Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз фазои зиндагии шахсӣ барои шумо гарм ва пур аз муҳаббат мешавад. Кӯшиш кунед муносибатро бо нафарони зери мучалҳои Ақраб ва Савр мустаҳкам намоед. Аз суханони тезу танқиди сахт нисбати наздикон парҳез кунед, то дилранҷӣ пеш наояд. Ба оғоз кардани корҳои нав шитоб накунед, натиҷааш метавонад нохуш бошад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва дар мавриди ғизо бо мутахассис маслиҳат кунед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз барои аҳли хонадон ва дӯстону наздикон сарчашмаи нерӯ ва илҳом мегардед. Агар то ҳол ҷуфти муносибатонро наёфта бошед, фаъолтар бошед, бахт метавонад наздик бошад. Барои ҳалли мушкилоти дигарон кумак мекунед, вале аз ҳолатҳои асабхаробӣ дурӣ ҷӯед. Муоширати дуруст калиди муваффақият аст. Пули иловагиро барои пардохти қарзҳо равона созед. Ҳавои тоза ва машқҳои сабук ба саломатӣ фоида меоранд.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз эҳтимол дар ҷамъомад ё чорабинӣ иштирок карда, бо шахси ҷолибе ошно шавед. Шояд эҳсоси наве дар дилатон пайдо гардад. Боҷуръат бошед, аммо ваъдаҳои беасос надиҳед. Аз одамони ҳасуд ё дурӯғгӯ канорагирӣ намоед. Барои нигоҳ доштани нерӯ ва саломатӣ бештар дар ҳавои тоза сайругашт кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Дар зиндагии шахсӣ нофаҳмиҳо пеш омаданаш мумкин аст, вале бо сабру таҳаммул онҳоро ҳал кардан мумкин аст. Вақти бештарро бо наздикон гузаронед, зеро дастгирии онҳо ба шумо нерӯ мебахшад. Фикру нақшаҳои ҷолиби тиҷоратӣ пайдо мешаванд. Ба саломатӣ бодиққат бошед, эҳтимоли сироят вуҷуд дорад, бинобар ин дар ҳолати зарурӣ ба духтур муроҷиат кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шояд аз касе суханони ширину пурмеҳр шунавед, вале эҳсосоти ӯ он қадар ҷиддӣ нест. Ба ҳар таъриф зуд бовар накунед. Аз таъсири одамони ношинос ва пешниҳодҳои шубҳанок эҳтиёт шавед. Онҳое, ки бо бозиҳои пулакӣ сарукор доранд, метавонанд зарар бинанд. Барои барқарор кардани оромии равонӣ истироҳат ва танҳоӣ муфид аст.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат тағйироти ҷиддӣ имконпазир аст. Агар масъулиятшинос бошед, натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Рӯзи оромест, ки шуморо ба омодагӣ барои корҳои бузург даъват мекунад. Дар кор вазифаҳоро дуруст тақсим намоед, то фишор зиёд нашавад. Бепарвоии ҳамкорон метавонад монеа гардад. Ба ҳадафҳои асосӣ диққат диҳед ва ба масъалаҳои хурд аҳамияти зиёд надиҳед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз метавонад шуморо ба шубҳа андозад. Қарорҳои муҳимро, хусусан дар муносибатҳои ошиқона, ба таъхир гузоред. Беҳтараш вақтро бо аҳли оила гузаронида, ба наздикон кумак расонед. Обрӯ ва мавқеи шумо дар касбу кор аҳамияти калон дорад, онро ҳифз намоед. Аз хатарҳои молиявӣ худдорӣ кунед. Ба мушкилот аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед, онҳо гузарандаанд.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Барои ба тартиб даровардани фикру нақшаҳо каме танҳоӣ лозим мешавад. Дӯстон дар ҳалли мушкилот ба шумо ёрӣ мерасонанд. Нимаи аввали рӯз барои иҷрои корҳои муҳим мувофиқ аст. Лоиҳаҳои аз ҳад калонро имрӯз оғоз накунед. Бо вуҷуди ин, нерӯ ва қувваи зиёд доред ва ба бисёр ҳадафҳо ба осонӣ мерасед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз тағйири намуди зоҳирӣ ё харидани либоси нав ба шумо рӯҳбаландӣ мебахшад. Барои харид рӯзи мусоид аст, чизҳои харидаатон дилатонро шод мекунад. Аз хона баромаданӣ бошед, каме барвақттар роҳ пеш гиред. Имкониятҳои нави корӣ ё даромади иловагӣ пайдо мешаванд. Саломатиятон беҳтар мегардад ва нишонаҳои бемориҳои кӯҳна коҳиш меёбанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Ба ҳамсаратон бовар карда, бе далел ӯро сарзаниш накунед. Масоили молиявиро бо машварати аҳли оила ҳал кунед. Ба корҳое машғул шавед, ки зери назорати худ доред, ин фишори равониро кам мекунад. Дар масъалаи пул сарфакор бошед ва шартномаҳои номуайянро имзо накунед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ба варзиш ва пешгирии бемориҳо аҳамият диҳед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Барои муҷаррадон имкони вохӯрӣ бо шахси муносиб зиёд аст. Метавонед ба оғози корҳои ҷиддӣ ё лоиҳаҳои нав иқдом намоед. Бо вуҷуди ин, маблағи дар даст доштаатонро барои харидҳои калон сарф накунед, зеро рӯзҳои наздик ба пули нақд эҳтиёҷ пайдо мекунед. Машқҳои ҷисмонӣ фоидаоваранд, вале худро аз ҳад зиёд хаста насозед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Агар дар дилатон эҳсоси ошиқона пайдо шуда бошад, аввал бо худ ростқавл бошед: оё ин муҳаббати ҳақиқист ё танҳо ҳаваси зудгузар? Дар кор ва муносибат бо ҳамкорон эҳтиёткор бошед, зеро нофаҳмиҳои хурд метавонанд бузург шаванд. Аз харидҳои калон худдорӣ намоед. Нимаи рӯз эҳтимоли хастагӣ ё сардард вуҷуд дорад, бинобар ин шомгоҳ истироҳат кунед.