Commerc banl
Сокини 50-солаи Ҳисор бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст
27.02.2026
Oila.tj
55

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Иброҳимов Урунбек, сокини 50-солаи шаҳри Ҳисор дастгир карда шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки номбурда қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва сохтакорӣ суд шудааст.

Дастгиршуда худро намояндаи шахсони сарватманду саховатпеша ва ширкатҳои гуногуни хайриявӣ муаррифӣ намуда, аз шумораи зиёди шаҳрвандон бо баҳонаи таъмин намудан бо манзили истиқоматӣ маблағҳои калони пулӣ талаб намуда гирифтааст.

Айни замон 4 ҳолати қаллобии Иброҳимов У. муайян гардида, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ зиёда аз 257 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нисбати Иброҳимов У. тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки дар сурати аз кирдорҳои ҷиноятии Иброҳимов У. зарар дидан, тавассути рақамҳои (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД