Ману Фаришта як мактабро хатм карда, ҳарду ба як донишгоҳ дохил шудем ва дар як гурӯҳ мехондем. Дугонаам духтари қоматбаланди зебое буд ва дониши хуб ҳам дошт. Қариб нисфи ҷавонони донишгоҳ ошиқи рӯйи мисли барф сафеду абрӯвони пайвасти қаламии Фаришта буданд ва аз пасаш соя барин мегаштанд.
Ман, ки духтараки назарногире будам, пинҳонӣ ба дугонаам ҳасад мебурдам, вале ҳеҷ гоҳ ин эҳсосотамро ошкор намекардам. Фаришта аз байни харидорони зиёд танҳо ишқи як нафарро қабул кард. Ҷавони интихобкардааш аз як оилаи бою бадавлати шаҳрӣ буд ва тез-тез Фариштаро ба тарабхона даъват менамуд. Рӯзе хушдораш боз бо мошин барои бурдани дугонаам омад ва оташи рашк дар дили ман аланга зада, хостам монеи рафтанаш гардам. Ба Фаришта гуфтам, ки дигар ҳамроҳи ин ҷавон ба тарабхонаю боғу бӯстон наравад, Худо накарда ягон ҳамдеҳаамон ӯро бубинад, ин гап овоза шуда, обрӯйи ҳардуямон мерезад, вале ӯ ба ман аҳамият надода, ба мошин нишасту рафт. Рафтори нописандонаи дугонаам як алами маро сад алам кард ва дар ҳоле, ки дастонам аз шиддати рашку алам меларзиданд, ба модараш занг зада ҳамаашро як ба як гуфтам. Модари Фаришта ба ғазаб омада, дашному дуокунон таъкид намуд, ки худи ҳозир бародаронаш ба сараш рафта, ӯро гирифт меоранд ва дигар ҳеҷ гоҳ Фаришта рӯйи шаҳрро намебинад. Телефонро хомӯш карда худро ба рӯйи кати хобам партофтам. Тақрибан ним соат пас Фаришта бо қошу қавоқи овезон аз дар даромад ва бо ман ягон даҳон гап назада, ба ҷамъ кардани чизу чорааш сар кард.
ЗАМИРА БА ХОТИРИ БАХТ АЗ БАҲРИ ФАРЗАНДАШ ГУЗАШТ, ВАЛЕ…
Аз чашмони варамидааш маълум буд, ки модараш ба ӯ занг зада, хуб гӯштоб кардааст. Ҳамон бегоҳ бародаронаш ба сари Фаришта омаданд ва ҳуҷҷатҳояшро гирифта, дугонаамро ба деҳа бурданд. Фариштаи нозанин бо айби ман ҳам аз донишгоҳ маҳрум гашт ва ҳам аз ошиқаш, ки ҷавони бомаърифат ва ояндадор буд, ҷудо шуд. Риштаи дӯстии моро ин ҳодиса батамом канда кард. Ман аз забони дигарон шунидам, ки дугонаамро маҷбуран ба писари холааш, ки як бачаи бесавод ва беҳунару бе кору авбош аст, ба шавҳар додаанд. Мегӯянд, ки Фаришта дар хонаи шавҳараш ҳоли зоре дорад. Писархолаи бангиаш мудом ӯро таъна мекардааст, ки ту дар шаҳр бачабозӣ карда мегаштӣ, барои ҳамин падару модарат аз тарси шармандагӣ туро маҷбуран ба ман доданд, то ки обрӯяшон нарезад. Ман ин гапҳоро шунида дарун ба дарун хун мехӯрам, чунки сабаби ин ҳама бадбахтиҳои Фаришта ман ҳастам. Мани аблаҳ, агар ҳамон вақт биниамро ба зиндагии ӯ халонда ба модараш занг намезадам, шояд дугонаам ба ҳамон ҷавони дӯстдоштааш ба шавҳар мебаромад ва соҳиби маълумоти олӣ шуда, имрӯз шоҳона зиндагӣ мекард.
Фариштаҷон, медонам, ки ту мақолаҳоро дар сомонаи Oila.tj ҳастӣ ва ҳар шумораашро мехонӣ, агар чашмат ба навиштаҳои мани нодон афтад, илтимос, маро бубахш! Бубахш, ки ҳаёти туро сӯхтам, дугонаҷон!”
Хонандаи сомона аз н. Вахш.