Commerc banl
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026
388

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Агар нақшаи сафар дошта бошед, имрӯз метавонед бо дилпурӣ роҳ пеш гиред, дар роҳ шиносоиҳои ҷолиб имконпазиранд. Оиладорон бояд масъулиятро ба уҳда гиранд ва мустақилона қарор қабул кунанд. Ба дастгирии дигарон умед набандед. Қарорҳои тунду шитобкорона қабул накунед ва дар корҳои шубҳанок пулро сарф накунед. Саломатӣ хуб мешавад, агар хоҳиш дошта бошед, метавонед корҳои зиёдеро анҷом диҳед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз бархе миёни ишқ ва орзуҳои шахсӣ интихоб мекунанд. Ҳар қарорро баъдтар метавон бозбинӣ кард. Дар оила эҳтимоли нофаҳмӣ ҳаст, сабр кунед ва аз ҷанҷол парҳез намоед. Кор бояд дар ҷои аввал бошад, вагарна хатари аз даст додани ҷойи кор пеш меояд. Бо таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор бошед. Аз ҳар кор манфиат наҷӯед, баъзан беғаразӣ зарур аст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Дар муносибатҳои ошиқона эҳтиёткор бошед ва қарорҳои ниҳоиро ба таъхир гузоред. Дастгирии шумо барои наздикон бисёр муҳим мегардад. Дар соҳаи савдо давраи серкорӣ фаро мерасад. Пешниҳодҳои нави тиҷоратиро бодиққат баррасӣ кунед, онҳо метавонанд манфиатовар бошанд. Муносибатҳои корӣ беҳтар мешаванд. Барои неъматҳое, ки доред, шукргузор бошед, ин рӯҳияи шуморо устувор месозад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Дар муносибат бо дӯстдошта эҳсоси дурӣ пайдо мешавад, аммо ин гузаранда аст. Дар оила аз ҷанҷол худдорӣ намоед ва ба ниёзҳои фарзандон аҳамият диҳед. Хариди ашёи хона метавонад фазоро беҳтар кунад. Нерӯи зиёд доред, онро барои таҳкими робитаҳои корӣ истифода баред. Қарорҳои молиявӣ муваффақ мешаванд. Агар мушкили саломатӣ бошад, ташрифи духтурро ба таъхир нагузоред.

Асад (23 июл-22 август)

Ба муносибатҳои ошиқонаи ду нафар дахолат накунед, вагарна сахт пушаймон мешавед. Баъзеҳо бояд нияти неки худро ба дӯстдоштаи худ исбот кунанд. Имрӯз имкони гирифтани таҷрибаи арзишманди касбӣ пайдо мешавад. Барои пешрафт фаъол бошед ва аз масъулият натарсед. Бо вуҷуди ин, бо сабру таҳаммул бошед, аз васвасаҳо ва одамони озордиҳанда дурӣ ҷӯед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Аз шиносоиҳои нав ва одамони нохуш парҳез кунед. Дӯсти қадим метавонад хабар гирад. Метавонед барои аҳли хонадон ҷамъомади хурд ташкил намоед. Агар баъзе корҳо дер анҷом шаванд, хавотир нашавед, сифат аз миқдор муҳимтар аст. Агар нафаре ёрӣ пурсад ва ба нақшаҳоятон халал нарасонад, кумак кунед. Ба пешгирии бемориҳои мавсимӣ диққат диҳед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Рӯзи серташвиш аст, аммо барои нишасти дӯстона вақт меёбед. Дар оила лаҳзаҳои хуш эҳсос мешаванд, онҳоро қадр кунед. Дар рӯзҳои наздик хеле сухандон мешавед, вале аз суҳбатҳои беҳуда парҳез намоед. Ба моҷароҳои шубҳанок розӣ нашавед, зеро обрӯ ва маблағ зери хатар мемонад. Ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ аҳамият диҳед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Дар ҷамъомадҳо таърифу таваҷҷуҳ мебинед, аммо аз ҷониби нафаре рашку бахилӣ имкон дорад. Барои пешгирӣ намудани ҷанҷол бо шахси дӯстдошта аз суханони нешдор худдорӣ кунед. Ростқавлӣ ва меҳнатдӯстии шумо қадр мешавад, нуфузатон боло меравад. Пешниҳоди нави ҳамкорӣ метавонад имкони рушд гардад. Аз пурхӯрӣ ва нӯшокиҳои газнок худдорӣ намоед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имкони оғоз шудани муносибатҳои ошиқона вуҷуд дорад, ба ҳисси ботинӣ бовар кунед. Ногаҳон омадани хешовандон нақшаҳоро тағйир медиҳад. Дар касбу кор танҳо ба худ такя кунед. Қарз надиҳед, то аз мушкил эмин бошед. Қувва ва нерӯи зиёд доред, метавонед корҳои муҳимро анҷом диҳед. Дар давоми рӯз маслиҳати муфид хоҳед гирифт.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Қадами аввалро гузоштан муҳим аст, ҳатто агар душвор намояд. Дар муносибати ошиқона озодтар бошед. Дар оила эҳтимоли нофаҳмӣ ҳаст, ба баҳсҳо қуш нашавед. Аз нигоҳи эҳсосӣ рӯз вазнин мешавад, кӯшиш кунед танҳо ҷиҳатҳои манфиро набинед. Барои пешгирии хастагии музмин бештар истироҳат намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Гуноҳи дигаронро бахшидан хуб аст, аммо баъзан бояд мавқеи худро ҳимоя кард. Аз одамоне, ки ба онҳо бовар надоред, ёрӣ напурсед. Рӯзи пурэнергия ва илҳомбахш аст. Дар масъалаҳои молиявӣ шитоб накунед ва хариди беҳударо канор гузоред. Ғизои сабук, кам кардани гӯшт ва меваоб ба саломатӣ фоида меорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз саргузашти ошиқона ё рӯйдоди ғайричашмдошт имкон дорад. Шарикатон ба дастгирии молиявӣ ё маънавии шумо ниёз дорад, ӯро пуштибонӣ кунед. Нимаи аввали рӯз эҳтиёткор бошед, музокироти муҳимро ба вақти дигар гузоред. Ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳед. Агар фишори хун баланд шавад, аз қаҳва худдорӣ карда, саломатиро зери назорат гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД