Бошгоҳи “Истиқлол” тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА мактаби футболи худро ифтитоҳ намояд. Ин иқдом бо ҳадафи муаррифии футболи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва тарбияи истеъдодҳои наврас амалӣ карда мешавад.
ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Душанбе хабар додааст, ки мактаби кӯдаконаи “Истиқлол” дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк фаъолиятро оғоз хоҳад кард. Ифтитоҳи он ба давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон-2026 рост меояд.
Зикр мегардад, ки тамоми корҳои омодагӣ ва марҳилаҳои ташкилӣ барои роҳандозии ин лоиҳа аллакай ба анҷом расонида шудаанд.
Роҳбарияти клуб таъсиси чунин мактабро қадами муҳим дар роҳи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии футболи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунад.
Ҳадафи асосии лоиҳа рушди истеъдодҳои ҷавон, бахусус кӯдакон ва наврасоне мебошад, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд.
Ҳамзамон, ин иқдом ба таҳкими робитаҳо бо диаспораи тоҷикон низ мусоидат хоҳад кард.
Интизор меравад, ки мактаб аз рӯи барномаи омодасозии футболбозон, ки дар сохтори “Истиқлол” истифода мешавад, фаъолият намояд. Беҳтарин тарбиятгирандагони мактаб дар оянда метавонанд фаъолияти худро дар низоми клуб ё дигар дастаҳои касбӣ идома диҳанд.