат мехонад, ки натавонист зани дилхоҳашро пайдо намояд. Зани орзуҳои марди занҷаллоб бояд ҳамдилу мададгораш бошад, яъне ба ҷои модар ва ҳам озодии ӯро маҳдуд насозад.

 Ба дом наафтед
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки аслан ба доми мардҳои ҳавасбоз занҳои меҳру муҳаббати мардро надида меафтанд. Булҳавас бо тамоми занҳо боодоб асту ботакаллуф. Агар марди ҳавасбоз ба шумо гул тӯҳфа кунад, ин маънои ошиқ буданашро надорад. Ӯ ҳамин сон метавонад ҳар рӯз ба ҳамкорони худ гул тақдим намояд. Бо рӯзи зодрӯзатон табрик кунад ҳам, аз шодӣ дилкафак нашавед. Бовар кунед, ки ӯ шуморо ҳамчун зан занро табрик намудааст.

Булҳавасро табобат мебояд
Дар баробари сад зан доштанаш, булҳавас худро танҳо эҳсос менамояд. Азоб мекашаду мехоҳад худро машғули кори зиёд намояд. Дар синни баркамолӣ баъзеяшон аз шарми атрофиён оила бунёд мекунанд, вале аксарияташон то ба охири умр муҷаррад мемонанд.

Булҳавас аҳён-аҳён дарк мекунад, ки бемориаш ниёз ба табобат дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД