arzon replenishment
Президенти камбағалтарини ҷаҳон
1508

 

Анқариб дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мардум аз он шикоят мекунанд, ки президент ва дигар ҳукуматдорон шоҳона зиндагӣ карда, аз азобу уқубатҳои ҳаёти рӯзмарраи одамони одӣ хабар надоранд, вале...

Халқи Уругвай аз сарвари давлати худ ҳаргиз чунин шикоят намекарданд, зеро президенти ин мамлакт Хосе Мухика, ки солҳои 2010-15 сари қудрат буд, рӯзгори бисёр қашшоқона ба сар мебарад...

Саги сепоя- муҳофизи президент?!

Хосе Мухика 20-уми майи соли 1935 дар Монтевидео ба дунё омада, зиндагии омиёна дорад. Хосе президент бошад ҳам, то имрӯз дар як фермаи куҳна, ки аз бобояш ба ӯ мерос мондааст, умр ба сар мебарад. Вазифаи муҳофизии ин президенти хоксорро танҳо ду милиса ва як саги маъюб, ки се пой дорад, иҷро мекунанду халос. Мухика ҳамеша худаш сару либосашро шуста, дар торбанди назди ҳавлиаш меовезад ва баъди кор бо мошинаи куҳнаю шалақ ба бозор барои харидани меваю сабзавот ва дигар маводи хӯрока меравад.

Сарвари давлат навбат меистад

Мабодо нотоб шаваду зарурати аз муоинаи духтур гузаштан пеш ояд, Мухика ба нуқтаи тиббии маҳалли зисташ меравад. Вай мисли дигар одамони қаторӣ дар пушти дари табиб навбат истода, ба қабули духтур медарояд ва баъди гирифтани дорухат роҳи дорухонаро пеш гирифта, танҳо он доруҳоеро мехарад, ки чандон қимат нестанд...

Пулҳои президентро кӣ мехӯрад?

Шояд шумо гумон кунед, ки президенти ин давлат маош намегирад, вале дар асл чунин нест. Аз рӯйи қонун маоши ҳармоҳаи президенти Уругвай 12000 доллар муқаррар гаштааст, вале Хосе Мухика ҳар моҳ 90-% и маошашро ба камбизоатон бахшида, ғайр аз ин, ба кӯдакони оилаҳои камбағал аз ҳисоби 10-% и боқимондаи маошаш компютер ва дигар лавозимоти мактабӣ мехарид, то ки бачаҳо саводи хуб омӯхта, дар оянда ватанашонро ободу зеботар гардонанд...

 

Камбағалӣ айб нест, ҳатто барои шоҳ

Хосе Мухика махсус аз зиндагӣ дар бошишгоҳи бошукӯҳи президентӣ даст кашида, дар фермаи авлодиаш, ки аз пойтахти ҷумҳуриаш Монтевидео чандон дур нест, зиндагӣ мекунад. Роҳи фермаро ҳатто мумфарш накардаанд ва Мухика бо мошини шалақаш ҳар рӯз бо ҳамин роҳи пур аз чангу хок ба шаҳр рафта меояд.

Дар Уругвай ҳамаи кормандони давлатӣ муваззафанд, ки моликияти шахсиашонро ба қайд гузоранд. Мувофиқи деклоратсияҳо моликияти шахсии президент аз мошини “Фолксваген-жук” соли баромадаш 1987 иборат аст, ки ҳамагӣ 1800 доллар арзиш дорад...

Сабақи талхи зиндон

Хосе Мухико соли 2010 президенти Уругувай интихоб гардида бошад ҳам, қабл аз ин чандин соли умрашро дар зиндон сипарӣ карда буд. Солҳои 60-70- уми қарни гузашта Хосе Мухика аъзои фаъоли гурӯҳи “Тупамарос” буд ва ба хотири ғояҳои ин гурӯҳи опозитсионӣ ҷангида, мисли Робен Гуд қаҳрамониҳои зиёде кардааст. Дар ин задухӯрдҳои тазоҳуротӣ 6 маротиба ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, қариб 14-соли умрашро дар паси панҷара сипарӣ кардааст. Мухикаро дар зиндон дар ҳуҷраи танҳои тангу торе нигоҳ медоштанд, ки ҳатто нури офтоб ба он намедаромад. Вай танҳо соли 1985, баъди истиқлолият ба даст овардани Уругвай ба озодӣ баромад.

Ба гуфти худи президент солҳои дар зиндон сипарӣ кардааш нигоҳи ӯро ба зиндагӣ тамоман дигар кардаанд. Хосе Мухико мегӯяд:

-Маро президенти қашшоқтарини дунё меноманд, вале ман худамро камбағалу нодор ҳисоб намекунам. Камбағал онҳоеанд, ки ба хотири дар нозу неъмат зиндагӣ кардан дигаронро ғорат мекунанд. Киса ва хазинаҳояшон пур шавад ҳам, чашми ин тоифа ҳеҷ серӣ надорад ва мехоҳанд ҳарчи бештар молу сарват ҷамъ кунанд. Ҳар қадар бойтар шаванд, ҳамон андоза мумсику хасис шуда, ғуломи сарват мегарданд. Ман хеле шодам, ки Худованд маро аз чунин ғуломӣ озод намудааст. Ба назари бисёриҳо шояд ман як мӯйсафеди беақл намоям, вале ин интихоби ман аст. Ман хубу роҳат зиндагӣ мекунам ва аз ҳаёте, ки ба сар мебарам, сад дар сад розию хушнуд ҳастам...

“Корнамоиҳо”-и Мухико

Хосе Мухико бо шарофати зиндагии хоксоронааш ба бисёриҳо писанд омадааст. Албатта дар қатори дӯстонаш душманоне низ ёфт мешаванд, ки сиёсати пешгирифтаи ӯро танқид карда, Мухикоро як мӯйсафеди аблаҳ меноманд, вале аксари мардум ӯро ҷонибдор буданду ҳастанд. Сабаб дар он аст, ки дар давраи сари қудрат будани Хосе Мухико озодӣ дар Уругвай ба авҷи аълояш расид. Пештар исқоти ҳамл намудан гуноҳи азим ба ҳисоб мерафт, вале Мухико ҳатто баъди 12- ҳафтаина шудани ҷанин низ исқоти ҳамл карданро қонунӣ кард. Дар кишвар ба никоҳи якҷинса ва хариду фурӯши озоди маводҳои кайфиятбахш иҷозат дода шуд. Аҷибаш он аст, ки шумораи одамони нашъаманд баъди озод шудани хариду фурӯши чунин маводҳо бо суръати кайҳо кам шуда, талабот ба нашъаю марихуана намонд ва наркобаронҳо маҷбур шуданд, ки хоки Уругвайро тарк намоянд.

Дар солҳои ҳукмронии Хосе Мухико нархи маҳсулоти ниёзи аввал аз ҷумла шир давлатӣ гардонида шуда, таҳсил дар мактабҳои миёна ва гирифтани маълумот умумӣ комилан ройгон гашт.

Мерос чӣ лозим, вақте меросхӯр нест?

Хосе Мухика ва ҳамсараш Лусия Тополански узви сенати Уругувай буда, рӯзгори осоишта ба сар мебаранд, вале Худованд ба ин ҷуфти меҳрубону хоксор фарзанд ато накардааст...

Таҳияи Ш. Ниёзова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД