sebiston july new
БОЗДОШТ ВА ҲАБСИ ҲАМСОЯИ БАДАХЛОҚ
2970

“Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар” гуфтаанд гузаштагони мо. Имрӯз анъанаи ҳамсоядорӣ ва поси ҳаққи намаки ҳамсоя, ки яке аз унсурҳои асосии фарҳанги миллати мо ба шумор меравад, нисбатан камтар риоя мешавад.

Муносибати баду ҷанҷол бо ҳамсоя, дашному ҳақорат ва латукӯби фарзандони вай, қаҳрии тӯлонӣ ва дигар рафтори монанд ба инро сари ҳар қадам метавон дар кӯчаҳои кишвар мушоҳида кард. Хушбахтона, иҷрои ин амалҳо дар деҳаҳо камтар ба назар мерасад.

Раёсати корҳои дохилии пойтахт бо нашри як иттилоия дар сомонаи худ аз боздошти ҳамсояи қонуншикан ва бадкирдор хабар медиҳад. Ба иттилои масъулини Раёсат дар асоси муроҷиати як нафар сокини пойтахт, ки бо ирсоли як навор аз кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҳамсояаш шикоят намудааст, аз ҷониби кормандони ин ниҳод чорабиниҳои оперативӣ-ҷустучӯӣ баргузор гардидааст.
Шаҳрванд Сулаймонов Самандар Саидҷаъфарович, соли тавалудаш 1984, истиқоматкунандаи кӯчаи Мехкалони пойтахт бо ирсоли навори худ нишон додааст, ки ҳамсояи соҳибкораш бо номи Алӣ пайваста дар назди дигар ҳамсояҳо ва аҳли хонаводаи худу ҷабрдида ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, доимо шаъну шарафашро паст мезанад. Дар навор дида мешавад, ки ҳамсояи “каттача” бо даҳони пур аз дашному ҳақорат, алфози қабеҳ ва ҳолати шикастани оинаи пеши автомашинаи шикояткунанда зӯрии худро ба дигарон нишон дода, алови чашм гирифтанӣ шудааст.


Домод хусурашро корд зад


Дар натиҷаи санҷиши кормандони милитсияи пойтахт шахсияти ҳамсояи “зӯр” муайян карда шуд. Ӯ шаҳрванд Сафарбеков Алӣ Сафарбекович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак 2 мебошад.
Ҳангоми бозпурсӣ соҳибкори “гаренний” Алии баддаҳон иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 6-уми апрели соли ҷорӣ дар кӯчаи Н. Махсуми пойтахт бо ғаразҳои пешакӣ ба назди автомашинаи ҳамсояаш Сулаймонов Самандар рафта, ӯро дар назди ҳамсар ва 3 фарзанди ноболиғаш бе ягон асос дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, қасдан тартиботи чамъиятиро вайрон кардааст. Ба гуфтаи РВКД дар ш. Душанбе Сафарбеков Алӣ ба ин ҳама кирдорҳои авбошонаи худ қаноат накарда, бо мақсади қасдан несту нобуд кардани амволи ғайр тавассути мушт қисмати пеши оинаи автомашинаи Самандарро шикастааст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Сафарбеков Алӣ Сафарбекович барои содир кардани кирдорҳои авбошона бо моддаи 237 ва барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Айни ҳол, нисбати номбурда дар асоси Қарори Суди ноҳияи Сино барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз татбиқ гардида, тафтиши парвандаи ӯ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД