Commerc banl
Миёни Душанбе ва Тошканд хатсайри нави автобус фаъол гардид
27.02.2026
Oila.tj
47

Миёни Душанбе ва Тошканд хатсайри нави автобус ба фаъолият оғоз кард. Ин масир ҳафтае ду маротиба аз ҳар ду самт мусофиркашонӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, аз Душанбе рӯзҳои чоршанбеву шанбе соати 13:00 ва аз Тошканд рӯзҳои сешанбеву ҷумъа соати 17:00 ба роҳ мебароянд. Давомнокии сафар дар ин масир тақрибан 15-17 соатро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни роҳ автобус дар шаҳраки Сариосиё таваққуф мекунад.

Гуфта мешавад, ки автобус бо ҷойҳои хоб муҷаҳҳаз буда, барои мусофирон шароити бароҳати сафар фароҳам меорад.

Нархи чипта 300 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 235 сомонӣ) муқаррар шудааст. Барои убури марз аз мусофирон шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД