Яккадухтар
Салом хонандагони «Оила»-и азиз!
Мехоҳам дарду ҳасрати диламро ба шумо бигӯям, то ки саргузашти талхи ман ба тамоми занҳои тоҷик дарси ибрат гардад ва қабл аз он ки кореро мекунанд, сад бор оқибаташро андеша намоянд, чунки як хато метавонад ҳаёти инсонро куллан тағйир дода, ӯро як умр ба гирдоби ғаму дард гирифтор созад.
Замира ном дорам. Байни шаш бародар духтари ягона ва эркаю азизи волидонам будам. Дар оилае, ки ман зода шудаам, эҳтироми калонсолон дар ҷойи аввал меистод. Падару модарам дар гўши мо аз хурдї як пандро њалќа карда буданд, ки хурдовард њаќќи гардондани гапи одамони калонро надорад! Одами калон ҳарчи ки нагӯяд, хоҳ ҳақ бошад, хоҳ ноҳақ, хурд онро бояд қабул карда, бале гӯяд…
Хандаи бахт
Азбаски духтари зебою ҳунарманди сархам будам, талабгорони зиёде доштам. Рӯзе набуд, ки касе бо нияти хостгорӣ дарамонро накӯбад. Аз байни садҳо талабгор волидонам Мансурро интихоб карданд, чунки падараш марди сарватманду номдор ва ҷӯраи ҷонии падарам буд. Тӯйи мо чунон бодабдаба гузашт, ки чунинашро мардуми деҳа дар ёд надоштанд. Дар ҳама тӯйҳо як ҳофиз биёранд, дар базми висоли мо қариб 10 сарояндаи номдор иштирок доштанд ва базмро ончунон тасфонданд, ки гӯши фалак ҷунбид. Ростӣ, мани наварӯс хурсанд будам, ки ба писари яккаву ягонаи як оилаи миллионер ба шавҳар баромада, соҳиби бахту тахт мегардам ва умре шоҳона зиндагӣ мекунам, вале…
Лайлию Маҷнуни сонӣ
Домодро надида гирифта бошам ҳам, аз як нигоҳ дар таги чодар ошиқи зораш гаштам, чунки Мансур дар ҳақиқат ҷавони диданӣ буд. Шавњарам бачаи қоматбаланду зебо буд. Вай дар як идораи калон роҳбар ва соҳиби мошину пулу моли зиёде бошад ҳам, мисли дигар бойбачаҳо каттагӣ намекард. Намедонам пеш аз ман бо ягон духтар муносибатҳои ошиқона дошт ё не, вале бо ман чунон бо меҳру ошиқона рафтор мекард, ки одами дидагӣ ӯро Маҷнуни сонӣ мепиндошт. Мансур се апаю се хоҳар дошт. Одатан хоҳаршӯйҳо бо янга соз намегиранд, вале ману хоҳарони шавҳарам мисли дугона будем. Онњо ягон гапашонро аз ман пинњон намекарданд.
Санҷиши қисмат
Бо гузашти солњо њама хоҳаршўйҳоям шавҳар карда, ба оилаҳои хубу бамаънӣ келин шуда рафтанд. Ман соҳиби чор гулписари нозанин шуда, умеду ормони хусуру хушдоманамро аз наберабонӣ шикастам. Ягона чизе, ки дили пиру кампиро сиёҳ мекард, фарзанд наёфтани духтари кенҷагиашон Муслима буд. Хоҳаршӯям духтари гул барин зебою солим бошад ҳам, дар бадали 10 соли зиндагии оилавиаш соҳиби фарзанд нашуд. Ҷое намонд, ки шавҳар ва хушдоману модараш ӯро набурда бошанд, аммо на дорую дармони табибон таъсир мекарду на даму дуои муллою фолбинҳо Муслимаро ба мурод мерасонд. Хоҳаршӯйи бечораам дар ҳасрати фарзанд сӯхтаю пухта, шабҳоро бо гиря саҳар мекард. Хушдоманам аз ғами бефарзандии духтари дӯстдоштааш дарун ба дарун сӯхта хокистар мешуд…
Баъди даҳ сол хусуру хушдомани Муслима умедашонро аз фарзанддор шудани ӯ канда ба хулосае омаданд, ки онҳо бояд ҷудо шаванд. Хусуру хушдомани ман низ ба амри онҳо розӣ шуданд, вале шавҳари хоҳаршӯям «ман зани мепартофтагӣ надорам” гўён, хонаи ҷудо харида, рўзгорашро ҷудо кард. Мо ба Муслима маслиҳат додем, ки аз хонаи бачаҳо тифлакеро ба фарзандӣ хонад. Хоҳаршӯям ҳамроҳи акааш ба ятимхонае рафта маслиҳат кард, аммо..
Таклифи аҷиб
Рӯзе ман худамро бад ҳис карда ба духтур рафтам. Табиб баъди ташхис гуфт, ки ҳомиладор шудаам. Ҳайрон шудам, зеро доруи зидди ҳамл истеъмол мекардам. Духтурзан, ки шиноси наздик буд, гуфт:
-Хоҳӣ, ки тифлакат солим ба дунё биёяд дигар доруро истеъмол накун, агар нахоҳӣ ҳоло, ки кӯдак майда аст, зудтар рафта исқоти ҳамл кун, то ки дер нашавад.
Ман, ки дастонамро ба хуни кӯдаки бегуноҳ олуда карданӣ набудам, ба духтур гуфтам:
-Ҳарчи бодо бод, таваллуд мекунам, шояд духтарак бошад…
Писарчаи хурдиям аллакай ба синфи як мерафту хабари ҳомиладор шуданам хушдоману шавҳарамро шод кард, вале вақте гуфтам, ки духтар мехоҳам, хушдоманам андешамандона гуфт:
-Келинҷон, дар хоки поят садқа, ман туро аз духтаронам кам намедонам, агар хотири мўйи сафеди ману хусурат ва қадри муҳаббати шавҳаратро донӣ, ҳамин кӯдакатро ба дунё оварда ба Муслима медиҳӣ…
Ин таклифи хушдоманам чун тире ба ҷигарам халид, вале аз рӯйи тарбияи доштааму одати дар хунам нишаста натавонистам хоҳишашро рад кунам…
Хурсандии хоҳаршў
Хушдоманам занг зада ин хушхабарро ба хоњаршўям расонид. Муслима худи ҳамон соат расида омад. Вай бо гиряву зорї дастонамро бӯсида, такрор ба такрор мегуфт:
-Мемурам дар янгаҷони қадрдонам! Худованд давлати бачаҳакота бубинӣ, ту фариштаӣ, янгаҷон… Акнун Муслима ҳар рӯз субҳи барвақт ба хонаи мо омада, тамоми кору бори хонаро мекард ва барои ман хўрокҳои лазиз пухта, намемонд, ки дастамро ба оби хунук занам. Наметавонистам ба ӯ бигӯям, ки наметавонам фарзандамро ба ту дињам, зеро ин зани ташнаи фарзанд аз хурсандии шавњарашу хусуру хушдоманаш мегуфту мегуфт…
Исёни шавҳар
Моҳи зоданам фаро расид, ман акнун ба тифлакам ошно будам, медонистам писар таваллуд мекунам ва як шаб ба шавҳарам гуфтам, ки наметавонам тифлакамро ба Муслима диҳам…
МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО КОРД ЗАДАНД, ЛАГАДКӮБ КАРДАНД, КУШТАНД!
Шавҳари хушгапу солҳо ошиқи шайдоям бо чашмони аз косахонаи сараш баромада ба сарам чунон фарёд зад, ки дар ҷоям шах шудам:
-Ту хоҳари маро куштаниӣ, агар розӣнабудӣ, ин спектакл барои чӣбуд?! Ту як дарундори дурӯя будаӣ, акнун ниқобат афтид?!
-Мардакҷон, ман на дурӯяаму на ниқобдор, вале фарзанд мол нест, ки ӯро ба каси дигар ҳадя кунӣ, -гуфтам бо гиря.
Мансур бо ғазаб ба чашмони ман нигариста гуфт:
-Аз ман умед дошта бошӣ, аз қавлат нагард…
Ман хуб фаҳмидам, ки зери ин маҳфум чӣмақсад ниҳон аст, агар фарзандамро ба хоҳараш надиҳам, вай аз баҳри ман ва панҷ фарзандаш мегузарад…
Сӯзиши лахти ҷигар
Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугӯ маро дарди зодан гирифту хоҳаршӯям бо шавҳараш маро ба таваллудхона бурданд. Писараки нозанинам ба дунё омад-паҳлавонписар, чор килою панҷсад грамм вазн дошт.
Вақте тифлакро ба рӯйи шикамам монданду пач-пач кунон тавонам-натавонам ба макидани пистонҳои пури ширам сар кард, чашмонам пур аз ашк шуданд, чунки хуб медонистам, ки ҷудоии мо ногузир аст…
Ман танҳо ду рӯз дар таваллудхона бо тифлакам будам, баъд тифли ширхори маро аз банди пистонам канда гирифтанд. Муслимаи бераҳм «ба ҳамдигар омӯхта мешавед» гӯён, писари маро бо худ бурд.
Акнун ман ҳаққи тифлаки бегуноҳамро дар бехи дарахтони сабз медушидаму пинҳонӣ аз шавҳар ва хушдоманам зор-зор гиря мекардам…
Бозии қисмат
Аз байн як моҳ гузашту Муслима ҳамаро ба маросими гавҳорабандон даъват кард, вале шабе, ки фардояш бояд гавҳорабандон баргузор мегашт, писаракам аз дунё гузашт. Шаб ӯро чӣдарде мегирад, ки то рӯз гиря мекунад. Талоши духтурон баҳри наҷоти ҷони кӯдак бенатиҷа анҷом ёфт ва писарчаам модари бераҳму аммаи бешафқаташро танҳо гузошта рафт…
Шояд Худованд маро барои ношукрияму Муслимаро барои бераҳмияш ҷазо дод?
Пас аз марги писарам ба сари ман фоҷиаҳои зиёде омаданд. Писарчаи калониамро мошин заду дар ҷойи ҳодиса ҷон супурд. Аз байн як моҳ нагузашта, ду кӯдаки дигарам гул бароварданд ва дар байни се рӯз пайи ҳам аз олам гузаштанд, писарчаи хурдиам бошад, бе ягон дард дар хобаш мурд.
Беҳуда намегуфтаанд: хонаи кӯдакдор бозору хонаи бе бача мазор. Акнун хонаи як вақтҳо пур аз кӯдак ва ҳамеша серғавғои мо мисли гӯристон холӣ ва дилгир гаштааст. Акнун мани ғамзада дар ин хонаи пурҷиҳоз, ки ба мазори хотираҳо табдил ёфтааст, дар рӯйи бистари беморӣ хобида ҳар рӯз аз худо марг металабам, вале аҷал ҳам ба суроғам намеояд. Хушдоманам ба ҷойи маро тасаллӣ додан сари болинам нишаста ҳамеша мазамматам мекунад, ки бо гиряву зории бисёри худ сари тифлакони бегуноҳамро хӯрдам, шавҳарам бошад, ким-чихел бегона шуда, ҳамеша хомӯшу андешаманд мегардад…
Дар ҷогаҳи марг
Пайвандонам чӣ дард доштанамро аз ман пинҳон медоранд, вале худам медонам, ки гирифтори омоси бадсифати майнаи сар гаштаам. Як бор аллакай табобати кимиёвӣгирифтам. Мӯйи сару абрӯву мижгонам рехта, кали баднамуд шуда мондаам. Ҳар шаб бо садои гиряи тифлаки туҳфакардаам бедор мешавам, ёд дорам вақте Муслима ӯро аз банди пистонам канда бурд, тифлак чунон талх гиря мекард, ки гумон мекардӣмораш газидааст. Аз афташ аз ғами фарзанд девона мешавам, девона.….
Замираи бадбахт