Commerc banl
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ МАРТИ СОЛИ 2026
677

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз бароятон рӯзи имконият ва пешрафт мегардад. Агар ба ҳисси ботинии худ такя карда, вазъиятро оромона арзёбӣ намоед, метавонед монеаҳоро бе мушкил паси сар кунед. Барои вохӯриҳои ошиқона ва изҳори муҳаббат фурсати хуб аст. Шояд наздикон ба дастгирии шумо ниёз пайдо кунанд, худатон интихоб мекунед, ки аввал кадом масъаларо ҳал намоед. Аз ҳад зиёд кор накунед. Дар масъалаи пул сарфакор бошед ва саломатиро нодида нагиред.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз беҳтараш аз шиносоии нав ва саргузаштҳои ишқии шитобкорона худдорӣ кунед. Муносибатҳои деринаро метавонед бо таваҷҷуҳи бештар ва каме романтика гармтар гардонед. Дар корҳои расмӣ эҳтиёткор бошед, зеро муроҷиат ба идораҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Хароҷоти калонро ба таъхир гузоред, эҳтимоли норасоии пулӣ вуҷуд дорад. Дар бораи беморӣ зиёд фикр накунед. Рӯҳияи ором ба саломатии шумо таъсири мусбат мерасонад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Рӯз барои суҳбати самимӣ ва мустаҳкам кардани боварӣ дар муносибатҳо мусоид аст. Эҳсосоти худро пинҳон накунед, ошкоро ва бо эҳтиром сухан гӯед. Пеш аз қабули қарор ҳама паҳлуҳоро бодиққат баррасӣ намоед. Бо роҳбар ё ҳамкорон баҳс накунед, беҳтараш ба корҳое машғул шавед, ки зуд натиҷа медиҳанд. Аз хӯрокҳои вазнин парҳез кунед. Муҳити хонаро бо суханони нек ва фикрҳои мусбат пур созед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Агар касеро дӯст доред, ба сухани дигарон не, ба овози қалби худ гӯш диҳед. Нофаҳмиҳои хурдро бо суҳбати ором ва самимӣ ҳал кардан мумкин аст. Дар кор бо каме саъй ба пешрафти хуб мерасед. Эҳтимол даромади ғайричашмдошт ба даст оред, онро саросема сарф накунед, беҳтараш пасандоз намоед. Рӯҳияи шумо беҳтар мегардад ва барои расидан ба ҳадафҳо неруи нав пайдо мекунед.

Асад (23 июл-22 август)

Муносибати ошиқонаи шумо метавонад ба марҳилаи муҳим гузарад, шиносоӣ бо волидон ё хостгорӣ. Каме фосила гирифтан аз дӯстдоштаатон барои ором шудани эҳсосот муфид аст. Хабаре мешунавед, ки рӯҳияатонро болида месозад. Аз зиндагӣ чизҳои нолозимро дур кунед. Кори ҷисмонӣ имрӯз ба шумо нерӯ мебахшад ва диққат ба ҷузъиёт шуморо аз хатоҳо эмин медорад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз эҳсоси дӯстӣ метавонад ба муҳаббати ҷиддӣ табдил ёбад. Бо эҳсосот шитоб накунед, то баъд пушаймон нашавед. Корҳои хона иштироки фаъоли шуморо талаб мекунанд. Нигоҳ доштани тартибот дар ҳуҷҷатҳо ва нақшаҳо ба муваффақият кумак мерасонад. Рӯз барои даромади молӣ мусоид аст, баъзе нақшаҳои пешина фоида медиҳанд. Ба ғизо диққат диҳед, то мушкили меъда пешгирӣ шавад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз ҷаззобият ва маҳорати муоширати шумо дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегирад. Даъват ба чорабинӣ метавонад оғози шиносоии ҷолиб гардад. Таъмир ё корҳои душворро оғоз накунед, зеро эҳтимоли асабоният зиёд аст. Сабр дар корҳо натиҷаи хуб медиҳад. Дар тиҷорат эҳтиёткор бошед, ҳатто шахси боэътимод метавонад иштибоҳ кунад. Муоширати гарм ба рӯҳия ва саломатӣ таъсири хуб мерасонад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Барои нафарони танҳо вақти муносибест, ки бо ҷасорат қадами аввал гузоранд. Дар хона эҳсосотро идора кунед, то баҳси беҳуда сар назанад. Хоксорӣ ва оромӣ имрӯз ба шумо фоида меорад. Имкони даромади ғайричашмдошт вуҷуд дорад, метавонед онро ба лоиҳаи писандида равона созед. Аз кори зиёди ҷисмонӣ ва изтироб дурӣ ҷӯед. Ғизои солим ва ҳаракати бештарро фаромӯш накунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз имкони истироҳат бо шахси дӯстдошта дар фазои ором пайдо мешавад. Бо вуҷуди ин, дар муошират каме нофаҳмӣ пеш омаданаш мумкин аст, аз ин рӯ сабрро аз даст надиҳед. Идеяҳои эҷодии шумо дастгирӣ меёбанд, онҳоро бо ҳамкорон мубодила кунед. Рӯзҳои наздик бахт ба рӯятон механдад ва вазъи молӣ беҳтар мешавад. Имрӯз барои муомилоти пулӣ ва вохӯриҳои муҳим мусоид аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Дар муносибатҳои ошиқона ҷиддӣ бошед ва барои хушбахтии худ талош намоед. Имрӯз эҳсосоти пурқувват доред ва мехоҳед онро ошкор созед. Дар кор рӯзи хеле муваффақ аст, роҳбарият аз заҳмати шумо қадрдонӣ мекунад ва шартномаҳои фоидаовар имзо мешаванд. Дар масъалаи пулӣ ба ҳисси ботинии худ бовар кунед. Агар худро нотоб ҳис кунед, худмуолиҷа накарда, ба духтур муроҷиат намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Агар дар муносибати ошиқона мушкил пеш ояд, гуноҳро танҳо ба дигарон нисбат надиҳед, шояд интизориҳои шумо зиёд бошад. Ба эҳсосоти фарзандон аҳамият диҳед ва вақти бештарро якҷо гузаронед. Кормандони давлатӣ имкони нишон додани қобилияти худро меёбанд. Вазъи молӣ аз тасмими худи шумо вобаста аст, қадами ҷиддӣ гузоред. Аз изтироби зиёд худдорӣ намоед, то саломатӣ осеб набинад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз эҳсосоти мусбат шуморо фаро мегирад, онро бо наздикон тақсим кунед. Корҳои хона зиёд мешаванд, вале шумо бо масъулият аз уҳдааш мебароед. Вохӯриҳои муҳими кориро беҳтараш ба рӯзи дигар гузоред, зеро гуфтушунидҳо душвор мегузаранд. Имкони беҳтар шудани вазъи молӣ тавассути мукофот ё хариди муфид вуҷуд дорад. Ба фарзандон таваҷҷуҳ зоҳир кунед ва хуб истироҳат намоед, зеро камхобӣ метавонад сабаби нороҳатӣ гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД