Formula novemver 2024
Савдогари афғон ҳаётамро сӯхт
3772


Гулмира ном дорам. Се сол пеш ба гапи духтархолаам Амина даромада бо як афғони савдогар издивоҷ намудам. Сабаби ба афғон ризоят доданам дар он буд, ки як поям каме мелангад.

Мардҳои тоҷик мани лангро ба занӣ гирифтан нахостанд. Синну солам ба ҷое расида буд, аз ҳамин хотир падару модарам «ҳарчи бодо бод» гӯён, маро ба афғон ба занӣ доданд. Тӯйи мо мисли дигар ҷашнҳои арӯсӣ бо карнаю сурнай ва рақсу бозӣ нагузашт, як маъракачаи хоксорона ороста зану шавҳар шудем. Ясирмат маро ба шаҳр оварда хонаеро иљора гирифт. Шаш моҳ зиндагӣ карда будем, ки аз ватанаш ба ӯ занг зада хабари бемории падарашро расонданд. Шавҳарам маро дилпур намуд, ки ба Афғонистон рафта падарашро хабар мегираду ба зудӣ бармегардад, вале бо ҳамин бедарак шуд. Чанд маротиба занг задам, телефонаш ҷавоб надод. Саломатиам бад шуда худро бемадор эҳсос мекардам. Ҳамроҳи модарам ба духтурхона рафтем. Муоина нишон дод, ки ман ҳомиладорам. Аз байн се соҳ гузашт, вале аз Ясирмат дарак набуд. Ба назди духтархолаам рафтам, то аз ӯ кӯмак пурсам, вале баробари аз дари хонааш даромадан вай ба ман дарафтода гуфт: «Гулмира, магар ман ба ту шӯ ёфта гунаҳкор шудам?» Ҳарчанд фаҳмондам, ки ман ба хонаи ӯ ҷангкунӣ наомадаам, танҳо мехоҳам ба шавҳараш, ки афғон аст, занг зада дар куҷо будани Ясирматро пурсад, духтархолаам маро ҳатто шунидан нахоста гуфт: «Шӯйи ман бе кор нест, ки аз паси шӯйи гурезаи ту давида гардад. Айби худат, мардака саришта карда натавонистӣ, акнун худат медонию зиндагиат, сари маро беҳуда гаранг карда ба дарам набиё!»


Дигар мардон бо рафтани синну солашон ба худо наздик шаванд, падари ман пир шуда, ба қавли мардум “девона” шуд.


Аз рафтанам сахт пушаймон шуда, ба иҷораам баргаштам. Қасд кардагӣ барин ҳамон рӯз соҳибхона барои пули иҷора омад. Як пули пучак ҳам надоштам, ки ба ӯ диҳам. Зорӣ кардам, ки то бар гаштани шавҳарам тоқат кунад, вале «хонаро холӣ кун, набошад туро ба суд медиҳам» гӯён, аз аспи ҷаҳл нафаромад. Ба модарам занг задам. Бечора кампир барои дар назди ҳаққу ҳамсояҳо шарманда нашудан аз касе пул қарз карда, оварда ба соҳибхона дод. Ҳамин тавр боз чанд муддат дар иҷорахона танҳо зиндагӣ карда роҳи шавҳарамро поидам, вале наомад. Падарам «духтарам, дигар дар ин ҷо истодани ту маънӣ надорад» гуфта, маро ба деҳа бурд. Аз байн як сол гузашту то ҳол аз Ясирмат дарак нест. Духтарчаам падардори бе падар ва муҳтоҷи дигарон аст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дар деҳа овоза шудааст, ки гӯё афғонбача маро ба домаш афканда истифода бурдаасту баъд фирор намудааст. Гапу калочаи мардум ҷонамро ба лабам оварда истодааст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи тавр шавҳари афғонамро ёбам?
Гулмираи бадбахт

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД