Ҳамал (21 март-19 апрел)
Барои нафарони танҳо имрӯз имкони шиносоии ҷолибу ошиқона ба вуҷуд меояд. Муносибатро бо наздикон хуб нигоҳ доред, нагузоред рашк ё ранҷиш дилҳоро сард созад. Дар кор масъулият бештар мешавад ва хароҷоти ғайричашмдошт низ пеш меояд. Эҳтимол маблағи зарурӣ аз мукофот ё бурди ногаҳонӣ дастрас гардад. Эҳсосоти манфиро идора кунед, зеро тағйири рӯҳия метавонад ба муносибатҳои шахсӣ таъсир расонад.
Савр (20 апрел-20 май)
Эҳтимоли оғози ишқи нав зиёд аст, бинобар ин ба намуди зоҳирӣ ва ҳолати рӯҳии худ аҳамият диҳед. Каме танҳоӣ ба шумо имкон медиҳад эҳсосоти аслиро дарк кунед. Корҳоро ба таъхир нагузоред, вагарна мушкилиҳо ҷамъ мешаванд. Аз харидҳои шитобкорона худдорӣ намоед. Хабарҳои муҳим метавонанд ба фаъолияти касбӣ таъсир расонанд. Варзиш ва суҳбат бо дӯстони самимӣ рӯҳияатонро болида месозад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Давраи муносиб барои шиносоӣ, мулоқот ва изҳори муҳаббат фаро мерасад. Ба иштибоҳҳои гузашта банд нашавед, ба оянда бо умед нигаред. Барои расидан ба ҳадафҳо аз дӯстону ҳамкорон ёрӣ пурсидан айб нест. Қарорҳои ҷиддӣ пеш меоянд, беҳтараш масъулиятро бо шахси боэътимод тақсим кунед. Хабарҳои хуш метавонанд пешрафти корҳоро тезонанд. Ба саломатӣ ва ғизои худ диққат диҳед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Кӯшиш кунед муносибатҳоро гармтару романтикӣ созед. Таъмири хона ё хариди нав фазои оромию ҳамдигарфаҳмиро зиёд мекунад. Имрӯз зеҳнатон тез аст, барои вохӯриҳои корӣ ва гуфтушунидҳо фурсати хуб аст. Ҳангоми ҳисобу китоб бодиққат бошед, эҳтимоли фиреб вуҷуд дорад. Қувва ва илҳоми зиёд доред, аз ин нерӯ истифода бурда, нақшаҳои деринаатонро амалӣ намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз бо лаҳзаҳои хуш ва эҳсосоти гарми ошиқона хотирмон мегардад. Барои беҳтар сохтани муҳити хона ё муҳити корӣ вақти мусоид аст. Имкони иштирок дар лоиҳаи судовар пеш меояд. Мулоқотҳои муҳимро ба нимаи дуюми рӯз гузоред. Корҳои тиҷоратӣ муваффақ мешаванд. Бо рӯҳияи баланд ва фаъолият ба натиҷаҳои хуб мерасед. Ба варзиш ва саломатӣ низ таваҷҷуҳ намоед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз метавонед дар муносибатҳо суботу оромиро тақвият бахшед. Ба андешаи шарик эҳтиром гузоред, то аз нофаҳмиҳо канорагирӣ шавад. Имкони ҷалби таваҷҷуҳи роҳбар пайдо мегардад, вале саъй кунед рафторатон табиӣ бошад. Рӯз барои хариду фурӯш мусоид аст. Шояд хоҳиши танҳо будан пайдо шавад, ин фурсати хуб барои барқарор кардани нерӯ ва тавозуни рӯҳӣ мебошад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Дар ҳаёти шахсӣ ба садои дил гӯш диҳед ва аз баҳсҳои ночиз дурӣ ҷӯед. Ҳоло вақти тағйироти бузург нест, бо оромӣ пеш равед. Эҳтимоли шунидани хабарҳои ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Корҳоятон беҳад зиёд мешаванд, вале ин ба рушди касбии шумо кумак мекунад. Варзиш ва нигоҳубини саломатӣ нерӯи мусбат мебахшад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Беҳтараш ҷузъиёти ҳаёти шахсиро ба ҳама ошкор накунед. Бо нафаре суҳбати ҷиддӣ имкон дорад, баъзе хафагиҳо рӯшан мешаванд. Агар ба мансаби баландтар умед дошта бошед, ба намуди зоҳирӣ ва рафтори худ диққат диҳед. Аз сармоягузории хатарнок худдорӣ намоед. Нимаи рӯз каме хастагӣ эҳсос мешавад, вале ин ҳолат муваққатист ва зуд мегузарад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Орзуҳое, ки дар дил доред, метавонанд амалӣ шаванд, бинобар ин дар ниятҳо бодиққат бошед. Дар муносибат бо наздикон суҳбати самимӣ муҳим аст. Барои соҳибкорон имкони бастани шартномаи фоидаовар пеш меояд. Рӯз барои тиҷорат мусоид аст, аммо аз муноқишаҳо канорагирӣ кунед. Агар бемории музмин дошта бошед, ба саломатӣ бетаваҷҷуҳ набошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ меҳнати бештар зарур аст. Рӯз барои пайдо кардани оромии ботинӣ ва худидоракунӣ мусоид мебошад. Агар наздикон ба кумак ниёз дошта бошанд, дастгирӣ кунед. Коратон зиёд мешавад ва эҳтимол масъулияти иловагӣ ба зимма гиред. Бо маблағ эҳтиёткор бошед. Ба мушкилоти хурд аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед, рӯҳияи мусбат саломатиро беҳтар месозад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Талаботи баланд дар интихоби шарик метавонад шуморо аз бахт дур созад. Ба маслиҳати дӯст гӯш диҳед. Аз мушкилот нагурезед, онҳоро сари вақт ҳал намоед. Дар ҷойҳои серодам эҳтиёт кунед. Ба парҳез аҳамият диҳед, аз таомҳои серравғану серкалория худдорӣ намоед. Тарзи ҳаёти солим ба шумо нерӯ ва оромӣ мебахшад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ҷаззобият ва дилрабоии шумо бештар мешавад, метавонед бо як табассум дили нафареро ба даст оред. Мушкилоти хонаводагиро бо сабр ва гуфтугӯ ҳал кунед. Рақибон фаъол мешаванд, бинобар ин ҳушёр бошед. Барои соҳибкорон сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои ҷиддӣ метавонад судовар гардад. Дилтангиро аз худ дур созед, бо рӯҳияи сабук зиндагӣ ширинтар аст.